Главная / Илм / ДУМҒОЗА

ДУМҒОЗА

dumgozaДУМҒОЗА (Os coccygis) дар натиҷаи якҷоя шудани 3 – 5 мӯҳраҳои рудиментӣ ташаккул ёфтааст. Дар байни устухони кос ба намуди фона ҷой дорад. Д. аз қисми боло бо ду шохчаи худ ба нӯги чорбанд пайваст мебошад. Дар нӯги Д. мушаки берунии мақъад устувор гаштааст.
Ба осебҳои Д. зарбу лат хӯрдан, канда шудани бандакҳо, баромадан, шикастан ва ғ. мансубанд. Онҳо асосан дар аснои бо сурин сахт афтодан ба вуҷуд меоянд. Баромадани Д. мумкин аст дар мавриди зодан ба мушоҳида расад. Яке аз аломатҳои асосии осеби Д. дард аст, ки он ҳангоми нишастан ва қазои ҳоҷат хуруҷ меёбад.
Ёрии аввалин ҳангоми осеби Д.: ба чорбанд гузоштани ях, истифодаи доруҳои рафъи дард, оромӣ. Ҳангоми осебҳои кушода чатанро сахт мебанданд. Беморро ба занбар хобонда бурдан лозим аст. ӯ дар беморхона бояд 7 – 10 рӯз аз ҷой нахезад. Бо мақсади таскин ёфтани дард аз шамъакҳои анестезинӣ истифода мекунанд.
Остеомиелит, ҳамчунин сил ва диг. бемориҳои Д. кам дучор мешаванд; баъзан онҳо ба пайдоиши думбалу носурҳо мусоидат мекунанд. Муолиҷаи амрози Д. бо роҳи ҷарроҳӣ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …