Главная / Гуногун / Дуо Кардан

Дуо Кардан

Ардамеҳр, ки ба хотири сайру саёҳат ва тиҷорат ба кишвари афсонавии Чин нияти мусофират дошт, назди падараш омад. Баъди пурсупос арзи ҳол кард, ки субҳ рахти сафар мебандаду дуо металабад.

– Не, – гуфт қиблагоҳаш, – гап ҳамин, то даме, ки одати арақ нўшида сари мошин нишастанро напартоӣ, аз ман ҳарфи нек намешунавӣ…

– О падар, ҳозир магар фурсати баҳсу талош аст?..

Вале ҳарчанд ҷон коҳонд, падараш хоби бад дидагӣ барин якрав буду аз қавлаш нагашт. Ардамеҳр маъюсу афсурдаҳол берун омад ва ночор раҳ ҷониби канори баланди деҳа гирифт. Назди қабри модари меҳрубонаш расид, лаҳзае нишасту гиря гулўгираш шуд. Ашк рехту дили озурдаашро холӣ кард.

– Эй модари азиз, мададгорам бишав, бароям роҳи сафед бихоҳ, чӣ шуд, ки падарам имрўз дуояшро дареғ дошт…

– Бирав Ардамеҳр, муродат ҳосил бошад! Аз падари мўйсафедат маранҷ, хонааш сўзад, қалби беғаш дорад…

Мўъҷиза буд ё хаёл, аммо овози модарашро шунид, фақат нафаҳмида монд, ки он аз осмон омад ё аз зери хок…

Ба ҳар ҳол хотираш осуд, нафаси сабук кашид.

Аз байн ду ҳафта гузашту Ардамеҳр сиҳату саломат аз сафараш бобарор бозгашт. Ва аз ҳама пеш ба зиёрати оромгоҳи модар рафт. Шукр гуфт…

Даме, ки аксар аҳли оила ҷамъ омаданд, бародараш аз Ардамеҳр пурсид:

– Чӣ хел тавонистӣ, ки бе  фотеҳаи падар ба ҷои дур равӣ?..

Додар аз аввал то охир тафсилоти саргузашташро ҳикоят кард.

– Росташро гўй, аз модари раҳматиамон чӣ садо омад?

– Ҳазлкунон гуфтанд, ки хонаи падарат сўзад…

Ҳозирон хандиданд.

– Худаш чӣ гап? – ҳайрон шуд Ардамеҳр.

– Мурдагон аз афташ ҳазлу шўхиро намеписанданд, – ба рўи нони дастархон нигариста гуфт бародар.

– Медонӣ, уко, – ба гуфтугў ҳамроҳ шуд апааш, – тавба, хандаи кас меояд, аҷоиб, ки хоначаи танҳонишини дадаамон ҳақиқатан сўхт, ба ғайр аз чор девораш дигар ҳама бисоташ хокистар шуд.

– Аслан гирем, кори баҷо, хуб шудааст, ки сўхтааст…

– Падарам дуо надоданд гуфта, ин хел нагўй, мастиҳои худатро ҳам пеши назар биёр, – таъкид намуд дар омади гап хоҳараш.

– Э не-е, кўрнамак нашудаам-ку. Аввал ин ки кай боз хонача таъмирталаб буд, баъд ҳамон ҷо, ки ҷамъ шудем, бозори ғайбат меҷўшид, шиносу бегонаро, устухони ҳафт пушташро мебехтем. Ё гапам дурўғ аст? – Ардамеҳр як-як ба нишастагон нигарист. Ҳама хомўш буданд. Ва худаш илова кард. – Беҳуда нагуфтаанд, ки хонаи ғайбат дер ё зуд месўзад…

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …