Главная / Гуногун / Дуо барои машғули ҷамъоварии тиллову нуқра

Дуо барои машғули ҷамъоварии тиллову нуқра

Ҳазрати Шаддод ибни Авс (раз) мефармояд: Ҳадисеро бароятон баён кунам, онро дар зеҳн дошта бошед. Расулуллоҳ, (с) мефармояд: “Ҳар гоҳ мардум машғули ҷамъоварии тиллову нуқра бишаванд, шумо ин калимотро бисёр бигӯед». Калимот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ асъалука-с-субота фӣ-л-амри ва-л-азимата ала-р-рушди ва асъалука шукра ниъиматика ва асъалука лисонан содиқан ва асъалука мин хайри мо таъламу ва аъузу бика мин шарри мо таъламу ва-стағфирука лимо таъламу иннака Анта Аллому-л-ғуюб.

tillo

Тарҷума: Эй Аллоҳ, аз Ту субот ва истиқомат дар кор ва такмили рушд ва ҳидояту сипосгузории неъматҳоят ва диле солимро ва забоне ростинро мехоҳам. Ва ҳар он чи дар назди Ту аз хайру хубӣ аст, онро аз Ту металабам ва аз ҳар чизе ки дар назди Ту харобу шар аст, ба Ту паноҳ мебарам. Ва аз ҳар он харобиҳое ки медонӣ, аз онҳо талаби мағфирату бахшиш мекунам, яқинан ҳамаи айбҳоро ба хубӣ мешиносӣ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …