Главная / Гуногун / Дигаргуниҳои иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсии Афғонистон

Дигаргуниҳои иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсии Афғонистон

Истеҳсолоти ҳамин давраи Афғонистон моҳияти натуралӣ дошт. Асоси ҳаёти иқтисодии мамлакатро мисли пештара кишоварзӣ ташкил мекард. Он ба меҳнати дастӣ асос ёфта буд. Дар оғози асри XX пешрафти пахтапарварӣ мушоҳида карда мешавад. Афғонистон онро ба Ҳиндустон ва Русия мебаровард. Дар ин давра марказҳои нисбатан калони тиҷоратию косибии мамлакат Кобул ва Қандаҳор ба ҳисоб мерафтанд. Кобул маркази маьмурии Афғонистон ҳам буд.

afghanistan

Тарзи сармоядории иқтисодиёт ба Афғонистон ниҳоят дер ворид шуд.

Амир барои ин кор шароит муҳайё кард, мавқеи тоҷиронро мустаҳкам намуд, то тиҷорати хориҷиро васеъ кард, мактабҳои аввалини замонавӣ ва матбаа сохт. Сарфи назар аз ин Афғонистон мисли пештара давлати ақибмондаи феодалӣ мондан гирифт.

Баъди соли 1901 вафот кардани Абдураҳмонхон ба тахти амирии Афғонистон Ҳабибуллохон менишинад. Ӯ барои пешрафти фарҳангии мамлакат чораҷӯиҳои зиёд кард. Аз он ҷумла литсеи аввалин – Ҳабибияро кушод, ба дарбориён фармуд, ки либоси европавӣ ба бар кунанд.

Аз давлатҳои ҳамсоя, алалхусус аз Ҳиндустон ба Афғонистон ғояҳои маорифпарварии буржуазӣ ворид мешуданд. Дар ин мамлакат ташаккули ғояҳои буржуазӣ нисбат ба худи буржуазияи миллӣ тезтар ба амал меомад.

Ташаббускор ва роҳбари харакат барои конститутсия ва ислоҳот директори литсеи Ҳабибия Абдулғанӣ буд. Дар атрофи ӯ намояндагони ҷавони зиёиёни афғон, асосан омӯзгорон ва тарбиягираидагони литсей муттаҳид шуданд. Ин ҳаракат дар таърих бо номи “ҷавонафғонҳо” маълум аст. Идеологи ҷавонафғонҳо Маҳмудбек Тарзӣ буд. Ӯ муддати зиёде дар Ироқ ва Сурия дар ҳиҷрат зиндагонӣ карда, дар ин мамлака маълумоти хуб гирифта, ба адабиёти турки ва европавӣ шинос шуда, ғояҳои пешқадами он замонро қабул намуда, ҳаёти худро, баъди ба ватан баргаштан барои дар Афғонистон татбиқ кард он ғояҳо мебахшад. Маҳмудбек Тарзӣ бо иҷозати Ҳабибуллоҳ ба Афғонистон баргашта, ба фаъолияти сиёсӣ машғул шуда, сохти ҷомеаи ояндаи Афғонистонро асоснок мекунад.

Тарафи пурқуввати таълимоти Тарзиро таълимоти зиддимустамликавии ӯ ташкил мекард. Ӯ мустамликадориро маҳкум карда, мардумро даъват мекунад, ки барои истиқлолияти ватани худ бархезад. Даъвати зидди сиёсати мустамликадории Тарзӣ дар бедории миллии афғонҳо ба мақоми баланд соҳиб аст. М. Тарзӣ дар зери таъсири ғояҳои Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ буд. Ӯ ҳам чун Ҷамолиддини Афғонӣ мехост, ки дар ислом асоси муборизаи зиддиимпериалистиро ёбад. Шакли динии идеологияи миллии Тарзӣ замина ва асоси таърихӣ дошт. Он афғонҳоро барои муборизаи зиддианглисӣ муттаҳид месохт.

Ҷавонафғонҳо дар татбиқи ғояҳои худ ба ҳокимони Афғонистон умед мебастанд. Онҳо ғайр аз амир нерӯи дигар намедиданд, ки дар мамлакат дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба амал бароварда тавонад. Мутлақият маорифпарвар – чунин буд идеалогияи иҷтимоии ҷавонафғонҳо.

Вақте ҷавонафғонҳо диданд, ки Ҳабибуллохон ба татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ қодир нест, ба бародари хурдии амир, шогирди Маҳмуди Тарзӣ – Амонуллохон умед бастанд.

Дар баробари ҷавонафғонҳо “пирафғонҳо” ҳам буданд. Ин ҷараёнро хонҳо, ашрофони калони афғон ва муҳофизони тартиботи кӯҳна ҷонибдорӣ мекарданд. Онҳо ба муқобили ҳама гуна навгониҳое мебаромаданд, ки ҳуқуқ ва имтиёзҳои онҳоро халалдор мекарданд. “Пирафғонҳо” дар шахси Англия таҳдид ба тартиботи феодалии мамлакатро дида, мехостанд, ки дарҳои Афғонистон барои хориҷиён ’’пушида” бошанд. Маданияти европавиро дар Афғонистон сӯиқасд ба ислом ҳисоб мекарданд. Аз ҳамин сабаб мухолифи ҳама гуна ислохотн буржуазӣ буданд. Ин нерӯҳои кӯҳиагаро (консервативӣ) дар атрофи Насруллохон муттаҳид шуда буданд.

Дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ “пирафғонхо” ба доираҳои ҳукмронӣ Германия ва Туркия наздик шуданд. Бо феодалҳои Туркия онҳоро мавқеи ғоявӣ наздик мекард. Агар ғояҳои Маҳмуди Тарзӣ ба муборизаи зидаи империализм равона шуда бошад, пас “пирафғонҳо” мисли султони Туркия ба ҷои аввал ғояи дар атрофи Туркия муттаҳид кардани мусулмонҳоро гузошта буданд. Бо Германия бошад, “пирафғонҳо”-ро тиҷорат наздик мекард. Аз тиҷорат бо ин давлат хонҳои қабилаҳои афғон паштуҳо даромади калон ба даст медароварданд.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …