Главная / Илм / ДУОДЕНИТ

ДУОДЕНИТ

ДУОДЕНИТ (Duodenitis), газаки луобпардаи рӯдаи дувоздаҳангушта. Аксар вақт беморони гирифтори решдард, гастрит, панкреатит, холесистит Д. ҳам мешаванд. Сабаби асосии Д. таъсири моддаи турши меъда ба луобпардаи рӯда дар аснои аз меъда ба рӯда зуд гузаштан ва нокифоя безарар шудани шираи меъда дар рӯдаи дувоздаҳангушта мебошад. Истеъмоли номураттаби хӯрок, бисёр истеъмол кардани ғизоҳои тунд ва нӯшокиҳои спиртдор, инчунин тамокукашӣ ба пайдоиши Д. мусоидат мекунанд. Ангезиши бевоситаи луобпарда аз паразитҳои гуногуни рӯда (лямблияҳо, киҷҷаҳо) низ боиси Д. мегардад. Дарди қисми болоии шикам, ки баъди 2 – 3 соати истеъмоли ғизо ё гуруснагӣ шиддат мегирад, инчунин ҳисси вазнинӣ ё дамидани сари дил аломатҳои асосии Д. мебошанд. Беморро духтур табобат мекунад; риояи парҳез (даст кашидан аз хӯрокҳои тунд, нӯшокиҳои спиртдор) ва накашидани тамоку барои табобат ёфтани бемор аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …