Главная / Гуногун / Истиғфор беҳтарин ҳадяе барои мурдагон аст

Истиғфор беҳтарин ҳадяе барои мурдагон аст

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) ривоят аст, ки: Расули акрам (с) фармуданд: Мисоли мурдагон дар қабр монанди он шахсест, ки дар дарё Ғapқ шуда ва барои наҷоти худ доду фарёд мекашад. Он бечора дар интизор аст, ки аз сӯйи падар, модар, бародар ва ё дӯсту ошное ҳадяи дуои раҳмату мағфират ба ӯ бирасад. Ва ҳар гоҳ аз ҷониби касе ҳадяе аз дуо ба ӯ мерасад, аз дунё ва он чи дар он ҳаст, барояш азизу маҳбубтар аст. Ва дар асари дуоҳои зиндагон ба мурдагони дар қабр аҷру савоби бисёр монанди куҳҳо аз ҷониби Худои таоло мерасад. Ва ҳадяи хоси зиндагон барои мурдагон дуои мағфират аст.[1]

dua

Аз Абӯҳурайра (раз) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Дар биҳишт мақому рутбаи як марди солеҳ дар як лаҳза боло бурда мешавад. Он биҳиштӣ савол мекунад:

  • Парвардгоро, ин баланд шудани дараҷаву мақоми ман аз чӣ ҷиҳатесг?

Ҷавоб мерасад, ки:

  • Дар асари дуои мағфирати фалон фарзанди ту».[2]

Дар ин ҳадис баланд гаштани мақом дар асари дуои фарзанд ба таври мисол зикр гардидааст, вагарна дуоҳои дигар муъминон низ нафъбахш хоҳанд буд. Ҳамон тавре, ки дар зиндагӣ бузургтарин ҳақ бар фарзандон ҳаққи волидайн асту хизмат ва итоати онҳо аз фароиз аст, ҳамчунин баъд аз марг волидайн бар фарзандон ҳаққи хосе доранд, ки барои онҳо дуои раҳмату мағфират кунанд. Роҳи хизмат ва ҳусни сулук бо онҳо баъд аз марг ҳамин аст.

Ҳадаф ва мақсуд аз ин ду ҳадиси Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) ва Абӯҳурайра (раз) фақат иттилои як ҳақиқат нест, балки ба тарзи муассире ба фарзандону дигар хешовандон ташвиқ шуда, ки ҳамвора барои мурдагон дуои мағфират ва раҳмат кунанд. Ин ҳадяи онҳо ба мурдагон дар қабр ва дар биҳишт ба таври доимӣ хоҳад расид. Гоҳе Худованди таоло ба баъзе аз бандагони хеш ин масъаларо нишон медиҳад, ки дар асари дуои шахсе ба мурда дар он ҷаҳон чӣ мақому рутбае расидааст. Худованди таоло яқину бовар бар ин ҳақоиқро насиб фармояд ва тавфиқи истифода аз онҳоро иноят кунад.[3]

Дуои истиғфор барои падару модар ва ҷамеъи мусалмонон чунин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-ғфирлӣ ва ли волидайя камо раббаёнӣ сағирав-ва-ғфир ли ҷамеъи-л-муъминина ва-л-муъминоти ва-л-муслимина ва-л-муслимоти ал-аҳёи минҳум ва-л-амвот, Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.[4]

Тарҷума: Эй Бор Худоё бахшоиш кун маро ва падару модари маро, чунончи тарбият додаанд ҳар ду маро дар хурдсоливу бузургӣ. Ва бибахш ҳамаи муъминону муъминот ва муслимину муслимотро, ононе ки зиндааид аз аз инҳо ва онон, ки мурдаанд. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

[1] Ин ҳадисро Байҳақӣ ривоят кардааст.

[2] Ин ҳадисро Имом Аҳмад ривоят кардааст.

[3]  «Маорифу-л-ҳадис».

[4]  «Иршоду-т-толибин»

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …