Главная / Илм / ДИНКЕЛИС София Самойловна

ДИНКЕЛИС София Самойловна

no-photoДИНКЕЛИС София Самойловна (26. 12. 1914, ш. Киев, Украина – 1991, ш. Алмаато, Қазоқистон), духтури беҳдоштшинос, доктори илми тиб (1967), проф. (1968). Донишкадаи якуми тибби ш. Маскавро с. 1946 хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба Тоҷикистон омада, дар Донишкадаи давлатии тиббии ҷумҳурӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба сифати ассистент, дотсент ва аз с. 1954 мудири кафедраи беҳдошти умумӣ хидмат намудааст. Зиёда аз даҳ сол раиси Ҷамъияти ҷумҳуриявии беҳдоштшиносон буд. Аз с. 1969 фаъолияташ дар Донишкадаи тиббии ш. Қарағанда (Қазоқистон) гузаштааст. Доир ба бемориҳои касбии кӯҳканҳо, коргарони конҳои полиметаллҳо ва беҳбуди шароити меҳнати онҳо тадқиқот анҷом додааст.
Ос.: Производственные и экспериментальные наблюдение по вопросу о распространении силикоза, Сталинабад, 1952; Радиационный фактор на полиметаллических месторождениях Таджикистана и его гигиеническое значение, Д., 1967; Антракоз, Алма-ата, 1986.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …