Главная / Илм / ДОНОВАНОЗ

ДОНОВАНОЗ

granuloma_inguinaleДОНОВАНОЗ, гранулёмаи зӯҳравӣ (Granuloma venereum), бемории сироятии музмин. Асосан дар мамолики гармсер дучор меояд. Д.-ро бактерияҳои Донован меангезанд. Беморӣ бештар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбад. Давраи ниҳонии он аз чанд рӯз то 3 моҳ аст. Дар мавриди сироят ёфтан, дар пӯсти аъзои таносул гиреҳчаҳо, обилачаҳо, пустула, қарҳа (эрозия) ё ярачаҳо пайдо мешаванд. Дар ҷои захмҳои шифоёфта мумкин аст хадшаҳо ба вуҷуд оянд. Д. одатан дуру дароз идома меёбад (1 – 2 сол).
Барои муолиҷаи Д. аз доруҳои сулфаниламидӣ ва антибиотикҳо истифода мекунанд. Бемории некфарҷом аст. Бо мақсади пешгирии Д. ошкор ва табобат намудани беморон, ба роҳ мондани корҳои маърифатию санитарӣ дар байни аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Ниг. низ Бемориҳои зуҳравӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …