Главная / Маданият ва санъат / Ёрӣ додан бар зулмкардашуда

Ёрӣ додан бар зулмкардашуда

Ёрӣ додан бар зулмкардашуда

Ривоят мекунад ҳазрати Умар (р): Аз Расул (с) пурсидам, ки ё Расулаллоҳ, дӯсттарини мардумон назди Аллоҳ таьоло кист?

Пайғамбар (с) фармуданд, ки дӯсттарини мардумон назди Аллоҳ таъоло шахсе аст, ки ба мусулмонон манфиат расонад.

Боз пурсидам, ки ё Расулаллоҳ, беҳтарин кори бандагон кадом аст?

Фармуданд, ки бар дили бандагон хушвақтӣ расонидан, гурусна бошад, сер гардонидан, бараҳна бошад, пӯшок пӯшонидан. Ба ғаме гирифтор бошад, аз ғам халос гардонидан, қарзе дошта бошад, ба қарзи он ёрӣ расонидан. Ба ҷое ҳоҷате дошта бошад, ҳамроҳи он равад. Агар бо ин тариқа дар ҳаққи бародари муъмин некӣ кунад, савоби якмоҳа дар масҷид нишаста ибодат карданро дар номаи аъмоли ӯ нависанд.

Ҳар кӣ бар мазлуме ёрӣ расонад, Аллоҳ таъоло қалами ӯро бар пули сирот мустаҳкам гардонад.

Расули акрам (с) фармуданд: ҳар ки бар мазлуми ғамнок ёрӣ расонад Аллоҳ таъоло ба девони аъмоли он банда ҳафтоду се савоб бинависад. Як савоби он аз барои ислоҳи дунё ва ҳафтоду ду савоб аз барои уқбо, яъне аз барои қиёмат захира бошад.

Пайғамбар (с) фармуданд: ҳар ки мазлумеро аз золим халос кунад ва хоҷати мазлумеро барорад, Аллоҳ таъоло он бандаро мағфират кунад ва ҳаҷи қабулкардашуда дар номаи аъмоли ӯ нависад.

Расули акрам (с) фармуданд: ҳар мусулмоне, ки бародари муъминро аз ғам халос карда дили ӯро хурсанд гардонад, Аллоҳ таъоло ғамҳои қиёматро рӯзи маҳшар аз дили он банда дур ва ӯро дохили биҳишт гардонад.

Ҳар мазлуме, ки аз бародари мусулмон ёрӣ талабаду он шахс ба фарёди ӯ нарасад ва ба у ёрӣ накунад, дар қабр сад тозиёнаи оташинро чашмдор бошад.

Ҳикоят. Ривоят мекунад Билол разияллоҳу анҳу, ки рӯзе як насронӣ назди Расули акрам (с) даромада гуфт: – Ё Муҳаммад, агар ту Расули барҳақ бошӣ, шахсе ба ман зулм кардааст, ёрӣ расонида ҳаққи маро аз он золим гирифта диҳед.

Расули акрам (с) гуфтанд:  Бар ту кадом шахс зулм кардааст?

Гуфт: – Абуҷаҳд бинни Ҳашом, (ӯ подшохи бадбахттарини кофирон буд). Ӯ моли маро гирифтааст.

Расули акрам (с) хостанд, ки назди Абуҷаҳд раванд, чанд нафар аз саҳоба, ки ҳозир буданд, ба ӯ гуфтанд: – Ё Расулаллоҳ, ҳозир Абуҷаҳд дар хоб аст, мабодо бедор шуда дар ғазаб шаваду ба Шумо зараре расонад?

Расул (с) ба суханони онҳо гӯш накарда, ба хонаи Абуҷаҳд рафта дари ӯро кӯфтанд.

Абуҷаҳд дар ғазаб шуда, аз хона баромада дид, ки Ҳазрати Расули акрам (с) бар дар истода аст.

Гуфт: Ё Муҳаммад, хуш омадӣ ба хона даро!

Расул (с) гуфтанд, ки, эй Абуҷаҳд, моли ин насрониро гирифтӣ, зуд моли ӯро ба дасташ супор.

Абуҷаҳд гуфт: – Моли ӯро ба дасташ медиҳам.

Ҳазрати Расули акрам (с) гуфтанд: – Суханро дароз макун, моли ӯро бидеҳ.

Абуҷаҳд ба ғуломи худ гуфт, ки ҳамаи моли насрониро бароварда бидеҳ.

Ғулом молҳои насрониро оварда дод.

Расули акрам (с) ба насронӣ гуфтанд, ки ҳамаи моли худро гирифтӣ?

Насронӣ гуфт: – Ҳамаи моли худро гирифтам, магар як занҷири ман боқӣ мондааст.

Расули акрам (с) гуфтанд: – Эй Абуҷаҳд, занҷири ӯро ёфта бидеҳ.

Абуҷаҳл ҳарчанд, ки тараддуд кард, занҷир мавҷуд нашуд. Ба ҷояш беҳтар аз он дод.

Зани Абуҷаҳл гуфт: – Эй Абуҷаҳл, ба ятими Абутолиб ин микдор тавозеъ мекунӣ.

Абуҷаҳл гуфт: – Он чӣ ман мебинам, агар ту медидӣ, ин суханро ба ман намегуфтӣ.

Занаш гуфт: – чӣ дидӣ?

Абуҷаҳл гуфт – Боз маро дар байни мардум шарманда накунӣ.1 Дидам, ки Муҳаммад (с) ба ду дасти худ гардани ду шери ғурронро гирифта истода буд ва он шерҳо ба ман ханда мекарданд, аз ин чиҳат тарсида моли насрониро дода тавозуь мекардам.

Он насронӣ аз Расули акрам (с) ин мӯъҷизаҳоро дида, дарҳол мусулмон шуда, дар роҳи ислом дохил гардид.  Ин ҳама аз ёрӣ додани мазлум буд.

Илоҳо, ба ҳурмати Ҳазрати Расули акрам (с) ҷамиъи мазлумонро аз дасти золимон раҳоӣ бахшида, золимонро тавфиқ арзонӣ фармоӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …