Главная / Илм / Дуруди шариф

Дуруди шариф

БАЁНИ БАЪЗЕ A3 ДУРУДРО ВА ХОСИЯТҲОИ ОНҲО

Чунон ки бар мо маълум шуд Пайғамбари Ислом (с) дар ҳолати ҳаёти худ он дурудҳоро ба асҳоби худ фармудаанд, ки мо онҳоро дар шакли чиҳил ҳадис дар боло овардем. Вале боз бузургони олами Ислом садҳо сиғаҳои дурудро дар наъти Пайғамбари Ислом (с) эҷод намудаанд ва ё бо илҳоми ғайбиву руъёӣ барои мо мерос гузоштаанд. Мо дар ин ҷо намунаҳоро аз ин гуна дурудҳо ва хосияти онҳоро пешкаши ташнакомони дурудҳои муҳаммадӣ (с) менамоем.

Дуруди шариф

Агар касе ин «Дуруди шариф»-ро дар қабристон се бор бихонад, ба баракати ин дуруд Аллоҳ таоло аз он мурдагон азоби ҳафтодсоларо вопас мегирад. Ва агар касе ин «Дуруди шариф»-ро чаҳор мартаба ба қабристон бихонад, то рӯзи қиёмат аз мурдагон азобро дур мекунад. Агар касе ин «Дуруди шариф»-ро бисту чаҳор маротиба бихонад ва савоби ин «Дуруди шариф»-ро бар падару модари худ бибахшад, тамоми ҳуқуқи эшонро ба ҷой оварда бошад ва низ Аллоҳ таоло ҳукм мекунад фариштагонро, ки то қиёмат зиёрати қабри волидайни ӯро кунанд.[1] «Дуруди шариф» ин аст:

 Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадим-мо домати-с-салот. Ва салли ало Муҳаммадим-мо домати-р-раҳмат. Ва салли ало Муҳаммадим-мо домати-л-баракот. Ва салли ало рӯҳи Муҳаммадин фӣ-л-арвоҳ. Ва салли ало сурати Муҳаммадин фӣ-с-сувар. Ва салли ало исми Муҳаммадин фӣ-л-асмо. Ва салли ало нафси Муҳаммадин фӣ-н-нуфус. Ва салли ало қалби Муҳаммадин фӣ-л-қулуб. Ва салли ало қабри Муҳаммадин фӣ-л-қубур. Ва салли ало равзати Муҳаммадин фӣ-р-риёз. Ва салли ало ҷасади Муҳаммадин фӣ-л-аҷсод. Ва салли ало турбати Муҳаммадин фӣ-т-туроб. Ва салли ало хайри халқиҳи сайидино Муҳаммадив-ва олиҳи ва асҳобиҳи ва азвоҷиҳи ва зуррийётиҳи  ва аҳли байтиҳи  ва аҳиббоиҳи  аҷмаин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин

[1] «Маҷмӯаи вазоиф». Саҳ. 305.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …