Главная / Биология / Мустақилият (дискрет)

Мустақилият (дискрет)

 Калимаи дискрет аз лотинии дискретум гирифта шуда, маънояш фосила, ҷудо шудан аст.

Мустақилият хосияти умумии материя мебошад. Аз фанҳои химия ва физика ба шумо маълум аст, ки ҳар як атом аз заррачаҳои нисбатан хурдтар иборат буда, атомҳо бошанд, молекулаҳоро ҳосил мекунанд.

Ҳаёт низ дар замин дар шакли мустақил вомехўрад. Ин чунин маъно дорад, ки организмҳо ё системаҳои биологӣ (намуд, биосеноз ва ғайраҳо) дар биосеноз аз якдигар ҷудо мебошанд, вале бо вуҷуди ин ҳамаи онҳо ба ҳамдигар зич вобаста буда, аз ҷиҳати таркиб ва вазифа ягонаанд.

Масалан, ҳар як намуд аз фардҳои алоҳида иборат аст. Ҷисми фардҳои олиташаккул аз узвҳо иборатанд, узвҳо бошанд, дар навбати худ аз ҳуҷайраҳои алоҳида ташкил ёфтаанд. Дастгоҳи неруофари ҳуҷайра, митохондрия, дастгоҳи синтези сафеда – рибо-сомаҳо ва макромолекулаҳо фақат дар фазо аз ҳамдигар ҷудоянд, вале дар асл бо ҳамдигар вобастагӣ доранд.

Мустақилияти организм асоси танзими сохтори он мебошад. Вай имкон медиҳад, ки бидуни қатъ кардани вазифа бо роҳи иваз сохтори элементҳои «кўҳнашуда» (молекула, ферментҳо), органоидҳои ҳуҷайра, ҳуҷайраи бутун нав карда шаванд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …