Главная / Маданият ва санъат / Дуо чи гуна қабул мегардад?

Дуо чи гуна қабул мегардад?

Ҳазрати Сайд ибни Мусайяб (paҳ) мефармояд: Як дафъа дар масҷид истироҳат мекардам, ногаҳон хотифе садо кард:

– Эй Сайд, бо хондани ин калимоти зерин ҳар дуое, ки бинамоӣ пазируфта хоҳад шуд. Калимот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннака Малику-м-Муқтадиру мо ташоу мин амрин якуну фа асъиднӣ фӣ-д-дорайни ва кун лӣ ва ло такун алайя ва отинӣ фӣ-д-дунё ҳасаната-в-ва фӣ-л-охирати ҳасаната-в-ва қинӣ азоба-н-нор.

Фоида. Ҳазрати Сайд ибни Мусайиб (paҳ) мефармояд: Баъд аз хондани ин калимот ҳар дуоеро, ки намудаам, қабул гаштаанд.

Амали таҷрибашуда

Ин амал марбут ба Ҳазрати Муфтӣ илоҳибахш (paҳ) шогирди аршади. Шоҳ Абдулазиз (paҳ) ва шогирди хоси ҷадди амҷади Мавлоно Илёс (paҳ) мебошад, ки дар сурати хонданаш муҳаббат ва маърифати зоти илоҳӣ ҳосил мегардад ва бар асари он истеъдоди некӣ кардан ва аз гуноҳ дурӣ ҷустан ҳосил мегардад. Барои пайдо кардани муҳаббати қалбӣ нисбат ба зоти илоҳӣ лозим аст тоот, ибодот ва некиҳо ба касрат анҷом пазирад. Барои ҳусули ин мақсади бузург ва барои дур кардани балоҳо ва барои бароварда сохтани ҳоҷот Ҳазрати Мавлоно Муфтӣ Ифтихорулҳасан (paҳ) халифаи Мавлоно Шоҳ Абдулқодир (paҳ) ҳамин амалро муҷарраб қарор дода ва инсонҳои ниёзманду муҳтоҷро таъкид ба анҷоми ин амал менамуданд.

Таркиби амал:

Бо дидани моҳи нав дар аввалин шаб дар яке аз моҳҳои қамарӣ аз аввалин ҷумъаи он моҳ то ҳафт рӯз ба таври мураттаб дар вақти махсусе дар рӯз, ё дар шаб ва дар як ҷои муайян тасбеҳи номҳои мубораки илоҳиро, ки дар ҷадвали зерин мазкур ҳастанд, бихонад. Албатта, агар бинобар узре дар вақт ва ё макон тағйире омад, боке надорад.

Таваҷуҳ. Агар касе натавонист, ки ин дуои арабиро ба ёд дошта бошад, барои ин амал тарҷумаи форсии онро ҳам метавонад вирд намояд.

Ҷадвали ичрои ин амали муҷарраб

Рӯз Тасбеҳ Теъдод
Ҷумъа Ё Аллоҳу ё Ҳу Ҳазор маротиба
Шанбе Ё Раҳмону ё Раҳим Ҳазор маротиба
Якшанбе Ё Воҳиду ё Аҳад Ҳазор маротиба
Душанбе Ё Самаду ё Витр Ҳазор маротиба
Сешанбе Ё Ҳайю ё Қайюм Ҳазор маротиба
Чоршанбе Ё Ҳаннону ё Маннон Ҳазор маротиба
Панҷшанбе Ё За-л-ҷалоли ва-л-икром Ҳазор маротиба

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …