Главная / Гуногун / Дуруд бар Муҳаммад (Расулуллоҳ САВ)

Дуруд бар Муҳаммад (Расулуллоҳ САВ)

Салавот боиси шафоат:  Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ҳар кас бар ман чунин дуруд фиристад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима иннака ҳамиду-м-Маҷид. Ва борик ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима иннака Ҳамиду-м-Маҷид».

Тарҷума: Худоё, дуруд бифирист бар Муҳаммад (с) ва бар оли Муҳаммад (с), чунончи дуруд фиристодаӣ Ту бар Иброҳим (а) ва бар оли Иброҳим (а), ба дурустӣ ки Ту Сутудашуда ва Бузургворӣ. Ва баракат деҳ бар Муҳаммад (с) ва бар оли Муҳаммад (с), чунончи баракат додаӣ Ту бар Иброҳим (а) ва бар оли Иброҳим (а), ба дурустӣ ки Ту Сутудашуда ва Бузургворӣ.

Дуруд бар Рассулилох

Пас ман дар рӯзи қиёмат барои ӯ шаҳодат дода ва шафоат хоҳам кард».[1]

*              *                *                   *                   *

Анас ибни Молик (раз) ривоят кунад аз он Ҳазрат (с), ки: «Ҳар кӣ хонад ин дурудро як бор, навишта кунад Худои таоло барои вай савоби ҳаҷҷи мақбул ва савоби касеро, ки озод кард бандаеро аз авлоди[2] Исмоил (а). Ва фармояд Худованди таоло: «Эй фариштагони Ман, ин бандаест аз бандагони Ман, ки бисёр хондааст дурудро бар Ҳабиби Ман – Муҳаммад (с), пас, савганд аст бар иззати Ман ва ҷуди Ман ва ҷалоли Ман ва бузургии Ман ва иртифои Ман, ки албатта, бидиҳам вайро ба ҳар ҳарфе, ки дуруд хонд бар Ҳабиби Ман – Муҳаммад (с), кушке дар биҳишт ва албатта, биёяд назди Ман дар рӯзи қиёмат дар зери Ливои Ҳамд ва нури рӯяш монанди маҳтоби шаби чаҳордаҳум бошад ва дасти вай дар дасти Ҳабиби Ман бошад». Ин барои касест, ки хонад ин дурудро дар ҳар рӯз, ё дар ҳар шаб, ё дар шаби ҷумъа, ё дар рӯзи ҷумъа ва барои вай аст ин фазилат. Ва Худо Соҳиби Фазли азим аст. Дуруд ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин хайри-л-халоиқи ва афзали-л-башари ва шафеъи-л-уммати явма-л-маҳшари ва ало оли сайидино Муҳаммадин би адади кулли маълумотика ва салли ало ҷамеъи-л-анбиёи ва-л-мурсалина ва ала-л-малоикати-л-муқаррабина ва ало ибодиллоҳи-с-солиҳин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Ва ҳар кӣ бихонад ин салавотро, то охири умр пок шавад аз гуноҳони худ монанди рӯзе, ки зоида буд вайро модараш ва берун равад аз дунё бо имон ва барангезонида шавад бо шуҳадо».

[1] Ин ҳадисро Табаронӣ ривоят кардааст.

[2] Авлод – фарзандон.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …