Главная / Гуногун / Дуои «Ганҷина»

Дуои «Ганҷина»

Хосиятҳои дуои «Ганҷина»

Ин ҳафт асмои Аллоҳ таолоро ҳар кӣ бихонад, ӯро бисту чаҳор чиз каромат шавад: Аввал, аз офатҳову балоҳои диниву дунёвӣ амон ёбад. Дуввум, дар назари бузургон азиз шавад. Саввум, мутеи Ҳақ таоло бошад. Чаҳорум, бахту давлат ӯро рӯй диҳад. Панҷум, дар ҳарби кофарон мансур бошад. Шашум, дар сифати мардон сурхрӯй бошад. Ҳафтум, аз балои ногаҳон ва аз бими султон ва душманон ва аз теғи буррон ва аз тири паррон ва аз оташи сӯзон ва аз оби равон ва аз осеби деву парӣ ва аз гуноҳи сағираву кабира ва аз суҳбати бадон ва аз ҳаракати бадон ва аз шарри золимон дар амон бошад. Ҳаштум, дуояш мустаҷоб гардад. Нуҳум, мушкилоташ ҳал шавад. Даҳум, ба марги муфоҷот намирад. Ёздаҳум, гур бар вай равзаи биҳишт гардад. Дувоздаҳум, саволи Мункару Накир бар вай саҳл гардад. Сездаҳум, бо некоӣ ангезад. Чаҳордаҳум, номаи аъмолашро ба дасти рост бидиҳанд. Понздаҳум, азоби дузах бар вай осон гардад. Шонздаҳум, савоби чаҳор мурсалон ёбад. Ҳафдаҳум, аз лиқои он нозанини қоба қавсайн маҳрум намонад. Ҳаждаҳум, ба рӯзи қиёмат рӯяш чун бадр тобон шавад. Нуздаҳум, шароби тахурро нушад. Бистум, савоби чиҳил шаҳидону ғозиёнро дарёбад. Бисту якум, ҳафтод фаришта бо табақҳои нурӣ ва ҳуллаҳое, ки бар сари ҳар ҳуллае ин дуоро навишта бошад дар қабри ӯ нозил шаванд. Бисту дуввум, аз пули Сирот чун барқ бигзарад. Бисту саввум, савоби муқарраби фариштагонро ёбад. Бисту чаҳорум, биҳишт дарҳои худро барои ӯ кушода гардонад, то ба ҳар даре, ки хоҳад дарояд. Ин дуо ба «Ҳафт исм» низ мавсум аст.

Дуои «Ганҷина»

Исми аввал

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма, ё Ҷалилу ҷаллалта би-л-ҷалоли ва-л-ҷалолу фӣ ҷалолика, ё Ҷалилу, ё Доима-л-мақбули ва ё Мунъима-л-мансури, ё Ма-л-ло илоҳа илло Анта, ё Аҳкама-л-ҳокимин.

Исми дуввум

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма ё Латифу биавсофи камолиҳи, би-л-латоифи фӣ латофатика, инно самиъно китобан уизила мим-баъди Мусо мусаддиқа-л-лимо байна ядайҳи, яҳдӣ ила-л-ҳаққи ва ило тариқи-м-мустақим, ё Хайра-р-розиқин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Исми саввум

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма, ё Самиъа-л-бурҳони ва из сарафно илайка нафара-м-мина-л-ҷинни ястамиъуна-л-Қуръона фа-стамаъта би-с-самъи ва-с-самъу фӣ самъи самъика, ё Самиъу, ва-л- лазина оману ва амилу-с-солиҳоти ва омину бимо нуззила ало Муҳаммадив-ва Ҳува-л-ҳаққу-л-яқину, ё Аҳсана-л-холиқин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Исми чаҳорум

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма, ё Муиззу минал-музилли, ё Алиму-л-Азиму тааззамта би-л-азамати ва-л-азамату фӣ азамати азматика ё Азиму. Иннаҳу Ло илоҳа иллаллоҳу ва-стағфира лӣ ва ли-л- муъминина ва-л-муъминоти валлоҳу яъламу ва антум ло таъламун, ё Хайра-н-носирин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Исми панҷум

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма, ё Раҳиму тараҳҳамта би-р-раҳмати ва-р-раҳмату фӣ раҳмати раҳматика, ё Раҳиму, ё Ҳафизу, таҳаффазта би-л-ҳифзи ва-л-ҳифзу фӣ ҳифзи ҳифзика ё Ҳафиза-с-содиқина ва ё Мунъима-л-ҳофизин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Исми шашум

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма, ё Кариму ва каррамтаҳу би-л-каромати ва-л-каромату фи каромати кароматика, ё Кариму, инналлоҳа яъламу ғайба-с-самовоти ва-л-арзи валлоҳу Басиру-м-бимо таъмалун, ё Асдақа-с-содиқин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Исми ҳафтум

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма, ё Ғафуру, тағаффарта би-л-мағфирати ва-л-мағфирату фӣ мағфирати мағфиратика, ё Ғафуру, лам ялид ва лам юлад ва лам яку-л-Лaҳy куфуван аҳад. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Ҳафт асмо

Ин ҳафт асмо аз ҷумлаи вазоифи Ҳазрати Шайх Абдулқодири Ҷелонӣ, раҳматуллоҳи алайҳианд, ки калиди хазинаи Аллоҳи таоло мебошанд.

Ҳазрати Шайх Абдулқодири Ҷелони, раҳматуллоҳи алайҳи, ин асморо вазифа менамуд ва барои ҳар исм як таваҷуҳ муқаррар намуда, ки баъд аз қироъати ҳар сад, ё панҷсад маротиба, ки хонда мешавад баракоташ зоҳир мегардад.

Номи аввал: Лo илоҳа иллаллоҳ.

Ин исмро як лак[1] маротиба бихонед. Матлаби ин таваҷҷуҳ дар истилоҳоти тасаввуф ин бошад, ки: «Эй Аллоҳ, бар зоҳири мо подшоҳӣ, ин калимаро қоим фармо ва дар ботини ман ҳақиқати инро собит намо ва бо иҳотаи ӯ дар вуҷуди ман истиғроқи зоҳирии маро ошкор кун, ки ҷуз Ту каси дигареро набинам».

Номи дуввум: Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ.

Ин исмро як лак маротиба бихонед. Таваҷҷуҳи ин исм яъне матлабаш дар истилоҳи тасаввуф ин аст, ки: «Эй Аллоҳ, маро ба сӯйи Худат роҳ намо ва муваддату фармонбардори Худ бигардон ва муҳаббати Худ насибам фармо ва қалби маро барои зоту ҳукми Худ сарчашмаи мазҳари Худ бигардон».

Агар ин исмро ба сиғаи ҳуруфи нидо мехонед, пас: Ё Аллоҳу, ё Аллоҳу, ё Аллоҳу, бигӯед.

Номи саввум: Ҳай, Ҳай, Ҳай.

Ин номро як лак маротиба бихонед. Матлаби ин таваҷҷуҳ он аст, ки: «Эй Аллоҳ, зиндагии пок насибам намо. Шарбати поку ширини ишқу муҳаббати худро насибам гардон. Зиндагии ман бо зиндагии Ту гиреҳ хурда. Нуронияти зиндагии абадии хешро ба зиндагии ман низ шомил гардон ва ба рӯҳи ман ҳаёти абадӣ бахш ва дар рӯзи қиёмат ба ботини ман аз ботини Худ нафъ бирасон. Қалби маро аз розҳои тарбияти Хеш мутталеъ бифармо. Забонамро ба улуми ботинӣ гӯён гардон».

Ва агар бо ҳуруфи нидо мехонед, бигӯед: Ё Ҳайю, ё Ҳайю, ё Ҳайю.

Номи чаҳорум: Воҳидун, Воҳидуи, Воҳидун.

Инро як лак маротиба бихонед. Таваҷҷуҳи ин исм он аст, ки: «Эй Аллоҳ, ба василаи нури ваҳдонияти Худ маро муваҳҳид бигардон ва ба зоти Худ яқини комил маро устувор кун. Ту дар Худоии Худ Танҳо ҳастӣ ва барои умури диниву ухравии ман танҳо Ту кофӣ ҳастӣ».

Ва агар бо ҳуруфи нидо мехонед, бигӯед: Ё Воҳиду, ё Воҳиду, ё Воҳиду.

Номи панҷум: Азизун, Азизун, Азизун.

Ин номро як лак маротиба бихонед. Матлаби ин таваҷҷуҳ дар истилоҳи тасаввуф ин аст, ки: «Эй Аллоҳ, маро ба хотири иззати Худ дар зумраи иззатмандон дохил фармо ва маро сазовори он бигардон, то кори иззатмандонро анҷом диҳам».

Ва агар бо ҳуруфи нидо мехонед, бигӯед: Ё Азизу, ё Азизу, ё Азизу.

Номи шашум. Ваҳобун, Ваҳобун, Ваҳобун.

Ин исмро як лак маротиба мехонед. Тариқаи он исм ин аст, ки: «Эй Аллоҳ, ба ман тавфиқ ато кун, ки кореро анҷом диҳам, то боиси ҳусули ризои Ту гардад. Эй Омурзгору Бахшоянда, бароям меҳрубонӣ кун. Маро бубахш, ё Аллоҳ. Маро нигарони ин кор дошта бош, ки танҳо ҳоҷатманди Ту бошам, чаро ки ғинову давлати Ту комил аст. Пас барои мани фақир эҳсон бигузор, то ман ҳам ғанӣ шавам ва ба дигарон низ бирасонам, бешак соҳиби атову ғино Туӣ».

Ва агар бо ҳуруфи нидо мехонед, бигӯед: Ё Ваҳҳобу, ё Ваҳҳобу, ё Ваҳҳобу.

Номи ҳафтум. Вадудун, Вадудун, Вадудун.

Ин номро як лак маротиба бихонед. Матлаби ин таваҷҷуҳ дар истилоҳи тасаввуф он аст, ки: «Эй Аллоҳ, ишқи бо солиҳон насибам гардон. Маро аз шарри мардум маҳфуз дор».

Ва агар бо ҳуруфи нидо мехонед, бигӯед: Ё Вадуду, ё Вадуду, ё Вадуду.

 

[1] Як лак – сад ҳазор бор.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …