Главная / Маданият ва санъат / Дуои нек барои гузаштагон

Дуои нек барои гузаштагон

Ривоят: Овардаанд, ки: ҳар кӣ ин дуоро як бор бихонад, тамоми аҳли қабристон аз азоб наҷот ёбанд ва тамоми қабрҳо пурнур гарданд. Ва савоби гӯяндаро гуфтаанд, ки баробари ҳар ҳарфе чандон некӣ навишта шавад ва чандон бадии ӯ дур шавад чандин кушк барои ӯ дар биҳишт бино шавад. Ва агар касе да роҳи раванда бошад, фотиҳа нахонад ва аз ҷиҳати шитоб рафтан ҳамин дуоро хонад, басанда аст.[1] Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

duoi-islom

Лo илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лaҳy Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду юҳйӣ ва юмиту ва Ҳува Ҳайю-л-ло ямуту абадан зу-л-ҷалоли ва-л-икроми, биядиҳи-л-хайру ва Ҳува ало кулли шайъин қадир. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Ва агар дар роҳ дар ҳолати бағоят шитоб бошад, бигӯяд:[2]

Бисмиллоҳи ва бисмиллоҳи ва ало миллати Расулиллоҳ.

Чун касе бар қабри касе гузарад ва андаке хок аз он қабр бигирад ва бар он хок ин дуоро бихонад ва он хокро боз бар он қабр пошад, аҳли он қабристонро Ҳақ таоло биёмурзад ва ҳамаи қабрҳоро пурнур гардонад.[3] Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ё Ҳабиба-л-фуқароӣ, ё Аниса-л-ғурабоӣ, ё Муъина-з-зуафоӣ, ё Далила-л-мутаҳайирина, ё Ҳайю, ё Қайюму, ё Ҳаннону, ё Маннону, ё Бадиъу-с-самовоти ва-л-арзи, ё За-л-ҷалоли ва-л-икром. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

[1] Аз китоби «Иршоду-т-толибин». Саҳ 250.

[2] Аз китоби «Иршоду-т-толибин». Саҳ 250.

[3] Аз китоби «Иршоду-т-толибин». Саҳ 250.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …