Главная / Илм / ДОРУГУЗАРОНӣ

ДОРУГУЗАРОНӣ

inekciyaДОРУГУЗАРОНӣ, инъексия, яке аз усулҳои ба организм фиристодани дору ё маводи ташхис. Д. тавассути шпритс ва сӯзандору ба амал бароварда мешавад. Доруро асосан ба зери пӯст, дохили пӯст, дохили мушак ва вена мефиристанд. Ҳангоми Д. самараи муолиҷа зудтар фаро мерасад. Д. хусусан дар мавриди имконият надоштани истеъмоли дору муфид аст.
Барои Д.-и зерипӯстӣ ва дохилимушакӣ дар бадан ҷойҳои махсус вуҷуд доранд. Аз ин ҷойҳо рагҳои хунгард ва торҳои асаб намегузаранд, мас., пӯсти зери шона, шикам, бозу, сурин ва ғ. Дар вақти Д. риояи қоидаҳои асептика ва антисептика ҳатмист. Қабл аз Д. дастро бо собун шустан лозим аст.
Доруҳои обакиро аз ампула ба шпритс тавассути сӯзан кашида мегиранд; доруҳои равғанӣ ва ғафс бе сӯзан гирифта мешаванд. Баъди гирифтани дору шпритсро бо сӯзанаш рост нигоҳ дошта, дастакро андак зер мекунанд ва ҳавои дохили онро мебароранд. Чунки ҳатто ҳубобчаи хурди ҳаво низ метавонад дар зери пӯст боиси пайдоиши зардоб шавад ё дар вена судда (эмболия) ба вуҷуд орад. Ҷоеро, ки дору мегузаронанд, бо спирт ё йод нағз тоза мекунанд. Баъди Д. ба ҷои сӯзанхалида маҳлули йод мемоланд ё пахтаро дар спирт тар карда, 2 – 3 дақ. нигоҳ медоранд.
Ҳангоми Д.-и дохилипӯстӣ сӯзани борикро ба қабати пӯст мехалонанд. Дар сурати дуруст иҷро кардани он баъди фиристодани дору дамидагии хурди шабеҳ ба пӯсти лиму пайдо мешавад.
Дар мавриди Д.-и зерипӯстӣ пӯстро бо ангушт қабза карда сӯзанро ба чуқурии 2 – 3 см медароранд. Доруе, ки дар маҳлули изотонии натрий хлор тайёр карда шудааст, нисбат ба доруи дар равған омодашуда зудтар ҷаббиш меёбад.
Ҳангоми Д.-и дохилимушакӣ сӯзандору чуқур халонда мешавад. Ин навъи Д.-ро дар ҷойҳои махсуси бадан, мас., қисми беруни рон (сурин) ба амал меоранд. Барои ба рагҳои хунгард осеб нарасондан суринро фикран ба чор ҳиссаи баробар тақсим мекунанд. Сӯзан ба ҳиссаи берунии болоӣ халонда мешавад. Бо ин мақсад шпритсро байни ангуштони I, II ва III-и дасти рост гирифта, бо ҳаракати чолокона ба 4 – 6 см равон месозанд. Сипас поршенро андак боло кашида бовар ҳосил мекунанд, ки сӯзан ба раги хун наафтодааст (агар сӯзан ба раг афтода бошад дар шпритс хун пайдо мешавад). Поршенро зер карда доруро мефиристанд. Эҳтиёт шудан лозим аст, ки сӯзан то гулӯ ба пӯст надарояд (дар ин маврид он мумкин аст шиканад).
Ҳангоми дуруст иҷро кардани Д. ягон хел ориза ба вуҷуд намеояд. Дар сурати риоя накардан ба қоидаҳои Д. мумкин шоки анафилаксӣ, некрози бофтаҳо (мас., ҳангоми ба зери пӯст афтодани хлориди калтсий, ки ба вена фиристода шуда буд), сироятҳои мавзеӣ ва ғ. пайдо шаванд.
Қабл аз ба шпритс гирифтани дору ба ном, воя ва таркиби он шинос шудан лозим аст. Риояи қоидаҳои асептика ҳатмист.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …