Главная / Гуногун / ДУЪО БА ИМОМИ АЪЗАМ /р/

ДУЪО БА ИМОМИ АЪЗАМ /р/

Имоми Аъзами басо сарватманду тоҷир ва ниҳоят саховатманд, ки аз тиҷораташ барои қориёни Қуръон муфассирин, муҳаддисин ва фуқарои асри пурталотуми хеш либосу хӯрданиворӣ харидорӣ мекард ва барои ба иштибоҳи хиёнати шарикаш дарёи дирҳам, аз саҳми хеш, дар чандин ҳазор динори ироқӣ даргузашт. Имоми сарватманд дар умри худ 55 дафъа Ҳаҷ намуда, як моҳ 30 дафъа хатми Қуръон мекардааст, яъне, ӯ ҳаёти худро вақфи дини ҳақ карда буд. Худо ӯро биёмӯрзад!

***

Имоми басо ҳакиму донишманди калом, ки роҳи ақидаи Исломиро асос гузошт ва дар роҳи мунозира бо аҳли бидъат ва ҳавову ҳавас ва «шайхону зоҳидон ва уламои»-и рибоъхору риёкор ва халифаҳову ҳукмравоёни тиҳимағзи асри хеш мусибатҳои шадидеро мутаҳаммил шуд. Раҳмату мағфирати Худо бар вай бод!

***

Имоми шаҳиру фақеҳи кабир, ки баъд аз дарёфти олитарин шаҳодатнома, дар илми калом, риштаи фиқҳро, аз Ҳаммод ибни Абӯсӯлаймон фаро гирифт ва мактаби фиқҳиро дар олами Ислом, дар асоси Қуръон ва Ҳадис илман асос гузошт ва шогирдонашро, аз қабили нахустқозиюлқозоти Ислом-Имом Абӯюсуфи Яъқуб, Имом Муҳаммади Шайбонӣ, Иброҳими Адҳам, Мотаридии Самарқандӣ, Сӯфиёни Саврӣ, Иброҳими Нахъӣ, Абдуллоҳ ибни Муборак, Имом Зуфар ибни Ҳузайл, Имом Абӯмутеъи Балхӣ, Имом Ҳаммод ибни Абӯҳанифа /р/, Абӯлайси Самарқандӣ, Имом Абӯмуқотили Самарқандӣ ва амсолуҳум ҳойизи дараҷоти фиқҳӣ гардонид. Худо аз вай хушнуд шавад!

***

Имоми мутасаввуф, ки чиҳил сол намози Фаҷр /бомдодро бо вузӯ /таҳорат/-и ъишо /хуфтан/ адо намуд ва ҳангоми самоъи оёти азоб то ҳадде мегирист, ки ҳамсоягон ба ҳолаш дил месӯхтан. Худо рӯҳашро шод дорад!

***

Имоми Аъзам Абӯҳанифа ибни Хоҷа, Собит (ибни Марзбон ибни Моҳ ибни Ҳурмуз ибни Анӯшервон ибни Сосон, Ал-Форсӣ ибни Завтӣ Ал-Кобулӣ Ал-Кӯфӣ) /р/ он шахсияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки дар зиндон, дар роҳи хидмати сиёсӣ ва тавсияи хулафо ҷон супурд. Худо дараҷоташро олӣ дорад!

***

Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ /р/ он марди бузург ва инсони комил, ки миллионҳо, яъне 60-фиссади мусалмонони олам аз мазҳаби муҳаззабаш пайравӣ мекунанд /яъне, ҳанафиёни олам/ ва ба донишаш қоиланду мисли ӯ дониш меомӯзанду ҷамоаи аҳли суннат ва ҷамоатро ташкил додаву медиҳанд ва хоҳанд дод. Худо ӯро хушнуд гардонад!

Ҳазрати Имоми Аъзами муъаззами Кӯфӣ, ки аслан аз ашрофзодагони тоҷикзабон, яъне форсиасли шаҳри Кобул буду дар роҳи пойдории шариъат ва тариқати исломи мубин ранҷҳо кашида, «Сироҷи уммат» («Чароғи уммат») лақаб гирифту дар баробари забони Қуръон, яъне забони арабӣ, забони тоҷикии форсиро забони илму маърифат эълон дошт – Худованд ӯро дар аъло илиййин ҷойгоҳ иноят фармояд.

ДУО ВА Ё НОЛА

Пас бувад шод рӯҳи покаш,

Ҳам Худо розӣ аз ӯ.

Ман, ки Бурҳонам;

Яке аз пайравони роҳи ӯ,

Ҷони худ созам фидо, аз баҳри роҳи неки ӯ…

Дил мудом хоҳони он аст,

Ки бигӯям ҳар нафас;

– Сад дуъо бар рӯҳи покаш,

Он Имоми муслимину…

В-он фақеҳи мӯъминин…

Ҳамчу Абдулҳай агар доред, ихлосе ба ӯ.

Пас бигӯедаш салому ҳам дуо, бо сабки ӯ,

Гуфтааст он хушбаён, бо назми зайл:

«Ассалом, эҳёгари ойини поки Мустафо!

Ассалом, эй муҷтаҳиду орифу Луқмони мо!

Ассалом, Нӯъмони Собит, шӯҳра бар Абби Ҳаниф,

Ассалом, эй мазҳаби моро Чароғи раҳрамо!…».

Эй Худоё, бишнав афғони ҳамон Бурҳони худ:

Сӯхтем, мо дар фироқи он Имому в-он

                                                фақеҳу муҷтаҳид,

Эй Худоё, ҷойи ӯро ҷаннатулфирдавс кун!

Омин…

Ва ахиран он Имоми ҳумоме, ки кулли муслимин дар поёни аҳди Расулуллоҳ (с) ва замони аҳди охирин асҳоби киром (р) ва тобиъини кибор «Имоми Аъзам»-аш хондаанд ва кулли муслимин онро то кунун эътироф доранд, шахсияти нотакрори фарҳанг ва тамаддуни исломӣ буда, фахри миллати тоҷик ва кулли форсизабонон ва сойири ақсойи олам аст, ба шаҳодати писари Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) – Ҳаммод ибни Абӯҳанифа насаби падари бузургворашонро Нӯъмон ибни Собит ибни Марзбон куния намуда ва Марзбонро низ аз абнои Форс ривоят фармуда ва дар «Матлаъулъулум» – ном китоб насаби шарифи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)-ро ба Анӯшервони Одил мерасонад, ки ниёи тоҷикон аст. Хулоса, исми шарифи имоми ҳумом Нӯъмон кунияи муборакашон Абӯҳанифа ва лақаби ҷалилашон Имоми Аъзам аслан насабан аз тоҷикони гузари «Хоҷагон»-и билоди Парвони шаҳри Кобули Шариф мебошанд, ки дар замони Бани Таймуллоҳ ибни Саълабайт ба Ироқ, яъне ба Кӯфа омадаанд, ки Худованд ҳамаи эшонро ғариқи раҳмат бигардонад ва шоистаи Ҷаннат.

Алҳамду лиллоҳи аввалан ва охиран ва саллаллоҳу ъало сайидино ва Мавлоно Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи ва саллам.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …