Главная / Илм / ДОРУҲОИ БАЧАДОН

ДОРУҲОИ БАЧАДОН

oksitosinДОРУҲОИ БАЧАДОН, моддаҳое, ки ба фаъолияти миометрия таъсири интихобӣ мерасонанд. Д. б. ду навъ мешаванд: доруҳое, ки асосан ба кашишхӯрии миометрия таъсир меоранд ва доруҳое, ки тонуси миометрияро баланд мебардоранд.
Ба доруҳои ангезандаи фаъолияти кашишхӯрии миометрия гормони ҳиссаи қафои гипофиз (окситотсин), питуитрин, гифототсин, простагландинҳо (динопрост, динопростон), баъзе маводи синтезӣ (изоверин, сферофизин) мансубанд.
Окситотсин бо мақсади ангезиши фаъолияти зодан, пешгирӣ ва табобати хуншории бачадон баъди ба дунё овардани тифл истифода мешавад. Питуитрин аз окситотсин ва вазопрессин иборат аст. Бинобар ин мумкин аст фишори шараёнро баланд бардорад. Простагландинҳои гурӯҳи Е ва F дар ҳама муддати ҳомилагӣ фаъолияти миометрияро афзун мегардонанд. Доруҳои простагландинро барои қатъи ҳомилагӣ ва ангехтани фаъолияти зодан кор мефармоянд.
Ба сифати Д. б., ки кашишхӯрии миометрияро суст мекунанд, партусистен, ритодрин, салбутамол истифода мешаванд. Онҳоро асосан барои пешгирии таваллуди бармаҳал таъин менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …