Главная / Маданият ва санъат / Дуои махсус ба ҷиҳати ҳусули қурби илоҳӣ

Дуои махсус ба ҷиҳати ҳусули қурби илоҳӣ

Субҳона-л-абадийи-л-абад.
Тарҷума: Пок аст Он зоте, ки барои ҳамеша буда ва ҳаст.
Субҳона-л-Воҳиди-л-Аҳад.
Тарҷума: Пок аст Он зоте, ки Танҳо ва Ягона аст.
Субҳона-л-Фарди-с-Самад.
Тарҷума: Пок аст Он зоте, ки Танҳо ва Бениёз аст.
Субҳона рофиъи-с-самои биғайри амад.
Тарҷума: Пок аст Он зоте, ки осмонро бидуни сутуп барафроштааст.
Субҳона Ман басата-л-арза ало моин ҷамад.
Тарҷума: Пок аст Он зоте, ки заминро бар рӯи оби ҷомид густаронид.
Субҳона Ман халақа-л-халқа фа аҳсоҳум ададо.
Тарҷума: Пок аст Он зоте, ки махлуқотро халқ, намуд ва онҳоро бо эътибори теъдод баршумурд.
Субҳона Ман қасама-р-ризқа фа лам янса аҳадо.
Тарҷума: Пок аст Он зоте, ки ризқро тақсим фармуд ва касеро фаромӯш накард.
Субҳона-л-Лазӣ лам яттаҳиз соҳибата-в-ва ло валадо.
Тарҷума: Пок аст Он зоте, ки на барои Худаш ҳамсаре гирифт ва на фарзанде.
Субҳона-л-Лазӣ лам ялид ва лам юлад ва лам яку-л-Лаҳу куфуван аҳад.

Тарҷума: Пок аст Он зоте, ки на касеро ба дунё овард ва на аз касе ба дунё омад ва на ҳаммисле дорад ва на ҳамсаре..
Барои ҳусули қурби Илоҳӣ дуои фавқро аҳамияти хосе бидиҳед. Ҳазрати Имоми Аъзам (paҳ) Худовандро сад маротиба дар хоб дид. Вақте дар садумин маротиба Аллоҳро дар хоб дид, аз Худованд пурсид:
– Парвардгоро, барои ҳусули қурби Ту бандагон чӣ чизеро бихонанд?
Чунончи Худованд дар хоб ба эшон ин дуоро талқин намуд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …