Главная / Илм / ДИСФОРИЯ

ДИСФОРИЯ

disforiyaДИСФОРИЯ (Dysphoria), бедимоғӣ, малулӣ, як шакли хиратабъӣ, ки тамоюли маризӣ дошта, дар мавриди он шахс тундмизоҷ, бадхӯ, одамгурез мешавад. Ҳангоми Д. бар фарқи гипотимия мариз рӯҳан ва ҷисман фаъол аст (карахт нест), зуд ба хашм меояд, оташин мегардад. Д. мансуби синдроми афсурдаруҳӣ аст. Бештар дар нашъамандон ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми бемории саръ Д. қабл аз хуруҷи он зуҳур меёбад.
Д. бисёр вақт ногаҳон ва бе ягон сабаб пайдо шуда, чанд рӯз давом мекунад ва ҳамон тавр, ногаҳон нест мешавад.
Муолиҷаи Д. аз рафъ сохтани бемории асосӣ иборат аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …