Главная / Илм / ДОРОФЕЕВ Александр Александрович

ДОРОФЕЕВ Александр Александрович

dorofeevДОРОФЕЕВ Александр Александрович (тав. 13. 9. 1944, ш. Самарқанд), анатом, доктори илмҳои тиб (1984), проф. (1985). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1968). Ассистент (1968 – 79) ва дотсенти (1980) кафедраи анатомияи эътидолии ҳамин донишгоҳ. Аз с. 1980 мудири кафедраи анатомияи одам дар Ин-ти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буд. Самти асосии корҳои илмиаш: механизмҳои мутобиқати организм ба таъсири таҳмили фавқулода ҳангоми машғулият бо намудҳои гуногуни спорт. Д. муаллифи 38 асару мақолаҳои илмист.
Ос.: Методические рекомендации к практическим занятиям по анатомии человека с элементами программированного контроля, Д., 1984.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …