Главная / Гуногун / ДУОИ “ХАЙР”-И ЗОТИ “ШАРИФ”

ДУОИ “ХАЙР”-И ЗОТИ “ШАРИФ”

– Худоё! Худои меҳрубон! Бар сарам раҳмат расон! Аз гадоӣ деҳ амон!

Зиндагии ў саропо ғаму дард!

Рўзу шаб, шабу рўз!

Аз бедорӣ ба хоб ва аз хоб ба бедорӣ!

Ҳам рўзу ҳам шаб дар пероҳани оҳ месўхту месўхт!

Рў ба само шеван мекашид!

Инак, боз як рўзаш ба шаб печид!

Зулмати шум бо худ тундбод овард. Тунбод уллос мекашид, бо ҳайбат даст ба харобӣ мезад. Ҳар чизи зўррасашро беҳаёёна ба ҳар сў ҳаво медод…

Ниҳоят тундбод фано ёфту раҳмати само даррасид: дона-дона борон омад. Барги навдаҳои дарахтони паси тиреза ба шитир-шитир даромаданд.

Пичир-пичир буду шилдир-шилдир…

Борон оҳиста-оҳиста авҷ гирифт. Акнун яккаш меборид.

Бо оҳанге…

ларзон,

гарон,

маҳзуну ғамафзо…

Ва бо ин оҳанг ба гўши холаи Нозукой овози ҳофизе омад:

Мезанад борон ба шиша

Тора-тора, ришта-ришта…

Борон то субҳи козиб борид. Мисли андешаҳои холаи Нозукой парешон борид. Парешон борида бошад ҳам, бо лашкари хеш, чангу ғубори шаҳри пурғавғоро шуста топ-тоза кард. Аммо аз андешаҳои парешон ба ғубори дили холаи Нозукой ғубор зам шуду кам не. Ва баъдтар ҳам ҳарчанд субҳи содиқ зебо фурўғ карду нури хуршед ба хонааш ворид гашт, кошонаи дилаш нуру сафо наёфт.

Комаш ҳамоно талх, талхи талх. Чун талхак. Мурғи дилаш болу парсўхта. Баногоҳ дили пурдарду пурдоғаш хала зад. Чунон хала зад, ки: “Аҳ!” – гўён, ночор ба замин нишаст.

Пас аз он воқеаи мудҳиш ин ҳол ба ў тез-тез рух медиҳад. Воқеан, пас аз ҳамон воқеа танҳо монд ў. Танҳои танҳо. Як сари қоқаш. Ҳама аз кулбаи ў пояшонро кашиданд. Ҳатто Усмон-а?! О, вай-ку ўро аз панҷаи марг раҳоӣ бахшид…

Аз беэҳтиётии худи Усмон хилъати кори ба чархи дастгоҳ дармонд. Чарх тоб хўрда хилъатро мепечонд ва ўро ба дами худ мекашид. Усмон сахт тарсид, якбора қувваю дармон аз даст дод. Танҳо:

“ – Ёрӣ диҳед!” – гўён, дод зад.

Касе ҷуръати ба ў наздик шуданро намекард. Ҳама тамошогар, бетараф. Танҳо як-ду нафар “оҳу воҳ” мекарданду халос. Усмон бошад, имдодталабона фиғон мекашид.

“ – Ёрӣ диҳед! – гўён, бо тамоми овоз дод мезад. – Ёрӣ!..”

Вале – ҳайҳот! – касе ба додаш намерасид.

Умеди ў аз ҳамкорон нафас ба нафас рў ба таназзул мениҳод!

Фиғон ба ҷиғғос ва ҷиғғос ба чиррос табдил меёфт!

Даҳшату таҳлуқаи азим вуҷуди ўро фаро гирифт. Ҷони ў талвоса мезад ва ба коми марги бемаҳалу вазнин мерафт.

То доми марг як ваҷаб монда-намонда, ки Нозукой пайдо гашт. Ва бе ягон дудилагӣ чобукона хилъати Усмонро дарида, ўро аз дами дастгоҳ, аз чанги аҷал кашида гирифт. Наҷот дод, ҷони дубора бахшид. Аммо ин некӣ ба худаш гарон афтод. Ду пояш ба дами чарх афтоду шикаст. Чор моҳ дар беморхона хобид. Пойҳояш пурра шифо наёфтанд. Маъюбу маслуқ шуда монд…

Се сол боз дар хона, гўиё ки рўи кат. Гоҳе ба пушт. Гоҳе парў. Гоҳе паҳлў. Дунёяш тор. Орзуҳояш зеру забар. Кунун дўсте надорад, ки ҳасрати дил бирезад. Занги дил бишўяд. Чӣ рўзе ва чӣ вазъе дорад, худаш медонаду Худо.

Эҳ, дунё, дунё!

Ҷаври киҳоро набурд. Заҳри киҳоро нахўрд. Ва монд танҳо. Бо фурўғу ғуруб. Бадрўзу бандӣ. Маҳзуну ранҷуру ғамзада. Дар оғўши ғаму дарду алам. Бе нури нигоҳу шўълаи рухсор. Бо дили ранҷур рўзҳоро бо азобе кўр мекунад.

Эҳ, зиндагӣ!

Оҳ, зиндагӣ!

Рўди печону боди гардон будааст зиндагӣ!

Ва боз…

Эй, замона!

Туро газад, маро чӣ ғам?!

Аҳриман бо сад ниқоб ба даргоҳаш омад. Вале ўро ҷой надод, ронд. Ягон лаҳза бе ғаму дард назист. Вале афсўс нахўрд. Дареғ нагуфт. Санги пўшаймони ба сар назад. Нафсро зиндонӣ намуд. Виҷдону номусаш ҳамеша бедор. Дар лабу дил шукрона дошт. Ва рў ба сўи қуллаи мақсуд дорад. Ҳар шом, ки ояд, зи паси ў саҳаре ҳаст. Лаҳзае хаёлаш боли орзу кушод. Орзуе, ки аз воқеот орӣ. Ҳамин замон тақ-тақе ба гўшаш расид. Боли орзуяш шикаст. Ҳушашро ба пешаш овард. Ва як қад парид. Тарсе ба дилаш хона кард. Тақ-тақ такрор шуд. Дарёфт, ки тақ-тақи дар аст. Дари худаш. Гардан тоб доду сўи дар нигарист. Бовариаш наомад. Охир, се сол боз дарашро касе накуфтааст. Чашм ба дару хаёл ба парвоз. Не-не! Хато! Дурўғ гуфт! Кўфта буданд. Як ҳафта пеш. Як гадобача. Дувоздаҳ ё сенздаҳ сол дошт ў. Мўйҳояш расида, рўяш, дастонаш, либосҳояш аз чирк сип-сиёҳ.

– Як ояти Қуръон тиловат кунам, – баробари ўро дидан гуфт ў.

– Не, не, – саросема гуфт холаи Нозукой, – лозим не.

Ва ба дасташ ду сомонӣ дод.

Рўзи дигар боз як гадо дарашро кўфт. Гадои чӣ? Як марди ҳуму лум. Тозаву тар.

Оҳ, чӣ чашмоне дошт бозингар!

Аз забонаш шаҳду шакар мечакид!

– Ҳақ дўст, ё оллоҳ, хайр кунед! Хайр – калиди бахткушо! – гўён, сурае аз Қуръон қироат кард. Ва бе рўву риё пул талабид.

Хост ба ў сухани сахте бизанад. Вале зуд аз раъяш баргашт. О, ин зоти “шариф” на худоҷўй асту на талбанда.

Қаллоб аст, қаллоб!

Аз ин рў сухан ба ў ҳайф, ҳаром. Ва ба ў як сомонӣ дод. Мард онро гирифту боз беибо, бе рўву риё нидо намуд:

– Кам!

– Кам? – ҳайрон шуд холаи Нозукой ва беихтиёр илова намуд: – Чӣ хел кам?

– Як сомонӣ кирои хайр не. Зам кун, ки аз Худо ба ту дам талабам!

Бо ҷиддияти тамом нидо намуд:

– Шикам бо нон сер мешавад!

Зоти “шариф” дигар сў тоб дод:

– Чанд фарзанд дорӣ?

Холаи Нозукой ба андеша рафт ва дурўғ гуфт. Ба он хотир, ки аз серфарзандӣ шармида, даст аз тамаъ баркашад.

– Шашто.

Гумонаш хато баромад.

– Оҳ-ҳо! Бою бадавлат будаӣ! Сари ҳар фарзанд бояд як сомонӣ бидиҳӣ!

– Барои чӣ? – бо тааҷҷуб ба ў нигарист. – Оё дар ягон ҷо навишта шудааст?

– Ҳа! – бебокона калла ҷунбонд ў. – Ҳа!

– Дар куҷо?

– Дар китоби муқаддас!

– Ин чӣ китобест?

– Ҳо-о, китобест басо муқаддас! Чӣ, магар намедонӣ?

– Не, бори аввал мешунавам.

– Афсўс, ки бо худ нагирифтаам. Агар хоҳиш дошта бошед, оварда нишон медиҳам.

Аз ин дурўғи ботил сад пушаймон гашт. Хост хатояшро ислоҳ бикунад. Аммо дурўғ дурўғ зод.

– Медонед… Панҷтояш таги хок.

Авзои ў сари мўе тағир наёфт.

– Чӣ фарқ дорад? Фарзанд фарзанд аст, хоҳ рўи хок бошад, хоҳ таги хок.

Гиҷу лол монд.

– Тез бош!

– Сабр кун, мефаҳмӣ…

– Ҳеҷ чиз намефаҳмам.

Дарду ғам дар дилаш фурўғ кард. Хомўш буд: ҷавоби аҳмақ сукут. Дигар ҳайф донист, ки ба ў чизе гўяд.

Ба хулосае омад: “Ўро танҳо пул меронад!”

Бегап боз ба ў панҷ сомонӣ дод. Зоти “шариф” даст ба дуо бардошт:

– Бахт ёру мададгорат бод!

Ҳиҷ не, ки дуои зоти “шариф” мустаҷоб шавад.

Боз тақ-тақи дар баромад. Кӣ бошад? Чӣ мехоҳад? Нек аст ё бад? Тақ-тақи дар боз такрор ёфт. Ин дафъа сахттар. Касе бошад, якрав будааст. Ё ягон ҳамсоя бошад? Эъ, не, не. О, дар се сол як бор нагуфтанд, ки ту мурдаӣ ё зинда. Пеш барояшон «ҳамсояҷон» буд, акнун бегона.

Ё писараш бошад? Аюбҷон?! Хаёле ба машомаш бўи ҷигарбандаш омад. Ба ёду хаёли ў дилаш гум зад. Чунон гум зад, ки қариб беёд шавад. Симои келинаш пеши рўяш заду ба худ омад.

Эъ, не-е! Вай зани баду балояш мегузорад, ки ба назди ў биёяд. Як хат наменависаду. Умрашро сарфи ягона писараш кард. Вайро ягона дастёр, пушту паноҳ меҳисобид. Бо ў умед мебаст. Орзуҳои ширин мепарварид. Сад афсўс, ки умеду орзуҳояшро ба бод дод писараш. Думи духтари бегонаро гирифта, ба он лаби дунё рафт. Ва шояд ўро ёд ҳам накунанд. Ҳоло ў танҳо зан, модар, ки шуд, шояд меҳри модари ғалаба кунад. Ҳа, дунё ба умед. Ноумед набояд шуд.

Боз тақ-тақи дар баланд гашт. Акнун бо дигар маъно садо медод. Гўиё таҳдидомез буд он. Нохост фикре ба сараш заду хушҳол гашт. Хаткашон будагист. Нафақаи думоҳаашро овардагист. Оҳ, чӣ хубе! Дар бисоташ ҳамагӣ дувоздаҳ сомонӣ мондагӣ.

Якбора ғаму дарду аламҳояш ба коми фано рафт.

– Ҳозир! Ҳозир! – овоз баровард ў ва сўи дар рафт.

Аз он ҷониб шояд овозашро шуниданд, ки тақ-тақро бас карданд. Ба дар расид. Ва онро кушод. Дами дар як ҷавонмарди паҳлавонсурати тахмин 40-45 сола дар тан ҷелаки чити оддӣ, ки риши кўтоҳи ба рўяш зебанда дошт, меистод. Баробари дидани холаи Нозукой чун лола дар чаман бишикуфт. Ва забони меҳрубонӣ во намуд:

– Ҳамшира, хуб сиҳату саломатед?

Зўракӣ табассум карду сипосгузорона бигуфт:

– Ҳазор раҳмат, шукри худо нағз.

Сипас меҳмонро ба хона таклиф намуд:

– Биёед! Нури дида, тоҷи сар!

Омада хандид, бо боварӣ ва оромише аҷиб хандид ва гуфт:

– Не, ҳамшира, аз паи кори хайре равонам.

Ва ҳамоно чашмонашро қоқ пўшида, бо овози баланд сураеро аз Қуръон қироат намуд. Аз қироати сура рўҳи холаи Нозукой сабук гардида, ба дили дардмандаш осоише роҳ ёфту сипосгузорона гуфт:

– Ҳазор раҳмат, ака.

Омада боз хандид, бо боварӣ ва оромише аҷиб хандиду:

– Бо раҳмат кор буд намешавад, – гуфт ва чашмонашро ба чашмони холаи Нозукой дўхт.

Дар нигоҳаш чӣ чизи сарде буд, ки вуҷуди холаи Нозукойро мунҷамид мекард. Ва ў лаб во карда наметавонист. Гўиё ки шах шуда. Хомўшӣ лангар андохт. Сукунатро боз ҳам мард шикаста, бо ҳарорат гуфт:

– Аз барои бандагони неку бад як оши худоӣ доданием.

Ҳеҷ нагуфт холаи Нозукой ва ў суханашро дунбол кард:

– Эй одами нек, аз барои Худо хайр кунед! Хайр – калиди бахткушо!

Ин суханон ба болои сўхта намакоб шуд. Якбора дарду аламҳояш аз нав зинда шуданд.

Сипас андаруни синааш қаҳру ғазаб ҷўш зад, беқарор гашт. Гуфт ба худ, охир, ин чӣ гап?! Чаро ба хонаи ў танҳо барои пул меоянд?! Чаро?!

Пули газ!

Пули барқ!

Пули об!

Боз таҳдид: “Надиҳед, мебурем!”

“Буред! Ҳамаашро бурида партоед!”

Боз ва боз барои пул меоянд…

Пули охол!

Пули Наврўзӣ!

Пули дафн!

Пули хайр!..

Ё тавба! Магар ман банкам?

Не…

Худоё! Чӣ кор кунам?

Лаҳзае сукут варзиду ҳарфе ба забон оварда натавонист.

Ҳолати ноҳинҷору ғамангезе ҳукмрон гашт.

– Ҳамшира?!

– Ҳа-а…

– Маро аз роҳи хайр надоред.

Пакар буд холаи Нозукой.

Ба хаёл рафт.

«Оҳ, чӣ гўяд ба ў? Рост ё дурўғ? Гўяд, ки буду шудаш дувоздаҳ сомонӣ дораду ҳатто ба нонаш намерасад. Гўяд? Ҳа, гуфтан лозим. Не, аз дусар бовар намекунад. Механдад. Изо медоронад. Мазоқ мекунад.

О, шикамсерро чӣ парвои гурусна?!

Ё худро ба дарёи фиреб андозад? Не, бефоида. Бо тўри найранг медорад. Бе баду бало нестанд ин зотҳо. Хайр, чӣ кор кунад, охир?..»

– Ҳамшира?!

Боз ў дам назад.

– Ҳамшира!!

– Ҳа, чӣ?

– Иқа ба хаёл рафтед?

Бо овози ҳузнангез гуфт:

– Охир, “як сару сад хаёл” – гуфтаанд.

– Э гапи пуч! Дар сар танҳо як хаёл бояд бошад. Хаёли гўру қиёмат. Фаҳмидед?!

Ба тасдиқ кала ҷунбонд ва дар дил гуфт:

«Оҳ, чӣ суханҳои дуруст мезананд ин зоти “шариф”. Аммо кораш, амалаш тамоман дигар. “Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, чун ба хилват мераванд в-он кори дигар мекунанд».

– Росту… Лекин боз ҳар зоғеро як доғест.

– Аҳ нагўед!

– Ана…

– Ана, – суханро аз даҳони холаи Нозукой зада гирифт, – барои шустани ҳамин доғҳо даҳони халтаи хайрро калон кушоед. “Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ” – гуфтаанд. Медонед замин аз чӣ обод?

Бо табъи хиҷил:

– Чум! – гўён, китф дар ҳам кашид.

– Аз об!

– Ҳм-м…

– Медонед хона аз чӣ обод?

– Чум! – Холаи Нозукой китф бо ҳам кашид.

– Аз дуо!

– Шояд…

– Ай-ҳай, шак наоред, наоред! Ободӣ аз дуост! Дуо бошад – подоши хайр аст! Фаҳмидед?!

– Ҳм-м…

– Тўшаи сафар чист?

– Сафар? Ба куҷо?

– Ба он дунё.

– О…

– Меравед, меравед. Гумон накунед, ки сутуни дунё мешавед. Ин пилтаи хомро аз гўш кашида партоед. “Банда миранда!” – гуфтаанд.

Бо хавоси беҷо:

– Магар дигар гап ёфт нашуд, – гуфт.

– Гапи ҳақ намефорад!

Боз дар дили ў ҳақу ноҳақ ба моҷаро бархост.

– Ҳақ мебуд, Тоҷикистон кайҳо гулистон мешуд…

– Ай бандаи осӣ, ношукрӣ накунед!

Ранҷишомез нидо зад:

– Осӣ ҳам шудем!

– Ҳамаи мо бандаи осием. Танҳо хайр моро мераҳонад. Мефаҳмед?! Танҳо хайр!

– Хуб, хайрро ба чӣ сарф мекунед?

– Гуфтам-ку, ба оши худоӣ.

Бо шубҳаи ошкоро пурсид:

– Оши худоӣ дар куҷо мешавад?

– Дар масҷид.

– Кадом масҷид?

– Сариосиё.

– Кай?

– Худо насиб кунад, рўзи чоршанбе.

Изҳори шубҳа намуд:

– Ҳама мехўранд ё танҳо саркардаҳо?

– Не, не! Ҳама, ҳама! Ҳам меҳмону ҳам резмон, ҳам сағираю ҳам кабира!

– Шумо гапдон.

– Сухандон!

– “Каси озурдаро шаҳди сухан даво бошад” – гуфтаанд.

– Сухан аз ҳама чиз зўр аст!

– Ягон донишгоҳи олиро хатм кардагистед-а?

– Якто не, ду тояшро!

– Наход? Тўба!

– Чаро тўба?

– Чаро аз рўи ихтисос кор намекунед. Охир, давлат пул сарф карда хонондаст.

Зоти “шариф” дар дил хашм кард ва бо тундӣ:

– Магар ин кор нест?!

– Кадом?

– Савобҷўӣ!

– Савоб амал аст, на сухан.

– Гуфтам-ку: сухан аз ҳама чиз зўр аст! Беҳуда: “Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомўш аст?” – нагуфтаанд.

– Ҳа-а… шояд ба хона медароед, мешинед. Дар пой ҳақиқат нест, мегўянд.

– Биёед маро надоред, хайратонро бароред.

Баногоҳ қиқир-қиқир ханда зад. Хандаи хеле ғариб. Зоти “шариф” дағалона пурсид:

– Чӣ механдед?!

Бо табассум ҷавоб дод:

– Як реклама ба ёдам зад. Ҷавонмарди паҳлавонҷуссае аз зане мепурсад: “Белые веши не носите? Тогда мы идем к вам!” Дигаре аз ҳама паҳлавонтар мегўяд: “Денги есть или нет, мы идем к вам!” Магар надидед?

Зоти “шариф”, албатта, истеҳзои ўро дарёфт, аммо худро ба нодонӣ зада:

– Э, хоҳар, ман вақти сархорӣ надорам, – гуфт. – Телевизорро кай тамошо кунам?

– Ҳа-а, мефаҳмам, – оҳиста гуфт ў. – Ба шумо ҳам азоб, мушкил.

– Чӣ? – нафаҳмид ў.

– Задани дари модари тоҷик.

– Нафаҳмидам, – ҳайрон шуд ў. – Равшантар гап занед.

– Охир, модари тоҷик чӣ рўзе ба сар дорад?! Ба қавли шоир: “Як хона пури бачча” – ҳама гушнаи зор, ғамҳои дили модари зор аст ҳазор”.

Асабӣ шуд, бо тундӣ гуфт:

– Модар, ки шудӣ, азоб мекашӣ!

Ҳолати мағшуш, пуряъсу вазнин ҳукмрон мегардад.

Даре во буд.

Паррандаҳо дар парвоз.

Абрпораҳо дар шино.

Онҳо рў ба рў.

Аз ин сў зоти “хасис” – аз он сў зоти “шариф”.

Ҷигари зоти “хасис” месўхт, чашмонаш шеван мекашиду…

Қатра-қатра, дона-дона…

Оҳу оҳ!

Воҳу воҳ!

Афсўсу афсўс!

Дареғу дареғ!

Мечакид!

Аз саропои зоти “шариф” тамаъ меборид!

Дилаш ба фишори ғаму андўҳ тоб наовард. Ва исён ба хунаш нохун бизад. Ва ҳамзамон шайтон ёраш бигашт. Ўро бод дод:

“Бо ҳақоратборон биронаш!”

Аммо ў гардани шайтонро бишикаст. Ва ба андеша рафт.

«Тавба! Ба ин бандаҳоят гардам, Худо! Дар ин дунёи чоррўза як идда одамҳо барои пул шуда чӣ корҳое мекунанд! Инашро бин, ки бо ҳамин тану туш, шарму ҳаё накарда, ба чашми мардум хок пошида, пул меғундорад. О, пулҳои бо ин восита ба даст омада ҳаром аст. Ҳароми ҳаром! Наход ки ин пулҳо ба танаш ош шавад?! Сафи ин гуна «савобҷўён» чунон зиёд шудааст, ки мондан гиред. Худоё, оқибати ин кор чӣ мешуда бошад?!»

Сукути холаи Нозукой ба мард нафорид. Ғашашро овард. Аз “шумо” ба ”ту” гузашт.

– Чӣ шах шудӣ?!

Аз андеша озод гардид, ба худ омад.

– Як ҳафта пеш омада буд.

– Кӣ омада буд?

– Як кас… ҳа, як зоти “шариф”, монанди шумо.

Мард дар гуфтораш чӣ саҳверо пай бурда, сулфаи сохта намуд. Сипас гуфт, ки:

– Хайр ин бисёр хуб аст.

– Чӣ хел?

– Савобҷўй, худоҷўй бисёр шудагӣ.

– Ин худоҷўист?

– Бале!

– Ҳа-а, хуб. Як чой наменўшед, марди худоҷўй.

– Не, рўзадорам.

– Рамазон нест-ку?

– Рўзадорӣ дар ин рўзҳо савоб аст.

Лабҳои мард равғанин буданд.

– Бовар намекунам.

– Э ҳой, ту кистӣ?

– Одам.

– Ҳо, бандаи хокӣ ҳастӣ. Хайр кун, то онро ба даргоҳи Худо бибарам

– Меравад хайрам?

– Бегуфтугў! Ва иншооллоҳ барака меёбед, месабзед.

“Оҳ, чӣ сангдилу бемурувват!” – нидо дардод дар дил ва ҳикояте ба ёдаш зад.

“Аз бенавое мепурсанд:

– Чӣ мехоҳӣ?

– Ҳеҷ чӣ.

– Не, чизе биталаб.

– Талаб ҳаром аст.

– Ҳалол чист?

– Ранҷи ҷонкоҳ”.

Хост ҳамин ҳикоятро ба ў бигўяд. Якбора тақсим гашт. Ба ду Нозукой.

Яке мегуфт, ки:

– Бигў!

Дигаре мегуфт, ки:

– Нагў!

Яке мегуфт:

– Шояд виҷдонашро бедор кунад!

Дигаре мегуфт:

– Ба бедард гап ҳайфай!

Намедонист ба кадомаш гўш диҳад.

Ниҳоят қарор дод, ки мегўяд. Шояд меҳре ба дилаш даваду инсофу лутф намояд. Аммо – сад афсўс! – на ин диду на он! Бо ҳасрати бепоён оҳи ҷигарсўз кашид. Ва гунгу мехкўб гашт.

Аз ким-куҷое ак-аки саг ба гўш мерасид.

Ҳай “ак-ак-ак!” мезад саг, ҳай “ак-ак-ак!” мезад саг!

Гўи табли хатар менавохт!

– Э, ҳеҷ инсоф дорӣ ё не?!

Зоти “шариф” аз хашм оташ гирифта, дод зад:

– Ҳо-о-й, мўйдарози ақлкўтоҳ?! Ин чӣ суханҳое, ки бар ман мегўӣ?!

– Ман ба саг гуфтам. Охир, аз ак-акаш гўшҳоям қулф заданд.

Ў дарҳол гуфт:

– Ҷакиши саг хуб аст

– Наход? – бо ҳайрат ба ў нигарист. – Саг ҳам савоб мегирад?

– Ҳо, савоб мегирад, – ҷавоб дод ў. – Зеро бо нияти нек меҷакад. Одамон бисёр бошанд, як тикагӣ нон диҳанд бас.

– Нахо-о-од? Тў-ў-ўба?

– Боз чаро тўба?

– Шумо забони сагро ҳам медонистаед.

Рўй турш намуд ва қавоқ андохту:

– Э-э, моне, ҳамин ҳам гап шуд! – гўён, даст афшонд.

– Ҳмм…

Нигоҳи аҷибе сўяш афканду пурсид:

– Мабодо-ку ту ҳомиладор не?

Ба “маъюб” гуфтан забонаш нагашт.

Ягона кори накардаи холаи Нозукой ошкор сохтани бечорагиаш буд. Ва ў қарор дод, ки маъюбу маслуқиашро аён созад. То ин марди «худоҷўй» бубинад, ки ў худ мўҳтоҷи хайр аст. Ва пулаш на танҳо хайр намешавад, ҳатто ҳаром аст. Ва ў ана ҳамин корро кард. Барои ў ин чораи охирин буд. Вале – ҳайҳот! – чашми марди «худоҷўй» урт нагуфт. Ва ў дарёфт, ки вай сар медиҳаду домони ў намедиҳад сар. Ҳа-ҳа! Бўи умед нест. Ва ягона чора он аст, ки пул диҳад, то «худоҷўй» тезтар нест шаваду башараашро дигар набинад. Ҳа, набинаду насўзад! Ва ин буд, ки…

Не, аввал суоле дод:

– Агар одам маслуқ бошад чӣ?

Рўй турш намуд ва қавоқ андохту:

– Э-э, моне, ҳамин ҳам гап шуд! – гуфт. – Зоғе бе доғ нест!

“Ҳа-а, аз сўзи ғам бегона!” – нолид дар дил ва сабақе дарёфт: “Сангдил – бераҳму мунофиқ!”

“Истеъдоди ғофил бепарвоӣ: гўр сўзаду дег ҷўшад! Аз дасти нафси бад уфтода дар залол. Инсоф аз ў фирор карда то Шарқи Дур. Наход надонад, ки фардо ҷояш сари Пули Сирот?”

– Э-э, моне, андеша ҳам андоза доштагист?!

Саропо дар ҳаяҷону изтироб ғарқ як сомонӣ ба ў дод.

Дигар чӣ чора ҳам дошт?!

Зоти “шариф”-и «худоҷўй» лаб инҷ карда, боиллат гуфт:

– «Савлататро фил бардорад, миёнаш бишканад, ҳиммататро мўрча то Ҳиндустон барад» – гуфтагӣ барин ҳамин-мӣ ҳимматат? О, ман гадо не, ки як сомонии пўсида садақа кунӣ?!

Ба оташи дарду аламаш равған рехт. Панҷаи гирое дилашро сахт фишурд. Роҳи нафасаш гиреҳ зад. Чашмонаш аз ғояти маъюсӣ боз ҳам фурўтар рафтанд. Баъд худро ба даст гирифт, оби даҳонашро бо азоби алиме фурў бурда, дар ҳоле, ки овозаш меларзид, аранге гуфт:

– Охир, ҳиммат ба қудрат мегўянд-ку.

Зоти “шариф” ин ҳикматро сари мўе ба инобат нагирифт. Бо чашмҳои беқарори худ ба чеҳраи ў истеҳзоомез нигариста, тамасхўр зад:

– Ҳай-ҳай!

– Чӣ “ҳай-ҳай”?!

Бадҷаҳлона пурсид:

– Ту аз ҳамин урус кам?

Ба ҳайрат омада, пурсид:

– Кадом урус?

– Уруси ҳамсоя. Наход ки ту мўъмину мусулмон шуда, аз ҳамин уруси ҳамсояат кам бошӣ?! Медонӣ, ў чанд сомонӣ дод?

Ранги рўяш сап-сафед канда, ёрои гап задан надошт.

– Даҳ сомонӣ!

Бо сўз “ҳмм”-и аламнок кашид. Дилаш хун, бедуд месўхт. Лаб газиду дар дил гуфт: «Охир, мусулмонӣ ба мусулмонист, на ба ғоратгарӣ! Ва одаме, ки аз кўчаи мусулмонӣ нагузаштааст, оё ҳақ дорад, ки сура қироат кунад?! Аз хайру саховат ваъз гўяд?!»

– Ҳамшира?!

Ҳаросон, хомўш ва ҳайратзада.

Нигоҳаш забунҳол, басўз, обуадо.

Дасти зоти “шариф”-и “худоҷўй” дароз.

Оҳ, аз дили бедард!

Дили бедард ба бедодӣ!

Бо сўзу гудоз оҳи таболуд кашид. Ва ба ў панҷ сомонӣ дод. Зоти “шариф”-и «худоҷўй» бо истеҳзои ғазаболуд барошуфт:

– Ҳой! Хайр мекунӣ, созтар хайр кун! Накунӣ, гўй, ки ман мусулмон не!

Нештаре гўиё ба ҷонаш халид. Ба ваҳшат омад. Сару дилаш ба ларза фитоду бо нафрат:

– О, инсоф, инсоф куҷост?! – гўён, зад фарёд.

Зоти “шариф”-и «худоҷўй» бо овози баланд қоҳ-қоҳ хандид. Хандааш беғамона буд.

– Ту шарм намедорӣ?!

Зоти “шариф”-и «худоҷўй» ба шўр омад:

– Чӣ-ӣ-ӣ?! Не, ту ғофил шудаӣ! Ту Худоро фаромўш кардаӣ! Ту бандаи шайтон шудаӣ! Ту аз ризои Раҳиму Раҳмон рўй тофтаӣ! Ту ба раҳи шайтон ворид гаштаӣ! Ба ту дуои наҷот лозим! Ҳа, набошад ба балои азиме гирифтор хоҳӣ гашт!

Риштае аз банди дили холаи Нозукой канда гашт. Беҳолу бемадор, сараш чарх зад. Бо дасти ларзоне, ки ин ларза аз дилаш омада буд, боқимонда шаш сомониро ба зоти “шариф”-и «худоҷўй» дод. Зоти “шариф”-и «худоҷўй» саросема боз ким-кадом сураеро кўтоҳакак хонд.

Садои ў чун барқи сўзон ба холаи Нозукой кора кард.

Ҳай, инсоф, инсоф!

Ҳай, имон, имон!

Куҷо-о-оед?!

Зоти “шариф”-и «худоҷўй» ду даст ба дуо бардошта:

– Илоҳо момо шуда, гаҳвораи набераю абера ҷунбонед! – гўён, даст ба рўй кашид.

Гўиё ба ҷигари сўхтааш намаки суда пошид.

Месўхт, ки месўхт!

Савобҷў хандон!

Савобгир дили гирён дошту ҷигари бирён!

Аммо…

Зоти “шариф”-и “худоҷўй” монду рафт!

Ашки шўр чашмонашро пур намуда, оламу одамро тира месохт.

Ў дигар ҳеҷ чизро намедид.

11 октябри соли 1992

6 ноябри соли 2003

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …