Главная / Гуногун / ДУХТАРИ КОРХОНА

ДУХТАРИ КОРХОНА

Боре директор ба модари Бозорой гуфт, ки кош, духтари ту барин сад нафар коргар мебуд…

– Не-е, гардам, ғалат кардед, – табассум кард модар. – “Духтари ман” нагўед, “духтари фабрика” гўед. Агар ним рўз дар хона монад, тоқаташ тоқ шуда ҳои нишаст намеёбад.

…Бозорой роҳравон хаёл мекард.

duxtarНогоҳ чашмаш ба Маҳбуба бархўрд. Саракаш миёни зонувон пинак рафтааст. Бозорой овозаш дод. Вале ў ҳарфе нагуфт, магар кару гунг буд, ки овози Бозоройро нашунид. Ҳузне дошт дар намудаш. Дилаш ба ў сўхт. Дар баракаш шишт.

– Хобӣ ё бедор, Маҳбуба?

Ў як қад парид.

– Ҳа-а. Ғанаб бурдааст. Охир, имрўз душанбе – рўзи вазнин аст.

Бале, аксари коргарҳо душанберо рўзи вазнин мегўянд. Аммо одаме, ки ба кор меҳр дорад, инро ҳис намекунад. Маҳбуба хомўш тарафи Бозорой чашм давонд. Чеҳраи ў тамоман тағйир ёфт. Ин дигаргунӣ чунон зуд ба вуқўъ омад ва чунон равшан буд, ки Маҳбуба лаҳзае худро гум кард, гунаҳкорона сар ба зер афканд. Вай мехост ҳамаашро гўяд, вале натавонист.

Бозорой кайҳо мушоҳида мекард, ки хислати Маҳбуба оҳиста-оҳиста тағйир меёбад. Бозорой мекўшид Маҳбубаро хубтар бифаҳмаду ба ў дасти ёрӣ дароз кунад. Вале ҳайҳот, кўшишҳояш бенатиҳа мемонд. Шиносоӣ ин тавр ба вуқўъ омада буд…

Вай аз роҳрави сех мегузашт, ки нохост ба гўшаш сўҳбати зайл расид:

– Толеи Бозорой баланд-а? Бубин, ки ба шаъни ў ҳар рўз як “барқ” овезон.

– Вай худодод-дия.

– Пешқадами штатӣ-дия, ҳар рўз барои вай ҳаёҳўй.

Ранги Бозорой канд. Гўшҳояш ғуввос заданд. Пойҳояш бемадор шуданд. Қиёфааш гирифта, табъаш хира гашт. Ёвагўӣ дилашро ба ғаш овард. Хост ба духтарон ҳавоби муносибе гўяд, вале натавонист. Пас чӣ бояд кард?

Вай ба лавҳае ки ба муносибати ў “барқ” овезон буд, наздик шуд.

– Духтарон чӣ ба шумо нафорид?

Онҳо саволомез ба якдигар нигаристанд. Яке зуд худро ба даст гирифт ва истеҳзоомез гуфт:

– Чӣ, магар мо сирру асрори шуморо намедонем. Ҳама чиз ба шумо. Пеши роҳатон ҳамеша кушода, бинобар ин пешқадам. Мо чӣ? Инаш нест, ваяш нест. План бошад, 50 фоиз! Мурӣ ҳам на пул кор мекуниву на обрў мегирӣ.

Бозорой бештар ҳайрон шуд. Гапа бинанд-а. Ҳа, бо панду насиҳат кор буд намешавад.

– Биёед, ба чашмони худ ана ҳамин муболиғаҳоро бубинед.

Онҳо дигар илоҳ надоштанд. Назди дастгоҳ истода фурсати нафас рост кардан надоштанд. Дастгоҳи Бозорой аз дастгоҳҳои дигарон фарқе надошт. Тамғаю соли барориш як, танҳо ду баробар зиёдтар моку дорад. Бозорой шаст мокуро идора мекард. Вай ором буд. торҳо оҳиста-оҳиста ба атласи рангинкамон мубаддал мешуданд. Риштае канда шуд. Бозорой бо ҳаракатҳои суръатнок ва дақиқ риштаи гусастаро пайванд кард. Барои ин амалиёт мувофиқи норма 18 сония вақт ҳудо шудааст, ў бошад, ҳамагӣ 9 сония сарф кард…

Аз ҳамон рўз Маҳбуба ба ў нобоварона нигоҳ мекард. Ва ў ҳоло ба садои дастгоҳ гўш дода, гоҳ-гоҳ ноаён ба тарафи Маҳбуба дида дўхта мехост аз ифодаи чеҳраи вай сирри дилашро бифаҳмад…

Бозорой орзуи бисёре дошт. Мехост, ки хонад, ба ягон мактаби калон дарояд. Вале солҳои баъди ҳанг оиларо саробонӣ мекардагӣ касе намонд. Як модар чӣ ҳам мекард, куҳоро мегирифт. Бозорой медид ва май мебурд, ки модараш барои қути лоямути онҳо чӣ қадар машақат мекашад.

Ў аз баҳри хондан баромад.

Ҳамин тавр Бозорой аз хурдӣ меҳнат карда, нон хўрданро омўхт, дар роҳи мақсуд устуворию матонатро ёд гирифт, қадри одамият, дўстию рафоқатро донист. Шавҳараш ҳам баъдтар ҳавонмарг шуд ва ў бо ду фарзанду модари пираш монд.

Бори гароне бар дўшаш афтод. Шабҳо ба Матлуба афсона мегуфт, сари гаҳвораи Фаёз нишаста “алла” мехонд. Дар саҳро баробари мардон аз субҳ то шом каланд мезад, пахта мечид. На рўзи истироҳатро медонисту на отпускаро. Баъд шавҳари дигар кард. Аз шавҳари дуюмин Камолхонро ёфту аммо ҳаёти оилавиаш барор наёфт. Ҳа, ранҳу заҳмат мекашид, то ҳигарбандону модараш хор нашаванд.

Ғаму ташвиш ҳўра-ҳўра меояд гуфтагӣ барин, заминҳои колхоз ба шаҳр гузашту ў бекор монд…

Ба фабрикаи атласбофӣ ба кор омад ва инак, чоряк аср боз он ҳо ресанда шуда кор мекунад. Ин солҳо солҳои меҳнати эҳодӣ ва ҳустуҳў буданд. Вале пайдо кардани салиқаи комил ва маҳорат чандон осон набуд. Дастгоҳ ба ў итоат кардан намехост. Дар ҳафтаҳои аввали кор сараш ба занбўрхона табдил ёфт. Агар мушкилтарин касб дуто бошад, яктааш ҳамин будааст. Имтиҳон супурда ба кори мустақилона рухсат гирифт. Ба ихтиёраш дастгоҳи сӣ мокугӣ доданд.

Баъди се моҳ Бозорой ба идора кардани дастгоҳи чилмокугӣ гузашт.

Вай ба фабрика, ба сех ва дастгоҳаш одат кард, унс гирифт. Аммо фақат ба як чиз одат карда натавонист. Ҳар бор бекористии дастгоҳоро дида зиқ мешавад, аз тангдилӣ ба худ мепечад.

Боре тоқаташ тоқ шуду сари роҳи саринженерро гирифт:

– То кай ба исрофкорӣ роҳ медиҳед?!

– Сари худам ҳам гаранг, ҳеҳ илоҳашро наёфта истодаем.

Пас аз чанде ў боз сари роҳи саринженерро гирифт:

– Илоҳашро ёфтам, – гуфт ў ба саринженер. – Клапанҳоро аз пласмасси сахт сохтан лозим. Ҳам арзону ҳам бадошт.

– Ин хубу-у… Лекин кӣ онро месозад?

– Дар системаи вазоратамон заводи “Металлопластмасс” ҳаст-ку. Тез сохта медиҳанд.

…Якто клапани озмоишӣ сохта, имтиҳон карданд. Он аъло гузашт. Бозорой ба корхона қариб даҳ ҳазор фоидаи софи иқтисодӣ овард.

Як рўзи боронӣ воқеае рўй дод, ки Бозорой онро гўё рўзи охир интизор буд: Фирўза бетоб шуду ба кор набаромад.

Усто ҳайрон шуд: кӣ медонад, Фирўза кай сиҳат шуда ба кор мебарояд? Акнун план иҳро нашуда мемонад.

Овози Бозорой усторо ба худ овард:

– Ман як илоҳ мекунам.

Ҳарду лаҳзае ба ҳамдигар нигоҳ карданд. Ниҳоят усто дудила шуда гуфт:

– Зўрат мерасида бошад?

– Канӣ як бинем…

Бозорой ҳамон рўз бист кило ресмон ресид. Ин рақам ба ман-манӣ наарзад ҳам, бо вуҳуди он ҳаҳише ба пеш буд. Бозорой ба қувваи худ боварӣ ҳосил кард. мошини 60 мокугӣ талабид. Як мошин буд. вале вайрон. Худаш ба таъмири он шурўъ кард. Рўзҳои истироҳат ҳам дар сех назди дастгоҳ буд.

Дар ибтидои панҳсолаи даҳум дастгоҳ ба кор даромад. Ҳамкорон хурсанд буданд.

Шолӣ бе курмак намешавад. Ҳамон рўз Бозорой аз кабинети сардори сех хурсанд баромад. Дар ҳамин вақт касе “план чӣ хел?” гуфта пурсид. Бозорой ба пурсанда нигарист. Муаттар-ку! Фикр кард, ки  Муаттар шояд, дар ҳақиқат чӣ қадар ресмон ресиданашро фаҳмиданист, ҳавоб дод:

– Бисёр нағз, 35 килограмм ресидам.

– Оҳо, рекорд-ку! Дар фабрика аввалин-а? Қоил! Ҳа, ин қадар куҳо саросемаӣ? – киноя кард Муаттар. – Пул зарур?

Ин гап ба дили Бозорой тир барин расид.

– Меҳнат ки кардӣ, пул ҳам мегирию обрў ҳам.

– Не, ин ҳо обрў намегирӣ, беҳтараш…

Дилаш хафа шуд. Аламаш омад, дар чашмонаш ашк пайдо шуд. Устодаш назди ў омада, ҳамрозона гуфт:

– Ту, духтарам, хафа нашав, ҳа. Коратро карда гаштан гир.

Гапҳои устод дили Бозоройро андак сабук гардонд.

Бозорой ба сафи партия қабул шуданашро ҳамеша дар ёд дорад. Тирамоҳи соли 1967-ум буд. дар вазъияти ботантана ба ў билети партиявӣ супурданду табрикаш карданд. Бозорой он рўз ваъда дод, ки сазовори номи пуршарафи коммунист мешавад. Соле ба ҳашт нафар духтар касби ресандагиро меомўзад. Ваъда медиҳад, ки шогирдонаш дар се моҳ тамоми нозукиҳои касбро азхуд намуда, ба кори мустиқилона мегузаранд.

Соли 1975 Бозорой қавл дод, ки марраи панҳсолаи даҳумро дар 2,5 сол фатҳ мекунад. ин кам аст ё зиёд? О, ин, яъне ҳар рўз ба ҳои ду кас кор кардан зарур. Оё ин осон аст? Албатта, не! Бозорой ба аҳдаш вафо кард. Аввалин будан ҳамеша душвор аст, вале пешоҳангиро аз даст надодан аз он ҳам душвортар будааст. Боре аз паи иҳрои вазифаи депутатӣ рафтан лозим буд ва ў натавонист дастгоҳҳоро тоза кунад. Ҳамкораш онҳоро қабул накард. Ҳамкорон эрод гирифтанд: “Чӣ ин қадар якравӣ мекунӣ? Ҳар кор шуданаш мумкин. О, аз дигарон қабул мекардӣ-ку?”. “Аз дигарон ҳа, – бо писханд ҳавоб дод ў, – лекин аз ў не”.

Ана ҳамин хел…

Нидое риштаи андешаҳои Бозоройро гусаст. Оҳанги тарсу ваҳм дошт он. Бозорой он сў нигарист. Дид, ки Маҳбуба “оҳу-воҳ”-кунон ангушташро дошта хаму хез мекард. Он зери дўк монда будааст. Бозорой докаю марҳам оварда, ҳои захмро баст. Ин вақт усто пайдо шуду ба сари духтар дод зад:

– Ҳушат куҳо буд!?

– Ба кӣ мешуд? Хушдораш-дия! – “қаҳ-қаҳ” хандид касе.

Усто мехост ким-чи гўяд, лекин нигоҳаш чун ба авзои беҳошудаистодаи Бозорой афтод, аз нияташ гашт.

– Акнун дастгоҳи ўро кӣ идора мекунад? – ғамгинона гуфт усто.

– Ман худам, – дарҳол ҳавоб дод Бозорой. – планашро ҳам буд мекунам.

– Хайр, мебинем, – гўён усто аз паси кори худ рафт.

Маҳбубаро ба хона ҳавоб доданд. Рафт, вале пас аз муддате баргашт. Бозорой ҳис кард, ки Маҳбуба дилашро пеши ў кушоданист. Лабони Маҳбуба – “пир-пир” париданд, дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.

– Маро… – манаҳаш ларзид. – Маро… зўран ба шавҳар доданӣ. Ҳеҳ вақт…

Овози ў дар гулўяш монд.

– Зўран! Кӣ?

– Модарам…

Бозорой сари Маҳбубаро модарвор сила карда пурсид:

– Домодшаванда кӣ?

– Ҳамсояамон Даврон.

– Даврон? О, вай зан дорад-ку?

– Ҳа, дошт… Занаш касал шуд, ўро пеш кард… Бо ду кўдакаш…

Андешае ўро домангир шуд: аз куҳо ин ҳама нофаҳмӣ, бераҳмию ҳирси пулу мол? Ҳаққи шир гуфта духтарашонро мефурўшанд, ба гирдоби азобу уқубатҳо гирифтор мекунанд. О, одам гов не-ку! Куҳост инсофу куҳост одамгарӣ?!

Хонаи Маҳбуба дар поёни маҳаллаи 103 воқеъ буд. Роҳе, ки дар ду тарафаш ниҳолҳои тут ва бед шинонда буданд, ба сўи хонаи онҳо мебурд. Дарро ба рўи Бозорой модари Маҳбуба боз намуд. Вай зане буд ситорагарм.

– Вай… Биёед, Бозорой-апа, марҳамат, дароед… Ҳар рўз дар газетаву телевизор шуморо мебинаму доим орзу мекунам, кошки Маҳбубаи ман ҳам шумо барин номдор шавад.

– Мешавад, – Бозорой ба сари мақсад омад. – Лекин худатон намехоҳед.

– Ман?! Чи хел намехостаам? Кадом модар…

– Бале, модареро пайдо кардан душвор аст, ки бахти фарзанди худро нахоҳад. Лекин…

Зан бо тааҳҳуб нидо кард:

– Намефаҳмам… шумо чӣ гуфтаниед?

Бозорой мақсади омаданашро арз кард.

– Ҳоло элчӣ шуда, омадам гўед…

Дар як лаҳза чеҳраи зан тағйир ёфт. Вай дигар ба он зани ситорагарм монанд набуд. Якбора чун хаси ба оташ афтода дар гирифт.

– Замонаро бинанд-а! Бо хуни ҳигар фарзанд ба воя расониву соҳибихтиёраш набошӣ. Ғами ўро хўрда ба шавҳар диҳӣ, ҳазор гапу калоча. Гапа бин-а! Ман духтарама мефурўхтаам. Духтар духтари ман, чи коре кунам, ҳақ дорам!

– Ба бадбахт кардан ҳам?! О, домодшаванда занашро бо ду фарзанд аз хона пеш кардагӣ. Дуюм ин ки вай аз Маҳбуба хеле калон. Пас, зиндагии онҳо чӣ хел мешавад?

– Надонам…

– Ин зиндагӣ намешавад, зиндон мешавад. Ё гапам хато?

– Надонам. Лекин шукри ҳамин Даврон одам мондааст. Аз ин пеш ду кас ҳам баромадагӣ буд. пурсиданд, ки “Духтар кӣ дорад?”. “Оча” – гуфтам. “Сарҳўй будааст”, – гуфта рўй гардонданд. Алам намекунад…

– Номаъқул кардаанд. Лекин ношукрӣ аз шумо гузаштааст. Иброҳим одам монда будааст. Шумо “камбағал” гуфта розӣ нашуда будед. Ҳамин тавр не?

Зан хомўш монд.

– Магар бахти инсон дар пулу мол аст? Пулаш бисёр, вале инсофу одамгарӣ надорад. Ягона мақсадаш нафс. Иброҳим бачаи меҳнатӣ, дўстонаш зиёд, ин давлати калон аст. Аз ҳама муҳимаш онҳо якдигарро дўст медоранд.

Сўҳбати онҳо тўл кашид, вале модари Маҳбуба гапи худро гап гуфта шиштан гирифт. Рўзи дигар Бозорой боз омад, модар ҳамоно якравӣ мекард. Аммо Бозороӣ ҳам одати аз нимароҳ гаштанро надошт…

Замона дигар шудагӣ, дил дили Зайнаб…

…Пагоҳӣ митинги серодам барпо гардид. Котиби ташкилоти партиявӣ митингро кушода гуфт:

– Қавли коммунист яктост. Бозороӣ Аҳмадова қавл дод. Ва иҳро кард! Ба ҳои 8897 килограмм 26768 килограмм абрешим ресид!…

Мавҳи қарсак танинандоз гардид. Гулҳои рангоранги зебо бо чеҳраи гулгуну рухсораҳои ҳуснафзуни ў гўё ҳанг доранд. Гулдастаҳои атрбез, ки ба кас рўҳу шавқи тоза мебахшанд, подоши меҳнати ҳалолу диловаронаи ўянд.

– Бо чӣ ба ҳамаи ин муносиб шудам?

– Бо меҳнат, – ҳайрон шуда гуфтанд ҳамкорон.

Оре, меҳнат як ҳиҳати қаҳрамонии Бозорой аст. Тарбияи фарзандон чӣ? Матлуба унвони номзади илми тиб гирифтааст. Фаёз ва Камол низ институти тиббиро хатм карданд, духтуранд. Ин заҳматҳои дигари модар аст.

8 августи соли 1986

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …