Главная / Гуногун / ДУРАХШИ АХТАРИ ТОБОН

ДУРАХШИ АХТАРИ ТОБОН

Гузаштагони мо тоҷикон (яъне, ориёиҳо) бунёдгузори илму фарҳанг дар тамаддунҳои қадимаи олами инсоният маҳсуб меёбанд ва дар аҳди исломӣ ҳам тоҷикон ин рисолати хешро аз даст надодаанд ва муассиси аввалин ва қадимтарин ва беҳтарин мазҳаб дар дини Ислом – мазҳаби Имоми Аъзам (ҳанафия) низ фарзанди арҷманди тоҷику форс Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мебошад, ки дар асоси Қуръон ва Ҳадис зиёда аз 1300 сол инҷониб олами исломро дар роҳи одаму одамият ба ҳам муттаҳид месозад…

Эмомалӣ Раҳмон

Саҷда бар Маъбуди барҳақ,

Садқа бар «Қуръон»-и ӯ.

Садқаи ҳарфу ҳиҷову сураву оёти ӯ

Садқаи дини мубину ҳам Расули акрамаш,

Садқаи номи Муҳаммад, в-он Имоми Аъзамаш…

Шарафи тоҷикон ва кулли форсизабонону миллати арҷманди Афғонистон (ба вижа тоҷикзабонони он) ва ифтихори ҳамаи мусалмонон, пири ҳакимони уммати Расули Худо (с), мутафаккири барҷастаи олами Ислом, фақеҳ ва муҷтаҳиди роҳи ҳақ, илоҳиётшинос, ҳуқуқшинос, яке аз аввалин муҳаққиқ, ва бунёдгузори илми калом Ҳакими Кабиру Имоми шаҳир Ҳазрати Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р), яке аз ахтарони тобони олами Ислом ва посдорандаву давомдиҳандаи суннати Паёмбари гиромӣ Ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Ӯ яке аз нахустин мутакаллим ва асосгузори мазҳаби ҳанафия ва «Чароғи уммат»-и Расули Худост (с), ки ҳикмату афкори беназири динӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии ӯ 1310 сол ин ҷониб мусалмонони оламро ва кулли ниёзмандонро бо роҳи рост ҳидоят карда истодааст, бо роҳи «Имоми Аъзам», яъне, бо он роҳе, ки Ҳазрати Расулуллоҳ (с) ва асҳобашон бар он фирқа буданд, фирқаи аҳли биҳишт ва тӯдаи аҳли тавҳид… Эй азиз, ҳама сар ҳуш бошу, ҳама тан гӯш ва саропо чашму бихон ин ҳама сутур, то биёбӣ ва бидонӣ, ки чи туғиёнҳои хуш дорад, насими ғайби Раббонӣ:

«Овардаанд, ки чун меҳтари одам (аз оли «Ёсин» ва Тоҳо», С.Б.Б,) Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро ба «Меъроҷ» бурданд, шунид он чи шунавонидандаш ва дид он чи намудандаш… Муроҷиат кард, ки: «Илоҳо, Поко Парвардигоро, Аҳадо Самадо, дар умматони пешин, яъне, дар аҳди Довуд марде будааст Луқмони Ҳаким ном, ҳикмате баён мекард ва мардумон аз ӯ манфиат (фоида) гирифтандӣ. Акнун дар уммати ман, ки хоҳад буд?» Хитоби Ҳазрат» (с)-ҳабиби Худо даррасид, ки: -Ё Муҳаммад (с), дар уммати ту марде хоҳад буд, номи вай Нӯъмон ибни Собит аст, раҳматуллоҳи ва кунияти вай Абӯҳанифа ва мавлуди вай дар Кӯфа бошад.

Вай илм баён кунад ва зиёда тири ҳақ ба сӯи ботил занад ва ҳама аз илми вай баҳра гиранд ва ҳар як масъалае, ки аз илм баён кунад ба ҳазрати мо қадраш беш аз он шавад, ки биёбонҳоро пур аз ҳикмат кунад». Он гоҳ, Расули акрам (с) фармудаанд: «-Фаҳува сироҷу уммати». Ҳадиси шариф ба ин маънист, ки Ҳазрати Афзалуланбиёъ (с) фармудаанд, ки Абӯҳанифа (р) – «Чароғи уммати ман аст». Се бор ин лафз бар забони мубораки Расул (с) рафт, ба қавле агар Ҳадиси мазкур чаҳор бор аз забони мубораки Ҳазрати Паёмбар (с) садо медод, кулли илми динӣ ва дунёӣ насиби Абӯҳанифа (р) мебудӣ. Худованди азза ва ҷалла чаҳор донаку ним улум вайро мусаллам гардонид ба ҳамон тариқ, ки ёд кардем.

Чун Расул (с) аз «Меъроҷ» боз омадандӣ. Анас ибни Молик (р) -ро талаб карданду фармудаанд:

«Ё Анас, баъд аз вафоти ман марде хоҳад буд, ки номи ӯ Нӯъмон ибни Собит бошад ва кунияти вай Абӯҳанифа ва мавлуди вай аз Кӯфа. Вай илм баён кунад. Ва ту рӯзгори вайро дарёбӣ, саломи ман ба вай расонӣ ва амонати ман ба вай диҳӣ…».!

Як ривоят он аст, луқмае бигазиданд ва ба Анас (р) доданд ва дигар ривоят он аст, ки хурмое бигазиданд ва ба Анас (р) доданд ва дигар ривоят он аст, ки оби даҳони мубораки худро дар даҳони Анас (р) карданд ва он амонати Расули акрам (с) дар даҳони Анас (р) куррак баста, қарор гирифт, то ба рӯзгори Абӯҳанифа (р).

Анас (р) аз Расул (с) суол кард, ки ё Расулуллоҳ (с) ман он кӯдакро аз куҷо ёбам?

Расул (с) фармуданд ки: «-Ту дар дари хонаи Каъба нишаста бошӣ ва аҳодиси ман баён мекунӣ, ки кӯдаке аз ҳаво пеши ту фурӯд ояд ва номи вай бипурсӣ, саломи ман бар вай бирасонӣ ва амонати ман бар вай диҳӣ. 63,13-14.

Инак, эй азизе, ки дидагон дар болойи ин сутур дориву дар дил тӯғён, поёни сутур бихон, ки аз Ҳақ таъоло чӣ расид. Яъне, даррасид он рӯзгоре, ки Ҳақ, таъоло мужда дода буд, ба Ҳабибаш Ҳазрати Муҳаммад (с)…

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …