Главная / Гуногун / ФАХРИИ ҶУРҶОНӢ

ФАХРИИ ҶУРҶОНӢ

Аз амосил 118 ва афозили рўзгор аст. Мизони камоли фазл ва диққати шеъри вай китоби «Вис ва Ромин» аст ва он дар ин рўзгор маҳҷуру ноёб. Ва ин чанд байт аз мавозеи мутааддиди 119 он китоб аст:

М а с н а в ӣ

Хуш аст ин нукта аз гетишиносон,

Ки бошад ҷанг бар наззора осон.

Маро он ташти заррин нест дарх(в)ар,

Ки душман хуни ман бинад бад- ў дар.

Набошад морро бачча ба ҷуз мор,

Наёрад шохи бад ҷуз тухми бад бор.

Набошад хуш сафар дар тандурустӣ,

Нигар то чун бувад дар ранҷу сустӣ?!

Гулу наргис накў бошад ба дидан,

Валекин талх бошад дар чашидан.

Гуноҳи буда бар мардум нуҳуфтан

Басе некўтар аз нобуда гуфтан.

Мисоли120 подшоҳ чун оташ омад,

Ба табъ оташ ҳамеша саркаш омад.

Агар бо зўри пилу табъи шерӣ,

Макун бо оташи сўзон далерӣ!

 

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …