Главная / Илм / ДОРУСОЗ

ДОРУСОЗ

ДОРУСОЗ (Provisor), провизор, мутахассиси дорои маълумоти олии фармасевтӣ, ки ба ҷустуҷӯ, таҳия, тадқиқ, стандартонӣ, нигаҳдорӣ ва фурӯши доруҳо машғул буда, дархости аҳолиро ба онҳо муайян месозад. Д. тамоми аҳолиро бо дору таъмин мекунад. Ба духтур доир ба таъсири фармакологии дору, тариқи истифодаи он, мутобиқат, таъсири мутақобила, тартиб ва мӯҳлати истеъмоли адвиёт, бо диг. дору иваз кардани он маълумот медиҳад; инчунин духтурро аз доруҳои нави дар дорухона буда огоҳ мекунад.
Унвони Д.-ро ба касе медиҳанд, ки дар мактаби олии тиббӣ маълумот гирифтааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …