Главная / Гуногун / ДОСТОНИ «БЎРОНДУХТ ВА ИСКАНДАР»

ДОСТОНИ «БЎРОНДУХТ ВА ИСКАНДАР»

АЗ «ДОРОБНОМА»-и АБЎТОҲИРИ ТАРСУСӢ 

Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абўтоҳири Тарсусӣ аз ин қиссаи дилкушои рўҳафзой чунин ривоят мекунад, ки чун Дороб ибни Доробро ба Эрон бурданд, чунин гўянд, ки ўро духтаре буд сахт боҷамолу камол, ки ў беназири аҳли хеш буд ва дар ҳаждаҳсолагӣ сурати Сиёваҳшу фарри Ҳушанг дошт ва дар қуввату диловарӣ ба Исфандиёр мемонд. Аммо бар лаб хатти сабзе дошт, чунон ки ҳар ки варо бидидӣ, пиндоштӣ, ки ў мард аст ва гурзи дувисту панҷоҳ ман кор фармудӣ. Ва Дороб ин духтарро қавӣ дўст доштӣ ва ҳунарҳое, ки шоҳзодагонро мебакорояд, ҳама ўро даромўхта буд. Ва ин духтарро Бўрондухт ном буд ва ба ривояти дигар Равшанак ном дошт. Аз он сабаб ўро Бўрондухт гуфтандӣ, ки ў пушти лаб сабз дошт ва ҳеҷ касро ба мардӣ нашумурдӣ.

iskandar

Чун хабари марги Дороб ба Бўрондухт расид, олами равшан ба чашми ў сиёҳ шуд, худро аз тахт ба хоки сиёҳи тира дарандохту беҳуш шуд. Гулоб ба рўи ў заданд, то ба ҳуш омад, чашм боз кард, чашмаш бар он канизакон афтод, ки мўйҳо бурида буданду рўйҳо харошида ва дар хоку хун ғалтон шуда. Бўрондухт наърае барзаду ҷома бар худ чок зад ва мўи худ барканду рухсораи чун моҳро бихарошид ва соиди худро ба дандон бихоид ва гушти худро ба дандон бармеканд, то гуфтанд, ки «Доробро оварданд». Бўрондухт бо хотуну2 канизакон3 берун рафтанд. Чун чашми Бўрондухт бар тобути падар афтод, худро аз маркаби  Дороб ба хок дарандохту дар хоку хун биғалтид ва бехудии бисёр кард.

Он амирону бузургон, ки бо тобути Дороб омада буданд, чун чашми эшон бар Бўрондухт афтод, боз аз сар ҷомаҳо чок заданду хок бар сар рехтанд. Бўрондухт чун эшонро бидид, худ задан гирифт, то канизакон биёмаданду вайро бигирифтанд, боз ба наздики падар омаду бигирист ва гуфт:

— Эй падари ман в-эй қуввати дили ман, маро бе ту зиндагонӣ чӣ кор ояд! Аммо ба равони5 тую ба равони ниёи6 бузурги ман-Дороб ибни Ардашер, ки ин ҷо ҳозир аст, ки доди ту аз Искандар, абераи Файлақус боз хоҳам, ки Ҷонусиёру Моҳёрро донам, ки ў баргумошт7, то ба ту ин муомила карданд.

Ин бигуфту бархост. Чун дахмаро бипўшониданд ва халқ бозгаштанд, ин хабар ба Искандар расид, ки духтари Дороб чӣ гуфту савганд чӣ гуна хўрд. Искандар бо Аристотолис машварат кард, ки «ин духтари Дороб дар сар ҳаваси булаҷабе дорад, акнун рой бизан, ки чӣ бояд кардан, ҳароина тадбире бояд ангехт.»

Аристотолис гуфт:

— Чун ин духтар падари худро кушта дид, оташи ғазаб дар сар афтод. Агар аз дарди падар сухане гўяд, маъзур бошад, алалхусус, мешунавам, ки ин духтар ба Исфандиёр мемонад, ки шуҷоате азим дораду дувисту панҷоҳ ман гурзро

кор мефармояд ва камони ўро дар мулки Эрон касе наметавонад кашид. Бо ў мудоро бояд кардан, то ором шаваду ба доми мо афтад.

Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абўтоҳири Тарсусӣ аз ин қисса ривоят чунин мекунад, ки чун аз ин сухан ду моҳ баромад, Бўрондухт амирону бузургонро ҷамъ карду гуфт:

— Шумо чӣ мегўед дар ин сурат, ки Искандар аз Рум биёяду падари маро бикушад ва қасди тахти Эрон дорад. Шумо бо ў дил яке доред?! То ман бидонам, ки маро бо вай маслиҳат чист, то ба он машғул гардам! Ҷавоби маро ба ростӣ гўед!

Он рўз мабод, ки бо вай дил яке кунему аз подшоҳи худ баргардем ва мулки Эронро ба вай диҳем! То ҷон дар тани мост, бо Искандар ҳарб кунем аз баҳри шумо ва то хуни Дороб ибни Доробро аз вай нахоҳем, аз пой нашинем ва бо ду даст теғ мезанем!

Чун Бўрондухт аз эшон ин сухан бишунид, шод шуду ҳамаро бинавохт ва бар эшон офарин карду аз эшон байъат8 биситод ва нома ба сўи Истахру Форсу Кирмон ва Сипоҳону Курд аз Кўршўлу Мозандарон ва Ироқу Гелон навишт ва аз эшон мадад хост. Дар се моҳ саду бист ҳазор савор барии Бўрондухт ҷамъ шуданд, берун аз он мутааллиқон, ки бо ў буданд. Дари хазина боз карду ҳамаро мол бахшид ва аспу сипоҳ бахшид ва гуфт:

— Агар ман Искандарро бикушам, мартабаи шуморо би афзоям ва бо шумо чандин накўӣ кунам, ки дар фаҳм наёяд. Ҳама сарҳо бар замин ниҳоданду хидмат карданд ва чунин гуфтанд, ки «то як раг дар тани мо ҷунбад, мо дудастатеғ занем, бошад, ки бар душман зафар ёбем». Ин бигуфтанду рўй ба сўи Искандар оварданд.

Чун шоҳ Искандар аз ин аҳвол хабар ёфт, зуд лашкари азимро номзад кард (тиъин кард) бо даҳ амиру мардони хиёр (баргузида), то баробари Бўрондухт бозомад ва лашкари дигарро таълим кард, ки шумо фурсат нигоҳ доред, ки ин лашкари мо ба лашкари Бўрондухт чун дар ҷанг оянд, шумо бар лашкаргоҳ бизанеду ғорат кунед ва хазинаву мол бардоред ва бар астарону уштурон бор кунеду боз гардед.

Чунин тадбирҳо бикард, рўй ба Бўрондухт овард. Бўрондухт хабар ёфт, баробари лашкар бозомаду хаймаву боргоҳ бизаданд ва он шаб ҳамчунон буданд.Рўзи дигар чун офтоб баромад ва овозаи кўсу (нақора) буқ (шайпур) аз ҳар ду лашкар баромад, рўй дар руй биистоданд. Амире буд бузург мар Искандарро, номи ў Сўҳроб. Марде диловар буду кордон.

Як шахсеро гуфт:

Бирав баробари ин лашкар ва бо овози баланд бигў, ки: «Эй лашкари Эрону Ироқу Порс, шумо аз баҳри чӣ кор омадаед ва аз ҷиҳати кӣ ҷанг хоҳед кард, ки Дороб кушта шуд ва амирону бузургони ў бо Искандар байъат карданд ва дар миёни шумо истодаанд, то чун ҷанг шавад, эшон ба сўи Искандар раванд ва шуморо хабар нест. Ба хонумони худ раведу дар хуни худ маронед, вагарна пушаймон шавед ва он гоҳ суд надорад».

Он гўянда бирафт ва ин суханон ба овози баланд бигуфт, чунон ки эшон бишуниданд ва баъзе аз эшон ин суханон рост пиндоштанд. Бўрондухт гуфт:

— Ман ба Искандар коре кунам, ки ҳамаи ҷаҳониён ибрат гиранд! Ин бигуфту асп дар майдон тохт ва ҷавлон намуд ва он амуди9 дувисту панҷоҳманӣ бардошт ва мубориз талабид. Марде буд аз лашкари Искандар, ки ўро Каҳлос гуфтандӣ. Марде хиёр (паҳлавон) буд, ўро ҳеҷ аспе натавонистӣ кашид, бар уштур нишастӣ. Теғе дошта вазни сӣ ман, ки агар бар кўҳ задӣ, ба ду ним кардӣ. Силоҳ кушоду бо барии Бўрондухт омад ва ҳам аз гарди роҳ ҳамла кард. Бўрондухт чун гармии ўро бидид, баробари ҳамлаи ў боз шуд, яке бо теғу яке бо гурз, то чанд хамла дар миёни эшон ботил шуд.

Бўрондухт бо худ гуфт:

— Ин мард мардона аст, аммо чаро бояд. ки маро бо ў чандин рўзгор шавад?

— Ин бигуфту ҳамлаи сахт баровард чун оташи сўзон ва ба ҳар ду пой дар рикоб биистоду он гурзро баровард. Каҳлос чун бидид, сипарро бо гурз гузошт, то магар ҳамлаи ўро рад кунад. Бўрондухт он гурзро бо қуввати бозу чунон бизад, ки мағзаш парешон шуд, Каҳлос аз сари асп дарафтоду ҷон бидод. Лашкари Искандар чун Каҳлосро кушта диданд, ҳама бар дасту бозуи Бўрондухт офарин карданд. Марде буд дар лашкари Искандар, ки ўро Фарҳод гуфтандӣ.

Амири даҳ ҳазор мард буду дар қалб10 истода буд, бо амирон гуфт, ки: «бо ин савор ҷангу мубориза кардан маслиҳат нест. Тадбир он аст, ки ба як бор ҳамла кунем, бошад, ки ба дасти ғалаба ин лашкарро битавонем шикастан». Ин бигуфтанду ба як бор ҳамла оварданд. Лашкари Эронниз аз ҷой ба як бор биҷунбиданд. Овози кўсу дуҳул ба расид, ҳама теғу гурз ва ночиху13 даҳра14 ва зубин (найза) бар сару фарқи якдигар ниҳоданду мекуштанд.

Лашкари Рум бар Бўрондухт ғалаба карданд ва ўро чун қалъа дар миён гирифтанд. Лашкари Бўрондухт хостанд, то ҳалқаро аз ҳам бидаранд, то ўро савор кунанд, натавонистанд. Ҳама рўй ба ҳазимат ниҳоданд ва бо якдигар гуфтанд:

— Бўрондухтро кор аз даст рафт.

Ва дареғ мехўрданду мерафтанд. Чун Бўрондухт аз лашкари худ асар надид, ноумед шуд. Замоне бар ноумедӣ ҳарб кард ва ў низ худро аз миёни лашкар берун андохт. Бо ғуломону чокарони худ то миқдори ду фарсанг15 роҳ рафт, назар кард, чаҳордеворе дид бас баланду маҳкам, наз дики чаҳордевор омаду гирди он чаҳордевор бигашт ва ҷое пеши чашм кард, ки ҷое маҳкам буд. Ҳамон ҷо биистоду он ғуломону чокарон низ биистоданд.

Бўрондухт гуфт:

— Биталабед, то ҳеч ҷое обе ёбед, ки ман ташнаам, то шар бате об бихўрам. Чанд ғуломи гурд баромаданд, чашмаи обе ёфтанд, ки бар сабза меғалтид чун марворид, ҷое хушу хуррам ва мақоми16 бонузҳат17. Ғуломон шод шуданду аз он об бихўрданд ва ба наздики Бўрондухт машрабае18 об биёварданду аҳволи он чашма ва марғзорро бигуфтанд. Бўрондухт шод шуд ва…. ба наздики он чашма омад ва дасту даҳон бишуст. Он гоҳ рўй бар хок молиду бигирист ва гуфто:

— Худовандо, бандаеам аз камтарин бандагони даргоҳи ту, маро фарёд рас, ки падарамро куштанду қасди ҷони ман низ кардаанд, ту маро даст гир, ки дастгири дармондагон туӣ.

Ин бигуфт ва мегирист, ки ногоҳ овози суми маркабон ба гўши ў расид, барҷасту силоҳ дарпўшид ва бар маркаб савор шуд. Лашкаре дид ба миқдори панҷ — шаш ҳазор мард, ки рўй ба роҳ оварда буданд ва мерафтанд. Бўрондухт бо худ гуфт, ки «оё ин лашкари Мозандарон бувад, ки ба ҳазимат мерафтанд?»

Бўрондухт он лашкарро бишинохт, зуд чанд ғуломро дар ақиби эшон бифиристод. Он ғуломон маркабон бидавониданд, то бирасиданд. Ғуломон гуфтанд:

— Инак, шоҳзода Бўрондухт наздики он чаҳордевор истодааст, шуморо, ки дид, моёнро дар ақиби шумо мефиристод.

Эшон ҳама шод шуданду ба наздики Бўрондухт омаданд ва ҳама пиёда шуданду хидмат карданд. Бўрондухт ҳамаро бипурсид ва узр хосту гуфт:

— Шумо ба сабаби ман хонумон барандохтед ва зану фарзанд раҳо кардед ва ҷонҳо бар кафи даст ниҳодеду ба гирди ҷаҳон мегардед. Агар зинда монам, узри шумо бихоҳаму ба ҳаққи шумо бирасам.

Инҳо гуфтанд, ки «мо ҳама бандагони туему аз они Дороб, ки падарони мо бандагони шоҳ Дороб буданд ва бидонад маликаи Эрон, ки то пои ту дар рикоб бошад, мо аз барои ту ба ду даст теғ бизанему аз ту барнагардем, то кори мо ба Искандар якрўя шавад. Ин ҷо аз баҳри он омадаем, ки ҷое талабем, ки фуруд оему аз шумо хабар ёбем. Акнун ки шуморо бо ҷон дидем, ҳар чӣ ишорат кунед, бо он биравем». Бўрондухт бар эшон офарин карду эшонро ба ҷойгаҳи некў фуруд овард, то ҳама бар сари он чашмасор мақом карданд ва фуруд омаданд.

Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абўтоҳири Тарсусӣ аз ин қиссаи дилкушои ҷонафзой чунин ривоят мекунад, ки чун Бўрондухт об бихўрд, силоҳ аз худ ҷудо кард ва мар ғуломонро гуфт: Тане чанд биёсоед ва тане чанд талоя20 бошед, то бо хатое бознахўрем. Аз он ғуломон тане чанд ба талоя рафтанд ва ҳам дар навоҳии он чаҳордевор мегаштанд ва пос медоштанд ва ягону дугон аз асп фуруд меомаданду мехуфтанд, ки ҳамаи эшон хаста буданд ва ҳам аспон монда шуда буданд, ки гом аз гом21 наметавонистанд баргирифт ва бар ҷой хушк бимонда буданд. Аммо дар миёни он ғуломон ғуломе буд румӣ, ки ўро Бўрондухт харида буд ва он ғуломро ҳамон ҳавои Рум дар сар буду чанд бор қасди он карда буд, то аз Эрон бигузараду ба Рум равад, аммо фурсат намеёфт.

Чун Бўрондухт ба он чаҳордевор омаду такя кард ва он ғуломонро гуфт, ки пос доред, он ғулом бо худ андеша кард, ки фурсат ба вақт нест, ки ҳамин соат рўй ба лашкаргоҳи Искандар биёраму аз ҳоли Бўрондухт шоҳ Искандарро хабар диҳам, то лашкар бифиристад ва Бўрондухтро бигирад, то ин ҷангу ошўб кам шаваду ин

фитна бинишинад. Ва чун инчунин коре карда бошам, шоҳ Искандар маро бинавозаду мартабаи маро баланд гардонад ва ман низ дар Рум бимонам. Ин бияндешиду оҳистаоҳиста аспро инон (лаҷом) гирифта буд ва мечаронид, то чандоне, ки аз он ғуломон дур афтод, пой дар асп оварду рўй ба лашкаргоҳи Искандар овард. Чун ба даргоҳи Искандар омад, бор хост… Ҳоҷиб бо шоҳ Искандар гуфт: Дароредаш, то бубинам, ки чӣ мегўяд. Ҳоҷиби бор берун омаду

бозуи он ғулом бигирифт ва дар пеши шоҳ Искандар овард. Чун чашми ғулом бар шоҳ Искандар афтод, хидмат карду ба забони румӣ шоҳро дуъо гуфт.

Баъд аз он гуфт:

— Эй шоҳ, хабаре овардаам, агар иҷозати шоҳ бошад, би гўям: Шоҳ Искандар гуфт:

— Иҷозат аст.

Ғулом аҳволи Бўрондухт, ҷанг кардани ў бо лашкари Искандар, ба бад-он чаҳордевор омадану он ҷо хуфтан ва ғуломонро гуфтан, ки шумо талоя доред, бигуфт ва гуфт:

— Ман ба хидмат омадаам, то шоҳро маълум кунам, ки Бўрондухтро осон метавон ба даст овардан. Шоҳ Искандар чун ин бишунид, аҷаб дошт аз он сухан ҳое, ки он ғулом гуфт. Шоҳ Искандар он ғуломро гуфт, ки аз ин ҷо то ба он чаҳордевор чанде роҳ бошад?

Ғулом гуфт:

— Шояд, ки ду фарсанг роҳ бошад ё набошад, зуд шоҳ Искандар ду амири бузург бо чанд амиронро номзад кард бо даҳ ҳазор мард ва гуфт:

— Хоҳам, ки бираведу Бўрондухтро бигиред ва ба назди ки ман биёред. Ва ин ҳар ду амири бузург бо ҳашт амири дигар лашкар баргирифтанд ва он ғуломро бо асп оварданду таому шароб бидоданд, то сер бихўрду савор шуд ва дар пеш даромаду он ду амирро бо лашкари гарон, ки даҳ ҳазор савори корзордидаи ҷаррора (зўру тавоно) буданд, ба наздики Бўрондухт овард.

Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абўтоҳири Тарсусӣ аз ин достони аҷоибнигор чунин ривоят мекунад, ки чун он ғулом бирафт ва субҳи содиқ бидамид, Бўрондухт он лашкари Мозандаронро ба он сарчашма фурў оварда буд, чун чоштгоҳ шуд, бист ҳазор мард бари Бўрондухт ҷамъ шуданд, аммо на хайма доштанд, на боргоҳ, ки ҳамаро лашкари Искандар ғорат карда буданд ва тадбири он кор ме карданд, ки чӣ гуна кунем, то чизе ба чанг орем, ки аз дурр гарде пайдо шуду бод бар он гард зад ва бишикофт, аз миёни он гард лашкаре пайдо шуд, аломати он лашкар даҳ ҳазор мард буд, Бўрондухт чун он лашкар бидид, бонг бар мардумони худ бизаду гуфт:

— Эй ҷавонмардон, инак аспу силоҳу неъмат, ки аз барои мо овардаанд! Бархезеду барнишинед ва бикушед, ки то кини (қасди) худро аз ин ноҷавонмардон бихоҳам!

Он ҳама лашкар дар силоҳ шуданд. Бўрондухт лашкари худро ба чаҳор қиём кард, ба ҳар ҷое панҷ ҳазор мард дар камин бинишонд ва худ бо сесад ғулом дар баробар биистод.

Чун ғуломони Бўрондухт бо он андак моя мардум, ки ғуломону чокарони ўянд ва бар он дари чаҳордевор истодаанд, гуруснаву хаста. Чун он амирон Бўрондухтро бидиданд, баромаданд, то ба наздики он чаҳордевор расиданд, бар ҷой истоданду якеро гуфтанд, ки «бираву Бўрондухтро бигўй, ки ин лашкарест, ки аз пеши шоҳ Искандар омадааст. Шоҳ Искандарро маълум карданд, ки шумо ин ҷо омадаед, моро фиристодааст, ки Бўрондухтро биёред ва агар наёяд, ўро бигўед, ки Искандар туро салом мерасонад ва мегўяд, ки чаро ҷанг мекунию фитна пайдо месозӣ ва хуни озодмардон мерезӣ? Ман аз Рум ҷиҳати ҷанг кардан наёмадаам, ба падарат гуфтам, нашуниду ҷон ба бод дод! Ту он макун, ки падарат кард, то ту низ

ҷон ба бод надиҳӣ! Биё ба наздики ман, то ҳар чӣ хоҳӣ, ба ту диҳам ва ҳар чӣ муроди ту бошад, ба ту расонам, ки мо бегона нестем, аз як наслем. Ту духтари Дороб ибни Доробӣ ва ман писари Дороб ибни Ардашер. Раво набошад, ки дар миёни мову ту адоват бошад, то баъд аз мо подшоҳон ин сухан бишунаванд ва моро бинакўҳанд.» Чун он кас ин сухан бигуфт, Бўрондухт гуфт:

— Инро дастбурде бояд намудан, то дигар чунин пайғом наёбад.

Тире аз ҷаъба (тирдон) баркашиду бар камон ниҳод ва чунон бизад, ки дар даҳони он пайғоморанда даршуду аз қафо берун парид. Он мард аз асп андарафтоду ҷон бидод ва он Суҳробу Фарҳод ва амирони дигар чун он ҳол биди данд, бо якдигар гуфтанд, ки «айб аз мо бувад, чаро бояд, ки бо Бўрондухт аз ин гуна сухан гўему бо ў сулҳ ҷўем? Шоҳ Искандар моро гуфт: «Бираведу Бўрондухтро бигиред ва зинда ба наздики ман оред».

Ҳеч аз ин беҳтар нест, ки ба як бор ҳамла кунему эшонро дар миён гирем ва ба дасти ғалаба ҳамаро гирем! Ин бигуфтанду ба як бор ҳамла карданд ва ҳой — ҳой баромад ва он даҳ ҳазор мард ба як бор рўй ба Бўрондухт овар данд. Бўрондухтро ҳеҷ дил аз ҷой набурду баробари он лашкар омад ва гурзи калонро кор фармуд. Бо ҳар амуде (гурзе) мардеро бо асп ба ҳам дар зин шикасту ба ҳар ҷониб, ки Бўрондухт ҳамла мекард, аз кушта пушта мениҳод ва он амирон ҳар соат бонг бар лашкар мезаданду ба гирифтани Бўрондухт таҳриз (иғво) мекарданд, ки ногоҳ аз чаҳор гўша он бист ҳазор мард кашида чун шерони гурусна аз ямину ясор (росту чап) ва пасу пеш даромаданду ба заҳм гирифтанд. Чун лашкари Шоҳ Искандар он ҳама лашкарро бидиданд, бидонистанд, ки эшон камин карда буданд.

Умед аз ҷон баргирифтанду гуфтанд ки «ин ғулом бо мо макр карду моро ин ҷо овард ва дар тағораи хун ниҳод». Ин бигуфтанду ин ғуломро порапора карданд.

Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абўтоҳири Тарсусӣ чунин ривоят мекунад, ки чун он лашкари Бўрон духт он макр бикарданд, аз баҳри аспу салоҳ, ба бахт мекушиданду бемуҳобо аз он лашкар мекуштанд ва мехостанд, то дар як соат даҳ ҳазор мардро бар замин заданд ва хастаро худ адад пайдо набуд ва аз он амирон баъзеро мекуштанду баъзеро асир карданд ва бари Бўрондухт оварданд.

Бўрондухт бипурсид, ки «Шуморо бад-ин мақом кӣ овард?!»

Аҳволи ғулом бозгуфтанд. Бўрондухт гуфт:

— Он ғуломро биталабед! Гуфтанд:

— Мо чунон пиндоштем, ки он ғулом бо мо макр кардааст. Мо вайро бикуштем. Он ғуломро талабиданд, кушта ёфтанд. Боз сари Фарҳодро бибуриданду гўшу бинии

Сўҳробро бибуриданд ва сари Фарҳоду ғуломро бар гардани Сўҳроб овехтанд. Он гоҳ Бўрондухт гуфт:

— Бираву Искандарро бигўй, то ҷангро омода бошад. Сўҳроб бо ин аломат ба лашкаргоҳи хеш омад. Чун амирон лашкари Сўҳробро бад-он аломат бидиданд, аҷаб доштанд ва ҳамчунон ба наздики Искандар оварданд. Сўҳробро бипурсид, ки

«туро ин чӣ афтод?» Сўҳроб замин бўса дод ва гуфт:

Он нашуд, ки мо хостем, он омад, ки Худой хост! Бўрондухт берун омаду Фарҳодро бо ҷумлаи амирон ҳалок кард ва инак сари ғуломи роҳбар бо сари Фарҳод ба наздики Шумо фиристод, ки ҷангро омода бошед. Искандар ҳайрон бимонд, гуфт:

— Магар макрею тилисме сохт? Сўҳроб гуфт:

— Тилисме дигар набуд, аммо бар мо тохтан овард ва он гоҳ Фарҳодро бигирифту сар бибурид ва маро бад-ин холл бифиристод.

Искандар чун ин бишунид, дар аҷаб бимонду гуфт.

— Эй Сўҳроб, Бўрондухтро куҷо мондӣ? Сўҳроб гуфт:

— Яке чаҳордеворе рост кардааст ва дар он ҷост. Искан дар гуфт:

— Савор шавему биравем ва Бўрондухтро бигирем? Аристотолис бихандид. Искандар гуфт:

— Чаро механдӣ! Ҳаким гуфт:

— Дар қудрати Яздон нигоҳ мекунаму ҳикматҳои аҷабро меандешам, ки дар ҳар соат дигар алвон (ранг ба ранг) ҳикмате менамояд. Дар андак рўзгор чанд бор кори малик булаҷаб шуд, то оқибат чӣ шавад?

Искандар гуфт:

— Мо ҳама дармондаву очизем ва малики малик Худой аст ва ҳукми ўст, аммо бо ин Бўрондухт ҷанг кардан маслиҳат нест, ки ҳар кӣ қасди вай кунад, ҳалок шавад.

Аристотолис гуфт:

— Ҷумлаи корҳо ба вақт мавқуф аст. Акнун вақт аст, ки ўро тақсир (хато) накунем, то ин фитнаҳо магар биёромад, ки агар лашкари Табаристону Мозандарон ва Хуз хабар ёбанд, ҳама бо вай ёр шаванд ва Бўрондухт боз қавӣ гарда ду ба даст овардани ў душвор шавад.

Пас бифармуд, то кўс (нағора) фурў кўфтанду пой дардамиданд ва Искандар савор шуда, лашкари Порсу Ироқу Рум чун дарёи ҷўшон аз ҷой биҷунбониданд ва он рўз то шаб биронданд, то ба наздики Бўрондухт расиданд. Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абўтоҳири Тарсусӣ чунин ривоят мекунад, ки то Искандар ба Бўрондухт расид, Бўрондухтро бисту панҷ ҳазор савор ҷамъ шуда буданд, ҳама муборизони хиёри хуношом. Чун ҷосус бирафт, Бўрондухтро хабар кард, ки «эй маликаи Эрон, Искандар бо лашкари бисёр расид ва ба бад-он омадааст, то туро бигирад». Бўрондухт бо сипоҳи хеш гуфт:

— Эй падарони ман, имрўз ҷуз тозиёна ва ин асп, ки бар он нишастаам, чизе дигар надорам. Ҳама молу неъмат Шуморо манфиат бувад, ки агар ман ба тахти худ боз расам, ҳамаро аз мол Қорун кунам ва агар маро ёрӣ нахоҳед дод, ҷумла маро сареҳ (равшан) бигўед, то ман бидонам, бархе заму ба Ҳиндустон шавам, ки малики Ҳинд аз дасти падар калони ман — Дороб подшоҳ аст. Чун он ҷо равам, бубинам, ки ҳукми Худованд чист, ки он чи хости ўст, бояд ин қиёс  кард, ки ҷуз он нашавад.

Чун Бўрондухт ин сухан бигуфт, он лашкар, ки бар ў ҷамь омада буданд, ҷумла бигуфтанд, ки «чаро чунин мегуӣ? Мо ҷумла бандагони вафодору хидматгори туем ва мо ҳама, ки аз Хуросону Мозандарон омадаем, то ҷон дар тан дорем, бо душмани ту теғи ҷонрабой мезанем!» Бўрондухт бар ҳама офарин карду ваъдаҳои хуб фармуд.

Он гоҳ гуфт:

— Искандар чунон медонад, ки ман танҳо мондаам. Акнун савоб он аст, ки дар камингоҳе бинишинем, то чун Искандар даррасад, хештанро бар вай бизанем. Бошад, ки ўро тавонем гирифтан ва ин теғи худро ба хуни ў рангин кунем ва бар ҷумлаи шоҳон пирўз гардем ва бар тахти Эрон бинишинем. 

Он ҷумла бузургон гуфтанд:

— Иншоаллох…, ки маликаи Эрон ба мақсуд бирасад. Пас бисту панҷ ҳазор мард дар камин бинишастанд, то Искандар даррасид.

Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абўтоҳири Тарсусӣ аз ин қисса чунин ривоят мекунад, ки яке аз ҷумлаи мардони Бўрондухт рафту ба Искандар гуфт, ки «бисту панҷ ҳазор мардро Бўрондухт дар камингоҳ нишондааст».

Чун Искандар аз ҷосус ин сухан бишунид, гуфт, ки «бузургони сипоҳро бихоҳед». Бузургон биёмаданду замин бўса доданд ва гуфтанд, ки «фармон чист?». Искандар гуфт, ки «бар ҷой қарор гиред, рафтан нест». Ҷумла сипоҳ бар ҷой карор гирифтанд. Марде аз сипоҳи Искандар биёмаду Бўрондухтро хабар дод, ки лашкари Искандар бар ҷое қарор гирифтанд, ки аз ту хабар ёфтанд, ки дар камин нишастаӣ». Бузургони сипоҳро Бўрондухт гуфт:

— Шумо ин ҷо бибошед, то ман бо даҳ ҳазор мард биравам аз дасти рост ба сўи биёбон ва аз паси пушт Искандарро бо лашкари вай дастбурдӣ намоям, чунон ки мардони чаҳон офарин гўянду баъд аз ман қиссаи ман муниси дили ҷаҳониён бувад. Ин бигуфту дар биёбон фурў рафт бо он даҳ ҳазор савор ва Искандар бар роҳ истода буд ва Бўрондухтро мепоист, то кай расад, ки ногоҳ Бўрондухт аз қафои лашкари Искандар даррасид. Ва чунон пиндоштанд, ки аз румиёнанд, ки ба мадади эшон омадаанд. Дар ин буданд, ки Бўрондухт як наъра бизаду гуфт:

-Манам Бўрондухт бинти Дороб ибни Дороб ибни Ардашер! Эй Искандар, чаро Фарҳодро ба талаби ман фиристодӣ, ки худ наёмадӣ?! Акнун ман худ омадаам, то туро заҳмат нашавад! Ҳамлаи маро пой дор!

Ин бигуфту ҳамла кард ва хештан чун ҳизабри (шери) дамон (маст) дар миёни лашкари Рум афканд ва бонги деҳу доругир баромад. Ва он гурзи дувисту панҷоҳманиро кор фармудан гирифт. Искандар чун бидид, ки ҷуфти мувофиқи «меҳрубон» омад, хештанро аз миёни лашкар берун андохту ҷони ширини худро аз пеши Бўрондухт ба ҳазор ҳила берун бурду сари худ гирифт.

Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор чунин ривоят мекунад, ки аз чаҳор карона лашкари Бўрондухт расид ва теғу тир дар миён ниҳоданд ва Бўрондухт чун шери ошуфта дарафтод ва ҳар киро мезад, аспу мардро пахч (пахш) мекард, то субҳ, ки машшотаи ҷаҳон аст, асар кард ва шаъри  куҳлӣ (торикии шаб) аз рўи арўси ҷаҳон барандохту олам мунаввар шуд. Бўрондухт аз миёни масоф овоз дод, ки «эй ҷавонмардони азим, мардвор кўшидед, аммо эшон бисёран-ду соат ба соат бар эшон мадад мерасад, набояд, ки хатоие равад. Бозгардед! Лашкари Бўрондухт бозгаштанду бар лаби Фурот омаданд. Лашкари Рум чун чунон бидиданд, дар қафои эшон биронданд, то бошад, ки Бўрондухтро би гиранд. Чун Бўрондухт чунон бидид, бозгашту ҳамла кард ва он лашкари Румро боз ба ҷои худ овард. Ва он шаб панҷ ҳазор мард кушта шуд аз ҳар ду ҷониб ва сесад мард аз румиён ба дасти Бўрондухт асир афтод ва то лаби оби Фурот омад ва он чӣ аз асирони Рум қавитар буданд, саду панҷоҳмардро сар буриду дар гардани он саду панҷоҳ мард фурўтар даровехт ва гўшу бинии эшон бибуриду ба назди Искандар фиристод ва гуфт:

— Бираведу бигўед, ки ман тахти Эрон бад-ў додам, аммо раҳо накунамаш, то як соат хуш бошад. Ва гирди лашкари ў мегардам ва мезанаму мекушам!

Ин бигуфту он асиронро бифиристод ва Бўрондухт мардони худро гуфт, ки «агар айёрие мекунед, чунон ки мардони Искандар кардаанд, ҳама неъмат ба даст оред ва имрўз ба дасти ман чизе нест ва ҳама ба Истахр мондааст. Акнун ошўб дар ҷаҳон афканему намонем, то Искандар бар тахти Эрон рост нишинад, бархезему ба Рум равем ва он чи Искандар ба Эрон кардааст, мо ба Рум кунем, балки бадтар аз он ки ў кардааст. Ва он чи Искандар аз Эрон молу неъмат гирифтааст, мо сад чандон аз Рум бигирем!»

Сипоҳи ў гуфтанд:

— Эй маликаи Эрон, мо ҳама бандагону фармонбардори туем ва то ҷон дар тани мост, бикўшем. Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абўтоҳири Тарсусӣ аз ин қисса чунин ривоят мекунад, ки чун он асирони гўшу бинибурида ва он сарҳои ба гардан дарафканда ба саропардаи Искандар омаданд ва Искандарро хабар доданд,

Искандар он сарҳоро бифармуд, то дар хок карданд ва Аристотолису Сатломису Батлимусро бихонд. Чун биёмаданд, Искандар бигуфт:

— Тадбир чист, ки боз Бўрондухт қавӣ шуду чандон сипоҳи маро ҳалок кард?

Аристотолис гуфт:

— Эй маликуррум, ту аз Эрон тарк намегирӣ? Даст аз Эрон

кўтоҳ кун, то ба Рум равем. Искандар гуфт:

— Ман ин нангу ор куҷо барам, ки ҳама мардуми Рум маро гўянд, ки аз духтаре бигурехт ва натавонист бо ў баромадан.

Он румиён гуфтанд, ки «бадтар аз ин нангу ор нест».

Искандар чун ин сухан бишунид, гуфт:

— Ба равони падарам — Дороб ибни Ардашер, ки то мулки Эрону Румро ба худ рост накунам, орому қарор нагирам! Зуд бифармуд, то лашкар барнишастанду он бузургони сипоҳ гуфтанд, ки «эй маликуррум, шитоб макун, то тадби-

ре бикунем, чӣ сабуксаронро бузургон насутудаанд».

Искандар гуфт:

— Бишинед, то тадбире кунем. Аристотолис гуфт:

— Толеи Бўрондухт қавӣ дар нуҳусат (бадбахтӣ) аст. Агар аз

ин нуҳусат халос ёбад, олам дар зери фармони вай шавад ва панҷоҳ сол мулк ронад. Акнун тадбир он аст, ки то ҳамаи эро ниёнро дастуре диҳӣ, то бари Бўрондухт раванд ва бигўӣ, ки «маро Эрон намебояд. Ман аз Эрону эрониён безорам. Эрониён бари Бўрондухт раванд, то маъзур шавад ба лашкар»

Чун ин сухан ба гўши эрониён расид, яке аз он ҷумла ҳавохони (тарафдори) Бўрондухт ин сухан бишунид, бархосту ба назди Бўрондухт омад ва бигуфт, ки «Искандар эрони ёнро ба наздики ту фиристод ва овоза дарандохт, ки ман ба

Рум меравам». Ва он шаб бист ҳазор мард биёмаданду дар пеши Бўрондухт замин бўса доданд ва узр хостанд.

Бўрондухт бар лаби оби Фурот фуруд омада буд, на саропарда дошту на хайма, он эрониён, ки омада буданд, мегуфтанд, кй эй малика, чаро хайма намезанӣ?

Бўрондухт гуфт:

— Маро ҳеҷ чиз намебояд ва шумо низ намебояд. Бозгардеду ба наздики Искандар равед ва ман безаҳмату ранҷ биравам.

Он лашкари Эрон ба наздики Искандар омаданду гуфтанд:

— Моро Бўрондухт қабул накард ва бозфиристод. Искандар гуфт:

— Шуморо чаро бозфиристод ва чаро саропарда намезанад, ки бар лаби об чун лўлиён фуруд омадааст? Магар ўро хаймаву хиргоҳ нест?

Гуфтанд:

— Мо ҳеч намедонем, то ў дар чӣ кор аст.

Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абўтоҳири Тарсусӣ аз ин қисса чунин ривоят мекунад, ки рўзи дигар Бўрондухт савор шуд ва гирди Эрон баромад ва гуфт, ки «бо ман байъат (аҳд) кунед, ки аз ман барнагардеду дар ҳаққи ман бадӣ наандешед ва ба наздики душманон сухан нафиристед». Эрониён гуфтанд:

— Чунин кунем.

Пас боз байъат карданду савганд хурданд, ки «агар аҳд бишиканем, ба ин об ғарқ шавем». Пас Бўрондухт савор шуд, рўй ба осмон карду гуфт:

— Эй Худои беҳамто, ба ҳаққи Худоии ту, ки ҳамчунон ки падари маро аз обу шамшери душманон ва аждаҳо нигоҳ доштӣ, мани бечораро низ нигоҳ дор ва дўстони маро дар об ғарқ магардон ва онҳо, ки дили эшон бо ман рост нест,

ҳамаро ба ин об ғарқ гардон!

Ин бигуфту рўй бар хок ниҳод ва зор-зор бигирист. Сар бароварду бар асп савор шуд ва аспро дар оби Фурот би ронд. Аз он ҷо, ки қаҳҳор (кушанда) Худой буд, ба қудрат ҷумлаи мухолифони Бўрондухт ғарқ шуданд ва мувофиқо ни ў, ҷумла дар мувофиқати ў аз об ба саломат берун омаданд ва он шаб бар он лаби об бибошиданд. Рўзи дигар бархосту ғусли пок бикард ва Худойро шукру сипос бигуфт. Ва чун аз он фориғ шуд, лашкари Эронро шумор кард, бисту панҷ ҳазор мард аз об баромада буданд, ҳама муборизони хиёр (ихтиёрӣ) ва мардони корзор. Бўрондухт рўй ба Рум ниҳоду бирафт, то ба Ҳалаб расид ва ду фарсанге дур аз

Ҳалаб марғзоре буд хушу хуррам, он ҷо фуруд омад ва бузургони сипоҳро бихонду гуфт:

— Ин шаҳри Ҳалаб чӣ гуна ҷоест? Гуфтанд:

— Азим ҳисори (калъаи) устуворест ва муборизон бисёранду азим тавонгаранд ва ин ҳисор сарҳади Рум аст. Бўрондухт гуфт: Ман агар ин Ҳалабро бигирам, азим пушту паноҳе ҳосил карда бошам ва дилфориғ гардам ва агар натавонам гирифт,

ба Рум натавонам рафт ва хештанро дар миёни чандин ҳазор лашкар натавонам дарафканд. Ин бигуфту дарҳол бифармуд, то қоидаи подшоҳӣ рост карданд ва саропардаву чаҳор болиш биниҳоданд ва силоҳдорон ба чапу рост биистоданду ҷондорону (муҳофизон) ҳоҷибон (дарбонон) бар атрофи боргоҳ ҳалқа карданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Задухўрдҳо миёни кадом давлатҳо мегузашт?
  2. Бўрондухт кӣ буд? Симои ўро тавсиф намоед.
  3. Лашкари Эрон ба даъвати Бўрондухт чӣ ҷавоб дод?
  4. Даъвати Бўрондухт ва ҷавоби сипоҳдоронро аз рўи манфиати шахсӣ ва ҷамъиятӣ шарҳ диҳед.
  5. Корнамоии ҷанги Бўрондухтро батафсил нақл кунед.
  6. Кадом хислатҳои ботинӣ ва зоҳирии Бўрондухтро ошкор намудед?
  7. Симои Бўрондухтро бо Искандар муқоиса намоед.
  8. Усули асосии разми Бўрондухт кадом буд?
  9. Бўрондухт кадом шакли ҷазоро дар ҳаққи душманони асирафтода бештар раво медид?
  10. Оқибати разми Бўрондухт ва Искандар бо чӣ анҷом ёфт?
  11. Ғалабаи Бўрондухт бар румиҳо чӣ аҳамият дошт?

Инчунин кобед

mongolia_during_the_manchu_rule

Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал …