Главная / Гуногун / ДУРУД БА РАСУЛИ АКРАМ /с/

ДУРУД БА РАСУЛИ АКРАМ /с/

Алҳамду лиллоҳи Раббил ъоламин, вал ъоқибату лил-муттақин вассалоту вассалому ъало Расулиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Аммо баъд:

Эй дил, ту агарам дар ниҳодат оташи меҳри самимие дар фироқу ҳасрати рӯҳи пурфутӯҳу мутаҳҳараи мунаввараи рисолатпаноҳ-пешвойи шариати ғурро, афзалул анбиёи вал мурсалин-Ҳазрати Расули акрам Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва асҳобиҳи ва салламро дорӣ, пас дуруде бифирист субҳу шом ба рӯҳи поки он Ҳабиби Худо /с/, мисли яке аз умматони солеҳ ва фозилаш доктор Сайид Абдулҳайи Комилӣ, ки мегӯяд:

Ассалом, эй Ҳазрати ҳазратшуморон Мустафо,

Ассалом, эй номи покат дар забонҳо ибтидо.

Ассалом, эй зоҳиран марди фақиру хоксор,

Ассалом, эй ботинан лоиқи даргоҳи Худо.

Ассалом, эй зиннати аврангу зеби тоҷу тахт,

Ассалом, эй бандаи хушбахту яктои Худо.

Ассалом, эй Хотими пайғамбарони мурсалин,

Ассалом, эй пешвои авлиёву анбиё.

Ассалом, эй соябонат абр бо амри Ҳақ,

Ассалом, эй соябони умматон, эй Мустафо.

Ассалом, эй васфи рафтори накӯят беҳисоб,

Ассалом, эй дар каломат маъниҳо бемунтаҳо,

Ассалом, эй қуввати дил, бар Амиралмӯъминин,

Ассалом, эй дастгиру раҳбари Шери Худо.

Ассалом, эй пуштибони собиину тобиин,

Ассалом, эй муршиди он чор ёри босафо.

Ассалом, эй мубтадои муқтадоёни ҷаҳон,

Ассалом, эй Хотими ҷумла хабарҳои Худо.

Ассалом, эй мардумонро қиблаи кӯи умед,

Ассалом, эй ҷумлаи бечорагонро раҳнамо.

Ассалом, эй боиси ҳастии ин кавну макон,

Ассалом, эй ҷон фидоят ё Муҳаммад Мустафо.

Ассалом, эй тоҷдори бе кулаҳ андар ҷаҳон,

Ассалом, эй қофиласолори ҷамъи анбиё.

Ассалом, эй сарвару сардори авлоди башар,

Ассалом, эй боиси эҷод дар арзу само.

Ассалом, эй меҳрубони холиқи ҳар ду ҷаҳон,

Ассалом, эй дӯстдори боргоҳи кибриё.

Ассалом, эй баҳраёб, аз фазлу лутфи ламязал,

Ассалом, эй ҳамнишину ҳамдами қурбатсаро.

Ассалом, эй нури имони мусалмонон, салом,

Ассалом, эй дастгири умматон, рӯзи ҷазо.

Ассалом, эй вориси худ карда ту Нӯъмонро,

Ассалом, эй он, ки гуфтӣ ӯ «Чароғи уммат аст».

Ассалом, эй машъале аз шамъу фонуси фалак,

Ассалом, эй қудсиёнро нури чашму тӯтиё.

Ассалом, аз умматат Абдулҳайи Комил, салом,

Ассалому сад ҳазорон вассалом, эй Мустафо!…

«Ассалоту вассалому, ъалайка ё Расулуллоҳ,

Ассалоту вассалому, ъалайка ё Ҳабибуллоҳ

Ассалоту вассалому, ъалайка ё хайра халқуллоқ».

 

«Ва саллаллоҳу ъало хайриҳи халқиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи ва аҳли тоатика аҷмаъин. Омин, бираҳматика ё арҳамарро ҳимин».

 

Бо камоли эҳтирому

сипосу ихлоси бандагӣ:       Сайид Бурҳониддин

Душанбе – баҳори 1999  Муҳаммад Бузургмеҳри Ҳанафӣ

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …