Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (раз) мефармояд, ки «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: “Ҳар шахс ҳангоми қадам гузоштан ба бозор ин калимотро бихонад, Худои таоло барои ӯ як миллион некӣ менависад ва як миллион гуноҳро мебахшад ва як миллион дараҷа баланд мефармояд».[1] Ва дар ривояте ба ҷойи «баланд фармудани як миллион дараҷа» «сохтани қасре дар биҳишт» зикр шудааст. Дуо ин аст:
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Лo илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лaҳy Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду юҳйӣ ва ямуту ва Ҳува Ҳайюн лоямуту би ядиҳи-л-хайру ва Ҳува ало кулли шайъин қадир.
Тарҷума: Нест маъбуде ба ҷуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Ӯст ва ҷамеъи ҳамду сано барои Ӯст. Ҳам ӯ зиндакунанда асту маргдиҳанда. Хайру хубӣ дар қабзаи Ӯст ва Ӯ ба ҳар чиз Қодир аст.
[1] Ин ҳадисро Тирмизи ривоят кардааст.