Главная / Илм / ДОРУҲОИ МУЛАЙИН

ДОРУҲОИ МУЛАЙИН

glitserinДОРУҲОИ МУЛАЙИН, равған ва моддаҳои равғанмонанде, ки ҳангоми ба пӯст ё луобпардаҳо молидан онҳоро нарм намуда, таъсири манфии (хушкидан, кафидан, хориш ва ғ.) омилҳои табии (хунукӣ, гарду чанг, шамол ва ғ.)-ро бартараф месозанд. Дар тибби Шарқ аз қадим равғани зайтун, кунҷид, бодом, зағир, анбар, муми занбӯри асал ва ғ. чун Д. м. истифода мешуданд. Тибби ҳозира дар қатори равғанҳои растанӣ маҳсулоти нефт (вазелин, нафталан, глитсерин, парафин ва ғ.), ланолин (ҳангоми шустани пашми гӯсфанд ҷамъ карда мешавад), анбар (спермасет) ва ғ.-ро истифода мебарад. Д. м.-ро барои тайёр намудани марҳам ва ҳамчун ҳалкунандаи як қатор доруҳои дар об ҳалнашаванда низ кор мефармоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …