Главная / Маданият ва санъат / Таъсири эҷоҷодиёти Бедил ба адабиёти тоҷик

Таъсири эҷоҷодиёти Бедил ба адабиёти тоҷик

Ғуломалихони Озод дар «Хизонаи Омира» минависад, ки: «…аҳли Бағдод забони арабӣ ва форсӣ – ҳар дуро медонанд, сӯфиёни он ҷо дар маҷолиси завқ ва самоь аз забони арабӣ бештар ашьори Ибн-ул-Форизи Мисрӣ ва аз забони форсӣ аксар маснавии Носиралӣ мехонданд. Ин гувоҳи он аст, ки Носиралӣ дар қисмати ғарбии Эрон ва Бедил ғолибан дар қисмати шарқӣ машҳур шудаанд».

«Таьсири Бедил, – менависад С.Айнӣ – дар назму наср аз ҳама ҷо зиёдтар дар Осиёи Миёна ривоҷ гирифта ва то Инқилоби октябр давом кард». Вале касе аз пайравон комилан комёб нашудааст. Гӯё худи Бедил инро ҳанӯз дар замонаш ҳис карда бошад, ки мегӯяд:

Муддай, даргузар аз даъвии тарзи Бедил, Сеҳр мушкил, ки ба кайфияти эъҷоз расад.

Пайравони Бедил асосан ӯро дар шакл пайравӣ кардаанд. Ба мазмуну мундариҷаи ашъори Бедил касе ворид шуда натавонистааст». Печидагии маъно ва дастнорасии умқи андешаву фикр ба он оварда расонд, ки қисми зиёди пайравон сарддил шуда даст мекашидаанд. Бо вуҷуди он чанд тан аз шоирони тоҷики Осиёи Миёна: Сарир, Сират, Исои Бухороӣ, Туғрал, Асирии Хуҷандӣ, Ҷавҳарӣ Бедилро хеле хуб пайравӣ кардаанд. Охирин шоири тоҷик, ки ба Бедил нисбатан ӯҳдабароёна тақлид кардааст, Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ мебошад, ки 16-уми феврали соли 1945 аз олам гузаштааст.

Дар мадрасаҳо пас аз китобҳои таълимии исломӣ, аз шоирон аввал Ҳофиз ва сонӣ Бедил омӯхта мешуд.

Ҳатто дар бисёр марказҳои илмӣ-адабӣ: Бухоро Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан мактабҳои умумии бедилхонӣ вуҷуд дошт.

Савол ва супоришҳо:

  1. Оид ба таваллуд ва овони ҷавонии Бедили Деҳлавӣ маълумот диҳед.
  2. Бедил дар синни чандсолагӣ ба шеъргӯӣ оғоз кардааст?
  3. Кадом хешовандони Бедил дар камолоти маънавии ӯ саҳм гузоштаанд?
  4. Бедил ба кадом шаҳрҳои Ҳиндустон сафар кардааст:
  5. Сабаби бо Мирзо сар шудани номи шоир ва хешовандони ӯро шарҳ диҳед.
  6. Поёни умри Бедил дар кадом шаҳр гузаштааст?
  7. Таркиби «Куллиёт»-и Бедил кадом асарҳоро дар бар гирифтааст.
  8. Кадом асарҳои насрии Бедилро медонед?
  9. Мазмуну мӯҳтавои маснавиҳои «Тӯри маърифат» ва «Тилисми ҳайрат»- ро баён кунед.
  10. Маснавии «Муҳити аъзам» дар кадом мавзӯъ эҷод шудааст?
  11. Калонтарин маснавии шоир чӣ ном дорад ва мазмуну мӯҳтавои онро баён кунед.
  12. Мазмуни мухтасари маснавии «Комде ва Мадан»-ро нақл кунед.
  13. Кадом қаҳрамонҳои марказӣ ва лаҳзавии маснавии мазкурро медонед?
  14. Гузориши адлу одилӣ дар маснавии «Комде ва Мадан».
  15. Кадом асарҳои насрии Бедилро медонед?
  16. Таркиби «Девон»-и Бедили Деҳлавиро баён кунед.
  17. Тазали «Айш донад дили саргашта парешониро» азёд гӯед.
  1. Мазмуни ғазали «Рамиданҳо зи авзои ҷаҳон тарзи дигар дорад»-ро нақл кунед.
  2. Ғазали «Чашми ту ба ҳоли ман гар ним назар хандад» ба кадом мавзӯъ бахшида шудааст?
  3. Маҳорати эҷодии шоирро дар ғазали «Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар» шарҳ диҳед.
  4. Дар хусуси ҷаҳонбинӣ ва ақоиди иҷтимоии Бедил чӣ медонед?
  5. Назари Бедил оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва мазаммати ахлоқи разила.
  6. Услуб ва хусусиятҳои бадеии ашъори Бедилро баён намоед.

Пайравони Бедил дар Мовароуннаҳр киҳо буданд?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …