Главная / Гуногун / ДИГАР ДОНОЙИ РОЗ – ОЯД, КИ Н-ОЯД

ДИГАР ДОНОЙИ РОЗ – ОЯД, КИ Н-ОЯД

Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинфа шуд ба ишқ,

Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.

                                                                Хоҷа Ҳофиз

Овардаанд, ки дар аҳди Имоми Аъзам (р) Абӯҷаъфари Давонақии Аббосӣ  (ки  мӯътазилгаро буд)  халифаи замон буд,  яъне, ҳамон Абӯҷаъфар ки Имом Абӯҳанифа (р)-ро душман медошт. Аз баҳри он, ки Абӯҳанифа (р)-ро ҳар коре, ки Абӯҷаъфар Фармудӣ, накардӣ. Бинобар он буд, ки он вақт вай ҳанӯз халифаи хилофат набудӣ, баъд аз он ки ӯ халифа шуд ва Абӯҷаъфар мар Абӯҳанифаро гуфт:

– Қузоро бигир (яъне, мансаби қозиюлқуззотӣ) Имоми Аъзам (р) қузоро намегирифт ба ҳукми ҳадиси Расул (с): «-Ман азҳа қузоан фақад забҳ би ғайри сакин». (Яъне: «Ҳар, ки қузоро гирифт худро кушт (бе корд). Ва дигар Расул (с) мефармоянд: «-Дар дӯзах осиёсангҳоест оташин, ки дар вай ба ғайр аз сарҳои қозиён ос накунанд». Мурод аз он қозиёнанд, ки дар дунё майл карда бошанд ва мӯҷиби шаръ напурсида ва ҳақро пӯшида ва аз ҳақ таъоло натарсида бошанд.

Оре, Худованди Карим уламоро баробари пайғамбарон ҳисобидааст. Он уламое, ки каломи Ҳақ-Қуръони шарифро хонанд, маъно бидонанд ва авоммунносро баён намоянд, ва ба Суннати Расулуллоҳ (с) амал намоянд.

Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мефармоянд, ки: «-Уламоу умматикал-анбиёи бани Исроил». (Яъне: «Уламои уммати ман мисли пайғамбарони бани Исроиланд» ва ҳурмати илми худ нигоҳ, доранд, ба дунё ҷамъ кардан машғул набошанд ва агар ба дунё олӯда гарданд нек набошанд ва аз чунин уламо дур бояд будан). Инчунин фармудаанд он Ҳазрат (с): «-Бадтарини уламо, ба пеши подшоҳон равад ва беҳтарин подшоҳон он аст, ки ба зиёрати уламо равад (Хушо ба номи Раиси ҷумҳурӣ – мӯҳтарам Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки беҳтарин подшоҳанд ва эҳтироми уламоро ба ҷо меоранд ва ба ҳурмати поси дини Расули акрам ва эҳтироми Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) бо шуҷоати том ва ихлосу сипос дар рӯзи ҷаласаи пуршукӯҳу ботантанаи ҷашни 17-солагии Истиқлолияти кишвар аз минбари баланд бо забони муборак эълон намуданд, ки соли 2009-соли бузургдошти Ҳазрати Имоми Аъзам (1310-солагӣ) эълон карда шавад). Агар уламо ба пеши умаро раванд аз барои иззати дунё лоҷарам мустаҳқиқи маломат ва мазаммати ин дунё ва охират шаванд,»

Расули Акрам (с) гуфтаанд: « Ба пеши олим равед ва бинишинед, то Шуморо аз чаҳор чиз далолати хайр бикунад, аввал аз шакки яқин далолат кунад ва шубҳаро аз дили Шумо барорад, дуввум аз такаббуру тавозӯъ самъ (гӯшзад) намояд; саввум аз адовати мусалмонон парҳезонад ва ба насиҳати мусалмонон кашад, чаҳорум одамонро манъ кунад, аз дунё ва онон ба дунё рағбат накунанд».

Ҳазрати Расул алайҳиссалом гуфтаанд: «Хоб кардани олим беҳтар аст, аз намоз хондани ҷоҳил. Як кори олим бар шайтон нохубтар аст, аз ҳазор кори обид. Як соат дар пеши олиме бе тамаъ нишастан, беҳтар аст, дар назди Аллоҳ таъоло, аз ибодати ҳазорсола, ки дар ӯ маъсият набошад. Соате бо олиме нишинад чунон бошад, ки бо пайғамбарон нишаста бошад. Ҳар ки бо пайғамбар нишинад, аз азоби қиёмат дар амон бошад».

Дар, рӯзи қиёмат се гурӯҳро шафоат бошад. Аввал набиро, дуввум уламоро, сеюм шаҳидонро, ки холисанлиллоҳ, мурда бошанд. Аммо назди Аллоҳ таъоло хеҷ кас азизтар аз олими омил, ки ӯ донандаи Каломи ҳаққ ва посдорандаи Суннати Расулуллоҳ (с) бувад нест. Ҳар киро, ки Худои таъоло илм дод ӯро азиз доред, ки азизкардаи Худой аст. Ашрофи аҳли биҳишт уламойи уммати Муҳаммаданд (с). Худи Расули Акрам (с) фармудаанд: «Чунончи ситорагон зиннати осмонанд, уламо зиннати умматони содиқи мананд». 91-20-22.

Хулоса, Имоми Аъзам (р) ба ҳукми ин аҳодиси Расул (с) мансаби қозӣ будан ва ашғоли қозиётро бар ӯҳда намегирифт ва Абӯҷаъфар бар вай бад-ин сабаб шадид шуда буд, то мушовирони тиҳимағзу дарбориёни аз одамият дӯри ӯ, мар Давонақиро гуфтанд, ки рӯзе ҷамъ шавем ва Абӯҳанифаро биталабем то ту ӯро андаке кор фармоӣ ва ӯ бикунад ва ту аз вай дилхуш шавӣ. Рӯзе ҷамъ шуданд ва Имоми Аъзам (р)-ро талаб карданд. Чун Абӯҳанифа (р) биёмад, Мансури Давонақӣ корд ва қалам пеши Абӯҳанифа (р) ниҳод. Имом он кордро бигирифт ва қалам битарошид ва ба дасти вай бидод. Давонақӣ чун он қаламро бигирифт ва ба дунболаи чашм ба аъма нигоҳ кард, яъне, Имом маъмӯри амри ман шуд ва кори ман кард ва гуфт: – Ё Абӯҳанифа некӯ тарошидӣ. Абӯҳанифа (р) гуфт: «-Бидеҳ, то беҳтар аз ин тарошам».

Даст дароз кард ва қаламро бигирифт ва бар замин зад ва бишкаст ва гуфт: «-Қалам тарошидам ва маъмӯри амри ту шудам, аммо раво надоштам, ки то ба қалами тарошидаи ман зулм кунӣ мардумро». Пас Абӯҷаъфар Мансури Давонақӣ шадидтар шуд ва Абӯҳанифа (р)-ро боздошт ва ҷаллодеро, ки номи вай Меҳравонӣ буд, ӯро фармуд, ки мар Абӯҳанифаро чӯб зан. Вай чӯб назад ва Абӯҳанифа (р) рӯзе гуфт, ки: «-Маро муғон ва ҷуҳудон ва тарсоён чӯб назананд». Рӯзе дигар гуфт, ки «-Ъавоне (ки на пир ва на ҷавон-С.Б.Б), ки тавба карда буд, хатар дорад, ки кофир шавад ва ӯ маро чӯб занад». Ба забони Мубораки Имоми Аъзам (р) ин сухан рафта буд, бинобар он Давонақӣ гуфт, ёфтам ва аввалан тарсоёнро талаб кард ва гуфт: -Бояд, Абӯҳанифаро чӯб занед. Эшон гуфтанд ҳазор динор бидиҳем, аммо Абӯҳанифаро чӯбе назанем. Ва ҷуҳудонро талаб кард. Онон низ ҳамчунон гуфтанд. Ва муғон низ ҳамчунон гуфтанд.

Баъд аз ин ъавони тавбаркардаро оварданд. Давонақӣ фармуд: – Мебояд, ки Абӯҳанифаро чӯб занед. Ӯ даромад ва Абӯҳанифа (р)-ро чандон чӯб зад, ки он ҳазрат аз худ бехуд шуданд. Он вақт он лаъин берун омад, мар Абӯҷаъфарро замин бӯса кард ва чунин меоранд, ки он ҳазратро то ду ҳафта бизаданд он худоношиносону куффори мулҳиқ. Чун ҳафтаи саввум шуд Абӯҳанифа (р)-ро аз маҳбас берун оварданд ва халифа мехост боз ӯро чӯб занад.

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) рӯ сӯи Меҳравонӣ кард ва гуфт: – Эй  Меҳравонӣ,  охир  чӣ  ҷиноят дорам,   чандон  бимонӣ, ки ҷароҳат некӯ шавад. Он вақт бизан!» Ҷаллод Меҳравонӣ раҳме бар дилаш омад ва дигар чӯбе назад ва он ҳазратро ба хона даровард. Хабар ба Абӯҷаъфар расониданд, ки Меҳравонӣ ӯро чӯб намезанад.

Абӯҷаъфар чун Меҳравониро талаб кард ва гуфт: –           Чаро тарки амри ман кардӣ ва Абӯҳанифаро чӯб назадӣ, Акнун мебояд, ки аз пеши тахти ман дур шавӣ. Меҳрзавонӣ гуфт:

– Аз пеши тахти ту дур шавам, беҳтар аст, ки аз раҳмати Худои таъоло дур шавам. Баъд аз он Абӯҳанифа (р)-ро назди худ хонд (аз рӯи хусумати мазҳабӣ) ва қадаҳро, ки пур аз заҳр карда буд, бад-ӯ дод, то бинӯшад. Ҳазрати Абӯҳанифа (р)-ро маълум шуд ва аз баракати илми каромот донист, ки дар қадаҳи халифаи пастфитрат ва язидсифат чист, бархос ва ба сӯи дар равон шуд. -Абӯҷаъфар гуфт, ки ё Абӯҳанифа куҷо меравӣ? Гуфт: – Он ҷо, ки ту фиристодӣ меравам, аммо ту боре ҷаҳд кунӣ маро бознаёбӣ». Оре, ҳақ бар ҷониби Ҳаким Фирдавсӣ аст, ки гуфта:

Ба шаҳре, ки бедод шуд подшо,

Надорад хирадманд будан раво.  (С.Б.Б.)

Чун ба хона боз даромад (Имоми Аъзам раҳамуллоҳ) Ҳаммод-фарзандашро гуфт: «-Эй писар, нури чашмону қуввати падар, чун гузашта шавам маро дар хона бинеҳ чандоне, ки гуфтугӯи ин аҳли дӯзах фурӯ шинад». Чун Ҳазрати Абӯҳанифа (р) вафот ёфт, Ҳаммод ҳамчунон кард; дар хона биниҳод он ҷасади муборакро ва ташбеҳе кард, ки то сари хок мерафт ва боз мегашт. Пас он муддаиёне, ки буданд гуфтанд, ки Абӯҷаъфар набояд, ки аз ин кор пушаймонӣ оварад ва бар мо шадид шавад. Пас тадбир карданд он аҳлил-лаъин, ки меравем ва хоки (қабр)-и Абӯҳанифаро биканем ва ӯро бикашем ва ҷойи ҷасади ӯ дар қабр, сагро биниҳем ва гӯем, ки Абӯҳанифа дар қабр саг шудааст.Чун бирафтанд, хоки Абӯҳанифа (р), биковиданд, аммо он ҷо ҷасади мубораки Абӯҳанифа (р)-ро наёфтанд ва лошаи саги мурдаро андар он хок биниҳоданд ва бозгаштанд. Чун дигар рӯз шуд Абӯҷаъфар аз он коре, ки кард пушаймон шуд. Эшон гуфтанд: – Чаро пушаймон мешавӣ, аз барои касе, ки вай дар хок саг шудааст. Ӯро аҷаб омад ва устувор надошт. Эшон гуфтанд, агар устувор надорӣ, касе бо мо бифирист, то равад ва бо чашмони худ бубинад. Чун бирафтанд ва биковиданд, диданд саге андаруни хок ёфтанд. Давонақиро аз он воқеъа хабардор карданд. Давонақӣ, Ҳаммод-фарзанди Абӯҳанифа (р)-ро талаб кард ва пурсид, ки падари ту чӣ хислат дошт, ки дар хок саг шудааст?

Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (р) дарҳол аз мантиқи насиҳати падар пай бурд ва гуфт: «-Маъозаллоҳ касе, ки бар як таҳорат чиҳил сол намози хуфтан ва намози бомдод гузорад ва бар паҳлӯи рост хуспад, ҳазор масъала вазъ кунад ва бар паҳлӯи чап хуспад, ҳазор масъаларо ҷавоб гӯяд. Инчунин кас дар хок чӣ гуна саг мешудааст ?

Ҳаммод писари Абӯҳанифа (р) халифа Абӯҷаъфарро гуфт: «-Падари маро шумо ҳам дида будед?» Ҷумла гуфтанд, ки дида будем. Ҳаммод гуфт: «-Агар акнун бинед, мешиносед?» Абӯҷаъфар гуфт: – Оре.

Ҳаммод дасти Абӯҷаъфарро гирифт ва ба хона бурд ва дар хонаи торик   даровард ва чодаршабе, ки дар рӯи ҷасади мубораки Абӯҳанифа (р) буд бардошт. Хонаи торик ҳамчунон равшан шуд, ки гӯё офтоб, дар хона афтод. Абӯҷаъфар дид, бишнохт, бигристу афсӯс ва надомат хӯрд, валекин фоида надошт… 63, 16, 17, 18.

Вале бояд қайд намуд, ки дар бораи сабаби асосии вафоти Ҳазрати Имоми Абӯҳанифа (р), дар байни муҳаққиқону муаррихони таърихи Ислом, низ фикрҳои мухталиф ҷой доранд.

Яъне, аксари муҳаққиқон сабаби вафоти Эшонро ҳамоно қабул накардану напазируфтани мансаби «Қузо» гуфтаанд, ки гӯё ба иллати саркашӣ намудани Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), аз ин вазифа, аз ҷониби Халифа Мансури Аббосӣ мавриди азобу шиканҷаи сахт қарор гирифта ва дар оқибат аз зарби дарраҳои ҷаллодони халифа, ба таври басо ҳузнангезу фоҷиавӣ, аз олами пурфитнаву пуршӯру шари инсонӣ, даргузаштаанд, ки ин ба ҳақиқат онқадар наздик нест. Зеро Халифа Мансур, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) барин шахсияти бузург ва фидоии илми шариъат, муҷтаҳид ва посдорандаву эҳёкунандаи суннати сайиди коинот Ҳазрати Расулуллоҳ (с) (дар партави Қуръон) ва поягузори илми фиқҳро ба як баҳонаи қабул накардани мансаби «Қозиюлқуззот», «дар дорулхилофаи Бағдод, ки маркази хилофати исломӣ буд, бо чунин. азобе сангин, ба қатл расонад. Пас, сабаби асосии хашми тезу тунди Халифа, нисбати Имом Абӯҳанифа (р) дар чист?

Агар мо ба сари ин масъала дуруст мулоҳиза намоем, ба яқин хоҳем дарёфт, ки сабаби асосии ин воқеаи нангини таърихӣ дар чист? Ба гумону андешаи мо, сабаби асосии вафоти Имом Абӯҳанифа (р) ин ҳамоно баҳонаҳои сиёсии дигар ва боз ҳамон тӯҳматҳои бардурӯғу фитнаангези атрофиёни Халифа Мансур, яъне, бадхоҳони Имоми Аъзам (р) буда, ки оқибат Имоми Аъзам (р) қурбони ин дасисаҳо гардидаанд. Ба ҳама маълум аст, ки дар ҳама давру замон гирди ҳокимонро чӣ гуна шахсон ташкил ва иҳота мекунанд. Халифа Мансур, ки саргарми андешаи салтанат ва ҳавову ҳаваси рӯзгор буд, дар ғафлат монда буд, ки ҳукумати ӯро чи гуна «олимон», «сиёсатмадорон» ва «мушовирон» ташкил намудаанд, ки ба ҷуз хобу хаёл, молу аёл ва ҷангандозиву ҷудоиандозӣ ва хабаркашиву одамкушӣ, дигар чизе нест, яъне, возеҳтар бигӯем, кори эшон мисли шайтон, фитна барангехтан, байни одамон ва аланга додани хашми ҳокимон, бар ходимону мазлумон асту бас. Бинобар ҳамин қабул накардану ба ӯҳда нагирифтани мансаби «Қузо», аз ҷониби Имоми Аъзам (р), аз он ҳазор тӯҳмати хушк, танҳо якест.

Сухан кӯтоҳ, оиди ин масъалаи баҳснок мо ҷонибдори далелҳову нукоти зер ҳастем, ки онро Аллома-Муфтӣ Ал-Ҳиҷоз Шайх Аҳмад ибни Ҳаҷар Ал-Ҳайтамӣ Ал-Маккиӣ, дар китоби худ «Маноқиби Имоми Аъзам» (тарҷумаи форсии «Хайрот ал-Ҳисон фӣ-маноқиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон»-и Шайх Шаҳобиддин Ҳайтамии Маккиӣ) дар асоси ривоёту маъхазҳо, ба таври муфассал дақиқан баён доштаанд. Яъне, эшон-соҳиби китоби зикришуда, дар сабаби азоби сангин кашидан ва вафоти Имоми Аъзам Абӯҳанифаи Кӯфӣ (р) овардаанд:

«-Гуфтем, ки Мансур он Имоми Аъзам (р)-ро барои ӯҳдадор гардидани мансаби «Қузо», ба «Дорулхилофа» эҳзор (ҳозир кардан) кард ва аз эшон хост то мансаби «Қузо»-ро, яъне, «Қозиюлқуззот»-ро дар «Дорулхилофа» бипазиранд, ва қузоти билоди Ислом, таҳти назару амри эшон бошанд. Аммо Имом Абӯҳанифа (р) ин мансабро напазируфтанд, зеро эшонро Худованд барои корҳои аз ин ҳам болотару волотар, яъне эҳёи шариъати муҳаммадия (с) дар роҳи Қуръон ва суннати Расулуллоҳ (с) маъмур гардонида буд. Пас Халифа Мансур савганде ба ҷидду (ба исрор) муғаллаз (сахт, яъне, қасаму савганди сахт) ёд кард, ки агар Имом Абӯҳанифа (р) ин мансабро напазиранд, эшонро ба зиндон меафканад ва чунин ҳам кард ва дар асное, ки Имом Абӯҳанифа (р) дар ҳабс буданд, ӯ касони хешро назди эшон мефиристод, бад ин пайғом, ки: – Агар ба фикри халосии хешӣ, пас ин ӯҳдаро бипазир! Аммо аз вай исрор буду аз Имом Абӯҳанифа (р) инкор. Ва чун Имом Абӯҳанифа (р) бар имтиноъи хеш пофишорӣ намуд, Мансур амр кард, то Имом Абӯҳанифа (р)-ро ҳар рӯз, аз зиндон берун оварда, ва даҳ шаллоқи сахт бизананд ва мунодӣ (ҷорчӣ), дар бозорҳои шаҳри Бағдод ин амрро эълон кунад, пас эшонро аз зиндони тангу тор ва намноку пуртаф берун оварда ва ба таври дардноке шаллоқ заданд, ки заданд. То, бадонҷо, ки аз ҳар ду пойи муборак хун ҷорӣ шуд ва дар ҳоле, ки мунодии Мансур ин рӯйдоди вақеҳ (бе шарму ҳаё)-ро эълон мекард, маъмӯрони Халифа Мансур Эшонро, яъне, Имом (р)-ро бо тану бадане фигору рӯҳе фигортар аз он, дар бозорҳо мечархониданд (яъне, ҳокимони кӯрдил ва кофирпешаву басо ҷоҳили Ироқи  ҳамонвақта,  яъне,  маркази  Хилофат-Бағдод, дар  кубарову авлиёкушӣ, аз  рақибони   худ Уммавиён кам набуданд ва мисли яҳудиёни худоношиносу ҷоҳил, ки Исои Масеҳ алайҳиссалом-Пайғамбари фиристодаи Худоро бо азоби сангин ба салиб кашиданд, уммавиёни-гумроҳ, хуни набераи Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам, яъне, Ҳазрати Имом Ҳусайн ъалайҳиссалом ва аҳли байти эшонрову ёрони онкасро ки ҷамъ 76 нафар буданд ваҳшиёна бирехтанд, яъне, бо дасти халифа Язиди лаъин рӯзи 10-октябри соли 680, дар дашти Карбало… Намояндаи хонадони Аббосӣ, халифа Мансури Давониқӣ   бошад, чун яҳудиёни ҳамсабақи худ ва чун Язиди лаъин ҷисми хуншору абгоргаштаи Ҳазрати Имоми Аъзам разиаллоҳро дар кӯчаву бозорҳои шаҳри Бағдод намоиш медод, ки медод… Бале, ҳокимони Ироқи пешин, дар ҷоҳилӣ ва тиҳимағзӣ ҳамто надоштаанд, онҳо баъдан хуни намояндаи барҷастаи аҳли тасаввуф-инсони комил ва рамзи ҳақиқати кулл – Шайх Мансури Ҳаллоҷро ҳам, ба ноҳақ рехтанд ва хуни чанд авлиёи дигарро низ-С.Б.Б) то, ки муҷаддадан ба зиндон баргардонданд ва дар зиндон низ бар эшон (р) бисёр сахт гирифтанд, ва ҳатто дар хӯрду нӯши эшон (р). Сипас, дар рӯзи дуввуму саввуму чаҳорум, то рӯзи даҳум равиши кор бо эшон (р) ҳамин буд. Берун карданд, аз зиндон бо ғӯлу занҷир, заданд басо бераҳмонаву хунин карданд тани муборак, чархониданд, дар бозорҳову хиёбонҳо, ҳамроҳ бо савти анкар (зишттарин садоҳо)-и мунодии халифа… Ва танг карданд золимон, ҳама маҷорӣ (маҷро)-и танаффус (нафас кашидан, зиндагиву истироҳат) ва ҳаёт бар эшон (р)… Даҳ рӯз бо ҳама сангинӣ ва бераҳмии хеш… Пас дар ин ҳангом Имом Абӯҳанифа (р), сахт ва хамӯшу бесадо гирист ва дар пешгоҳи Парвардигори хеш, ба зорӣ дуъову муноҷот кард, то ки рӯзи понздаҳум эшон, яъне, Абӯҳанифа(р)-ро аз ин меҳнатсаро ва дунёи пурфитнаву шӯр, ба «Ҷаннатулмаъво»-и хеш, яъне, ба «Биҳшит»-и анбарсиришт, фаро хонд, ва рӯҳи баландашон ба «Аъло-ъилиййин» (баландтарин баландиҳо, яъне, баландтарин  мақому  дараҷоти Биҳишти анбарсиришт-С.Б.Б) пайваст.

Ва ҷамоате дигар ривоят кардаанд, ки дар зиндон ҷоме ба заҳр олӯдаро ба эшон пешкаш карданд, то онро бинӯшад. Аммо Имом Абӯҳанифа (р) имтиноъ кард ва гуфт: «-Ман медонам, ки дар ин ҷом чист?! Ва бар худкушии худ бо шумо ҳамдаст намешавам!». Аммо маъмӯрони халифа Имом Абӯҳанифа (р)-ро ба зӯрии ваҳшиёна, бар пушт афканда ва сипас ҷоми захрогинро ба иҷбор, бар даҳони мубораки эшон (ки як нафас, аз зикри Парвардигори субҳон ва салавоти Расулуллоҳ (с) боз намемонд-С.Б.Б) рехтанд, ки аз асари он заҳри ҳалоҳил Имом Абӯҳанифа (р) ҷон ба ҷонофарин пайваст ва ба шаҳодат расид. Ва баъзе нақл мекунанд, ки ин кор дар ҳузури Халифа Мансур анҷом гирифт. Ва ин ривоят, ки Имом Абӯҳанифа (р) чун маргашро эҳсос намуд, саҷда кард ва нафаси мубораки вай, дар ҳоли саҷда, аз тани муборакаш берун шуд, ривояте басо саҳеҳ аст.

Баъзе аз ривоёт изофа кардаанд, ки: Имтиноъи Имом Абӯҳанифа (р), аз қабули мансаби Қузо, ба худии худ Мансурро ончунон бар сар қаҳру ғайз (хашму ғазаб) намедошт, ки эшонро бадин шеваи золимона, ба шаҳодат расонд. Лизо сабаби ҳақиқии қатли Имом Абӯҳанифа (р) ин буд, ки баъзе аз душманони эшон назди Мансури Аббосӣ шайтанат кардаву гуфтанд: – Ин Абӯҳанифа аст, ки Иброҳим ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Ҳусайн ибни Алӣ разиаллоҳу анҳумро алайҳи ту баршӯронида ва ӯро бо моле бисёр тақвият намуда аст.

Ва Иброҳим ибни Абдуллоҳ (р) дар Басра алайҳи Мансур қиём карда буд. Пас Мансур шадидан аз ин хабари фитнаангез саросема шуд ва чунон дар ҳарос шуду ба таҳлука афтод, мисли Язид, ки даме орому қарор надошт ва лизо бе даранг ба дунболи Имом Абӯҳанифа (р) кас фиристода ва эшонро ба Бағдод ҳозир кард. Ва аз онҷое, ки ӯ ҷуръат намекард, то бе ҳеҷ баҳонае муртакиби ҷасорати қатли эшон гардад, пас ба эшон мансаби Қузоиро пешкаш кард, бо алам ба инки эшон ин мансабро намепазиранд, то бадин васила барои ба шаҳодат расонидани эшон баҳонае ба даст овард. 62-142-143.

Дар торихи вафоти Имом Абӯҳанифа (р) муаррихон иттифоқи назар доранд бар ин, ки Имом Абӯҳанифа (р) дар соли 150 ҳиҷрии қамарӣ (767 мелодӣ), ба умри ҳафтодсолагӣ, дори фониро видоъ гуфт.

Ва ривояте, ки мегӯяд: – Вафоти эшон дар соли 151 ҳиҷрии қамарӣ буд, ривояте бе появу асос аст, чунонки муаррихон бе асос будани онро бо далойилу шавоҳиди мустанад, ба исбот расонидаанд.

Ва бисёре гуфтаанд, ки: – Вафоти эшон дар моҳи «Раҷаб» иттифоқ афтод. Аммо баъзе бар онанд, ки ин воқеъа дар моҳи «Шаъбон» буд, ва бархе дигар бар онанд, ки вафоти эшон дар ними моҳи «Шаввол» рӯнамо гардид. Ва аз Имом Абӯҳанифа (р) фақат як писар ба ном Ҳаммод (ки аз рӯи эҳтиром нисбат ба устодаш Ҳаммод ибни Абӯсулаймони Фақеҳ раҳамуллоҳ, Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳу ъалайҳ, номи ӯро ба писари худ, дода буд-С.Б.Б) 62-144.

Аллома-Муфтӣ Ал-Ҳиҷоз Шайх Шаҳобиддин Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳаҷар Абӯлаббос Ҳайтамӣ Саъдии Ансории Маккиӣ, дар китоби худ «Ал-Хайрот ал-Ҳисон фӣ-Маноқиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон» (ки тарҷумаи форсии ин китоб, бо номи «Маноқиби Имоми Аъзам раҳамуллоҳу ъалайҳ» дар тарҷумаи Абдуррауфи Мухлис ва тақдиму таҳқиқи Шайх Халил Ал-Майс-Мудири Ал-Азҳари Миср мавриди мутолиъа ва пажӯҳишу истифодаи мо буду ҳаст) перомуни таҷҳизу тадфини Имом Абӯҳанифа (р) овардаанд: «-Чун Имом Абӯҳанифа (р), ба раҳмати эзадӣ пайвастанд, аз зиндон, ба василаи панҷ тан аз зиндонбонон берун оварда шуда ва ба маҳалли ғуслашон мунтақал гардиданд. Пас Ҳасан ибни Аммора-Қозии Бағдод пайкари мутаҳҳараашонро ғусл дод, дар ҳоле, ки Абӯраҷоъ Абдуллоҳ ибни Воҳиди Ҳиравӣ, бар эшон (р) об мерехт. Ва чун Ҳасан ибни Аммора, аз ғусл додани эшон (р) фориғ гардид, ба ҳасрат ва дидагони пурнам гуфт: «-Худо бар ту раҳмат ва мағфират кунад, аз сӣ сол бадин сӯ доимуссавм (пайваста машғули ибодат) будаӣ ва аз чиҳил сол бадин сӯ паҳлӯи муборакат шабҳангом, бар болин ором нагирифта аст.

Ту фақеҳтарини мо, обидтарини мо, зоҳидтарини мо ва ҷомеътарини мо, дар хислатҳои хуб будаӣ, ва акнун дар ҳоле ба сӯи манзилгоҳи абадии хеш меравӣ, ки бар Суннати сайиди коинот ва пешвойи шариъати ғурро Ҳазрати Набии Акрам (с) ва бар хайру ҳидояти нек реҳлат кардаӣ, ба ростӣ ононеро, ки баъд аз ту қарор доранд, аз инки битавонанд ба мақому манзалат даст ёбанд, хаста ва дармонда гардонидӣ!»

Ва овардаанд, ки ҳанӯз аз ғусли эшон (Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳу ъалайҳ) фориғ нагардида буданд, ки анбӯҳи халқе бе шумор, аз аҳолии Бағдод, ки ҷуз Худои мутаъол шумори ононро надонад, бар ҷанозаи эшон (Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳамуллоҳу ъалайҳ) гирд омаданд, гӯё инки малоика нидои реҳлати эшон (р)-ро бар офоқ густаронида бошанд, ки баъзе шумори намозгузорон, бар эшон (р)-ро ба панҷоҳ ҳазор тан ва баъзе бештар тахмин задаанд. 62„,145.

Ва иқомаи намози ҷаноза бар эшон (Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳамуллоҳу ъалайҳ) то шаш бор такрор гардид, ки охирин иқомакунанда Имом Ҳаммод, фарзанди ягонаи эшон (р) буд. Издиҳоми халоиқ бар сари ҷанозаи эшон (Имом Аъзам разиаллоҳу ъанҳум) то бадонҷо буд, ки то баъд аз намози «Аср», қодир ба тадфини эшон (р) нагардиданд ва мардуми дидапурсиришк, пас аз дафнашон низ пайваста бар қабри пурнури эшон намози маййит (яъне, ду ракаъат намози осонии ҳавли гӯр бар маййит-С.Б.Б) мехонданд, ки ин амр то бист рӯз идома дошт. 62, 145.

Ва Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) васият намуд, то ҷасади муборакашонро дар зилъ (канор, ҷониб)-и шарқии гӯристони «Хизрон» дафн кунанд, зеро, ки замини он пок ва аз шубҳаи ғасб холӣ аст. Ва чун ин хабар ба Мансури Давониқӣ расид гуфт: «-Бо ту душвор аст, дар зиндагӣ ва маргат».

Ва чун хабари реҳлати Имоми Аъзам Абӯҳанифа  (р), ба Ибни Ҷариҷ-фақеҳи Маккаи мукаррама, яъне, ба устоди-устоди Имом Шофеъӣ (р) расид, ояи истирҷоъро тиловат кард ва гуфт: «-Вой! Чи илме аз миёна бирафт!» Ва чун ин хабари ҷонкоҳ ба Шаъаба (р) расид, истирҷоъ кард ва гуфт: «-Нури илм аз Кӯфа фусурд ва бидон, ки Кӯфиён ҳаргиз монанди вай нахоҳанд дид».

Ва баъд аз муддате тӯлонӣ, Малик Абӯсаъд Муставфии Хоразмӣ (р) бар сари мазори эшон қуббаи бузурге ниҳод ва дар ҷанб (паҳлӯ)-и он ҳам мадрасаи азиме (яъне, дар шафати масҷиди «Козимайн»-С.Б.Б). 62, 145.

Бадон, ки мазори Имоми Аъзам (р) марҷаъи уламоу урафо ва ихлоскешони роҳи шариъат будаву мебошад ва бисёре аз ҳоҷатмандон аз ин равзаи муборак (ба сифати васила, дар муроҷиат ва муноҷоташон бо Ҳақтаъоло-С.Б.Б) ба файз расидаанд.

Аз он ҷумла, Имом Шофеъӣ (р) буд, ки чун ба Бағдод мезист, мегуфт: «-Ман ба Абӯҳанифа раҳамуллоҳ табаррук меҷӯям ва ҳамеша қабри вайро зиёрат мекунам ва чун ҳоҷате бароям рӯнамо гардад, ду ракаъат намоз мегузорам ва бар сари қабри эшон (Имоми Аъзам раҳамуплоҳ) меоям ва аз Худои ъазза ва ҷалл он ҳоҷати хешро металабам, пас ҳоҷатам ба зудӣ (ба шарофати рӯҳи пурфайзи Имоми Аъзам раҳамуллоҳ-С.Б.Б). раво мегардад (кош афроди бо ном «муллоҳои ислоҳотчӣ»-и имрӯзаи ҳазормазҳаб чун Имом Шофеъӣ разиаллоҳ рафтор ва адаб мекарданд). 62., 146 -147.

Дар «Шарҳи Минҳоҷ»-и Набавӣ омада аст, ки рӯзе Имом Шофеъӣ (р) дар мазори Имом Абӯҳанифа (р) намози Бомдодро мегузорид, пас дар намоз дуойи «Қуннут»-ро нахонд ва вақте аз вай иллати тарки «Қуннут»-ро пурсиданд, гуфт: «-Ба ҷиҳати риояти адаб, бо соҳиби ин қабр». 62., 147.

Ва шаке нест, ки Имом Шофеъӣ (р), аз ҷумлаи он аима аст, ки ҳар гуна амали вай муставҷиби таъсию иқтидоъ мебошад, пас дар ҳоле, ки Имом Шофеъӣ (р), аз анҷоми феълии иҷтиҳодӣ, ки хилофи раъйи Имом Абӯҳанифа (р) аст, баъд аз марги эшон ҳаё мекунад ва адабро бо эшон (р), баъд аз фавташон муроъот менамояд, таклифи сойири муслимин, дар қибол (баробар; муқобил)-и ин Имоми ҳумом (р) чи хоҳад буд? 62… 147.

Ва чун Абдуллоҳ Ибни Муборак (р), бар сари қабри Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) истод, гуфт: «-Худо туро раҳмат кунад, Иброҳими Нахъӣ (р) ва Ҳаммод ибни Абӯсулаймон (р) рафтанд ва баъд аз худ чун ту ҷонишинеро баҷо гузоштанд, аммо ту зуд рафтӣ ва баъд аз ту ҳеҷ касе бар рӯи Замин сазовори шаъни ҷонишиниат нест!». Ин гуфт ва сипас ба зорӣ гирист, ки гирист. 62., 147.

Ва Ҳасан ибни Аммора (р) бар сари қабри Имоми Аъзам (р) гуфт: «-Ту аз барои мо ҷонишине ростин (ва имоме муттақин) барои гузаштагон будӣ, аммо баъд аз худ ҷонишине боқӣ нагузоштӣ, ва агар дар илме, ки ба эшон омӯхтӣ, ҷонишини ту бошанд, ҷонишинии эшон барои ту дар зӯҳду тақво мумкин нест, магар бо тавфиқу инояти хоссае аз боргоҳи Ҳақ». 62., 147.

Бале, ба ҳақ дуруст гуфтааст пири тариқат ки: «-Ёрони Худо, Худо набошанд, лекин зи Худо ҷудо набошанд. Ҳазрати Имоми Аъзам (р) ба дурустии том марди ҳақ, яъне, инсони комил ва басо фозил будаанд, ки дар шаънашон, бузургони ҳама давру замон, як ҳазору се саду даҳ сол, ба ин ҷониб, суханони басо нек гуфтаанду мегӯянд ва хоҳанд гуфт то ба рӯзи «Ҳашр».

Вале, чӣ метавон гуфт, ки санги маломату кина ва ҳасади инсонҳои бадниҳоду бе имон ва тиҳимағзу уммушшаётин мудом ба сӯи азизони Худо равона будааст, ки буда.

Бадхоҳони камсавод ва умуман хоммағзу бе мағзе, ки кинаву адоват ба қутбулавлиёъ – Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) меварзиданд, мудом кӯшиш ба он медоданд, ки бо ҳар баҳонае эшонро ба тӯҳматҳои хушку холӣ ва «аҳком»-и «куфр»-у «гуноҳ»-и худбофтаву худсохтаашон ба гунаҳкорӣ муттаҳам созанд. Душманон ва бадхоҳони Имоми Аъзам (р) чун ғундаҳои заҳрнок доим дар камингоҳ будаанд ва омадаи он будаанд, ки бо ҳар баҳонае он марди ҳақро ба тору чанголҳои заҳрогини худ дароваранд. Бо ин нияту андешаи бадашон бадхоҳони Имоми Аъзам (р) шабу рӯз ва соату дақиқаҳо гирди Имоми Ҳумом (р) ғундавор торҳои заҳролуди хешро метанидаанд, ки метанидаанд ва оқибат ҷисми мубораки Ҳазрати Имоми Аъзам (р) тӯъмаи ин зумра инсонғундаҳо ва инсонсагони дарранда гардид, аммо бадхоҳон бо ин кори худ натавонистаанд, ки рӯҳи басо муборак ва пурфутӯҳу мутаҳҳараи мунаввараи Имоми Аъзам (р)-ро халалдор созанду нобуд кунанд. Рӯҳи Имоми Ҳумом Абӯҳанифа (р) абадзиндаасту иншоаллоҳ макон дар «Аъло ъилиййин»-и Ҷанат-ул-Фирдавс дорад ва то рӯзи «Ҳашр» мунтазири дидор бо дӯстону душманон аст…

Ҳофиз ибни Абдулбарр (р) дар ин маврид сухане дорад, ки ҳосилаш ин аст: «-Баъзе аз асҳоби Ҳадис, дар мазаммати Абӯҳанифа раҳмауллоҳ ифрот кардаву бо эроди ин итҳом (тӯҳмат), ба эшон (р) ки гӯё қиёсро бар Ҳадис муқаддам (болову авло) мегардонанд, дар воқеъ аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд.

«-Дар ҳоле, ки Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ ва аксари аҳли илм бар онанд, ки чун ҳадисе саҳеҳ, дар ҳукме аз аҳком вуҷуд дошт, раъй ва қиёс дар он ҳукм фоқиди эътибор аст. Лекин ончиро, ки Имом Абӯҳанифа разияллоҳ рад кардаанд, баъзе аз хабарҳои воҳиде аст, ки таъвили онҳо дорои маҳмил (маънии калимот ва ҷумла ва матлаб)-ҳои мухталифе аст. Ва дар ин роҳ фақат Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ набудаанд, ки чунин кардаанд, балки дигар пешкасватон, аз аҳли илми Кӯфа, ҳамчун Иброҳими Нахъӣ (р) ва асҳоби Ибни Масъуд низ ҳамин корро кардаанд».

– Ва Лайс ибни Саъд (р) мегӯяд: «-Ҳафтод масъаларо аз Имом Молик (р) баршумурдам, ки дар ҳамаи онҳо ӯ (яъне, Имом Молик раҳамуллоҳ) ба раъйи хеш ҳукм карда буд ва ҳамаи онҳо мухолифи Суннати пешвоямон Расулуллоҳ (с) буд. Ва чун бо ин воқеъияти такондиҳанда рӯ ба рӯ шудам, ба ӯ номае навишта ва ӯро дар он нома насиҳат намудам…

– Аммо ин нукта қобили зикр аст, ки ҳеҷ як аз аима (имонон)-и мазҳаб ва уламои умматро намеёбем, ки «Ҳадисе саҳеҳ» аз Ҳазрати Расулуллоҳ (с), дар назди вай ба субут расида бошад, сипас онро рад кунад ва напазирад, магар бо ҳуҷҷате, чун иддаои нусахи он ҳадис бо ҳадисе монанди он, ё нусахи он ба иҷмоъ. Чӣ агар касе Ҳадиси саҳеҳи Расули Худо (с)-ро бидуни кадом хуҷҷате радд кунад, бе тардид адолати он соқит мешавад, чи расад ба имомати он, ва дар ин сурат номи фисқу бидъат мулозиму ҳамроҳи вай магардад, ки Худои ъазза ва ҷалла шонаҳу аима (яъне, имонон)-и моро (ки посдорандагони аҳкоми Илоҳиву барподорандагони ҷамоаи аҳли суннат ва ҷамоат будаанду аз эшон ба имрӯзиён мерос монда (С.Б.Бузургмеҳр) аз ин офат, ъофият бахшида аст.

– Ва бояд гуфт, ки иҷтиҳод, дар раъю қиёс намудан бар усул, мухтас (вижа, хоса)-и аимаи мазоҳиб набуда, балки ин амр аз саҳобаи киром (р) низ  нақл   гардидааст, ки зикр  намудани намунаҳои он дар инҷо ба тӯл меанҷомад. Чунонки тобиъин низ бар ин наҳв (роҳ) амал намудаанд, ки Лайс ибни Саъд (р) халқе бисёр аз ононро баршумурдааст. 2-151-152.

Ин буд, суханони Ибни Абдулбарр (р), ки дар он ҷавобе шофӣ ва кофӣ аст, бар ин таънҳои беасос.

Ҳосили сухан ин ки ин танҳо Имом Абӯҳанифа (р) набудаанд, ки ба ҳуҷҷияти қиёс қоил гардидаанд, балки шеваи амали тамоми фуқаҳои билоди Ислом, бар ин мабно буда аст, чунонки Ибни Абдулбарр (р), ба тафсил, дар радди иддаои воҳӣ (суст, заиф, бе бунёд, пуч ва беасос)-и ононе, ки ҳуҷҷият (далел, бурҳон)-и қиёсро айб шумурдаанд, доди сухан дода аст». 62-152.

Бале, вафоти нобаҳангоми Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) шикасте сахт ва сукуте бе ҷавоб буд, баҳри муслимин, яъне, умматони солеҳи Расулуллоҳ Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва мотаме азим, ки ҳам инсонҳоро селоби сиришки сӯзон, аз дидаҳо ҷорӣ кунонду ҳам олами арвоҳу малак ва мавҷудоти ғайбии арзу саморо бе қарор. Сиддиқии Мағобирӣ (р) шахсе буд мӯҷибуддаъва, вай мегӯяд: – Чун Абӯҳанифа Имоми Аъзам раҳамуллоҳ вафот ёфт, ман се шаб паёпай овозеро мешунидам, ки мегуфт (шеър):

Заҳаба ал-фиққ, фало фиқҳа лакум,

Фаттақуллоҳа ва кунну хулафо.

Мота Нӯъмон, фаман ҳозал-лазӣ,

Юҳйил-лайли изо мо саҷафо!

Яъне:

Фиқҳ аз миёни мо рафт ва дигар шуморо фиқҳе нест,

Пас, аз Худо парво кунед ва ҷонишини хубе бошед.

Нӯъмон реҳлат кард, пас кист он кас,

Ки шабро-он гоҳ, ки ба нима расад-зинда бидорад?!

Баъзе мегӯянд: – Ҷинниёт дар шаби вафоти он Имоми ҳумом Абӯҳанифа (р), бар эшон (яъне, Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳу ъанҳум) мегиристанд, дар ҳоле, ки ду байти фавқро мехонданд, пас садо шунида мешуд, дар ҳоле, ки ҳеҷ кас дида намешуд». 62.-146.

Овардаанд, ки баъди ин воқеъа яъне, баъди даргузашти Имом Абӯҳанифа разиаллоҳ) Халифа Мансури Аббосӣ азобу шиканҷаи зиёди рӯҳӣ ва ҷисмонӣ дид ва аз гуноҳҳои дар тӯли умри хеш кардааш хеле ва хеле дар ҳарос буд. Ва умри зиёде ҳам надид, гоҳе танҳо дар мавқеи хутба, бар минбар гиря мекард ва аз Худованд авфи гуноҳ металабид.

Мансур пас аз тақрибан 22 соли хилофати пурҳаводиси худ (хунрезиҳои беамон) дар соли 148 ҳиҷрӣ, бар асари дарди заъфи меъда ва мушкилии ҳазм (захми саратонӣ)-и хӯрок, ки муддатҳо бад-он мубтало буд, ба шасту панҷсолагӣ, дар мавзеи Баири Маймун, дар наздики Маккаи мукаррама, дар сафари Ҳаҷ (дар нимароҳ) мурд ва дар қабристони Муъалло, дар Макка дафн шуд. 27.-213.

… Халифаи   камхираду   гаправ   ва   ғаддору   тундхӯву   хунрез-Абӯҷаъфар   Мансури   Давониқии   Аббосӣ,   бузургфақеҳ   Ҳазрати Имоми Аъзами муаззамро чашми дидан надошт ва доим ҳасад мебурду дар ғайби Ҳазрати Имом (р) эшонро ғайбат мегуфт. Вале халифаву ёрони авомаш намедонистанд, ки ғайбати касе кардан, дар ғайби ӯ, дар дини фитрати Ислом қатъиян манъ асту ҳаром. Ба гуфтаи шоири иқболбаёни тоҷик равоншод Сармади Панҷекатӣ: «-Соя бигрезад ҳамоно, аз фурӯғи офтоб», халифаи давр, ақли расо надошт, ки маънии ҳикмати динии Ҳазрати Имоми Аъзам (р) ва роҳи хуршедвор мунаввари мазҳаби ӯро дарк кунад ва ё аққалан шахсияти он қутбулавлиёъ ва «Чароғи уммат»-ро бишиносад (ва чун Язиди лаъин пеши чашмонашро ва ақлу ҳушашро нафси шайтонии ҷоҳу мансаб гирифта буд), бинобар ин соявор аз  симои саршори нури илоҳиву афкори пешқадами Ҳазрати Имоми Аъзам (р), дар гурез буду аз рӯи кина ва хусумат, ҳар гоҳе ақрабвор неш бар эшон мезад, ки оқибат неши заҳрогини ин халифаи хунхору заҳҳокхӯ ва лаъин ба ҷисми Ҳазрати Имоми Аъзам (р) кора кард, ва ба қавли Ҳаким Фирдавсӣ «-Ҳунар хор гашту ҷодуйӣ арҷманд…».

Халифа Мансури Давониқӣ хост бо пулу мол ва мансаби дунёӣ ва фитнаҳои шайтонӣ Имом Абӯҳанифа (р)-ро бихарад. Аммо Имом Абӯҳанифа (р), ки сарватманд ва тоҷире номдор (эшон барои кори илмии хеш ва баҳри кӯмак ба бенавоён ва фақирон гоҳ-гоҳ ҳиҷрат ва тиҷорат мекарданд ва бешак матоъи абрешим савдо мекарданд 97-38) буданд ва аз аҳли ҷоҳу ҷалол набуданд, кулли пешниҳодоти дунёгароёна, (ки як баҳонаи қасосгирии халифа аз эшон буд)-и Мансури Аббосиро рад карданд. Бо ин баҳона, бо амри халифа Мансури Давониқии Аббосӣ, Ҳазрати Абӯҳанифа (р)-ро зиндонӣ карданд ва азобу шиканҷаи зиёд доданд, ба ҳадде, ки Имоми Аъзам (р), ба бемории тӯлонӣ гирифтор шуданд ва бино ба ривоёти дигар, оқибат дар кулбаи сӯфиёнаи хеш, дар ҳузури фарзанди дилбандаш Ҳаммод (ки аз рӯи эҳтиром ба устоди фиқираш Ҳаммод ибни Абӯсулаймон, номи ӯро ба писараш дода буд. аҳли байт ва муридону шогирдонаш Абӯюсуфи Яъқуб, Муҳаммадӣ Шайбонӣ, Имом Зуфар, Абдуллоҳи Муборак ва дигарон, аз дунёи ғурбатсаро рахти сафар бастанд, яъне, соли 767 донойи роз – Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), аз олам даргузаштанд, бале ҷисман, на ин ки рӯҳан. Номи поки Ҳазрати Имоми Аъзам (р) 1310 сол ба ин ҷониб, бо некӣ вирди забонҳосту, номи Мансури Давониқӣ бошад, ба ҷоҳилӣ. Афкори пешқадами динӣ, ҳуқуқи барҳаққи шаръӣ ва мазҳаби аршии «Чароғи уммат»-и Ҳазрати Муҳаммад (с) бошад, то имрӯз роҳи миллионҳо мусалмонони оламро мунаввар  кардаву мекунад.

Шахсияти Ҳазрати Имоми Аъзам (р) ба мартабае бузург аст, ки мадрасаи аҳли суннат ва ҷамоъатро асос гузошт, дар роҳи мунозира бо аҳли бидъат заҳматҳои зиёд кашид (раҳмати Худо ба номи ӯ бод). Аммо иддае аз ифротиёни беимон, ба хусус Халифаи худонотарс Мансур ва атрофиёнаш ӯро нашинохтанд вақте, ки пироҳан аз тани мубораки Имом Абӯҳанифа (р) (барои ғусл кунондани қабл аз дафн) баргирифтанд, дар бадани мубораки Ҳазрати Имоми Аъзам (р) осори зарбу лати даҳшатовар намудор буд…

Лаҳзае, ки ҷасади мубораки Имом Абӯҳанифа (р)-ро ба хок супориданд, рӯҳи қудсии базургвор, гӯё ба дашти Карбало шуду сӯи Ҳиҷоз бирафт, то тавофи Каъба кунаду ба Мадина зиёрати равзаи мубораки Ҳазрати Расулуллоҳ (с) ва сӯи Карбало шуд ва баъд парвоз сӯи олами улвӣ… Фариштае нидо ба дашти Аъроб ва тамоми олам дод, ки Худованд рӯҳи поки Имоми муаззам Абӯҳанифа (р)-ро, ки зиёрати Ҳаҷ ва намози Каъба кард ва Равзаи мубораки Набӣ (с)-ро зиёрат кард ва Ҳаҷҷи Ислом, бо тамоми шоистагӣ, ба ҷо овард, ба Биҳишт мехонад, ки Биҳишт бо эҳтироме, бесаброна, мунтазири ӯст ва ҳашт дари Ҷаннат кушода ба рӯйи ӯ, ки онҷо, дар Аълоъилиййин, курсии заррине мунтазири ӯст.

Ҳине, ки дуо ва муноҷоти рӯҳи қудсии Ҳазрати Имоми Аъзами муаззам Абӯҳанифа (р) мақбули Илоҳӣ шуд, ба шодмонӣ, парвози пуравҷ, сӯи Биҳишт кард, дар само ин алфози малакутӣ, аз забони фариштае дар танин буд, ки бо сабке аҷиб мегуфт:

«Аз арш садои Раббано меояд,

Овойи хуши «Худо», «Худо» меояд.

Фарёд, ки дарҳои Биҳишт боз кунед,

Меҳмони Худо, зи Карбало меояд».

… Аҳли байт, фарзанди дилбанди ӯ Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (р) наберагонаш – Имом Умар ибни Ҳаммод ибни Абӯҳанифа ва Имом Исмоил ибни Ҳаммод ибни Абӯҳанифа ва шогирдону муридон (ба хусус Имом Абӯюсуф ибни Яъқуб, Имом Муҳаммади Шойбонӣ, Абдуллоҳи Муборак Имом Зуфар ибни Ҳузайл ва дигарон лаънат бар золимон мефиристоданду борони сиришки дидагонашон мерехт, ки мерехт ва шукри Худо мекарданд, ки «Чароғи уммат» Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) бо номи нек ҳамчун пешвойи умматони солеҳи Ҳазрати Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с), эҳёкунанда ва посдорандаи шариати ғуррову давомдиҳандаи суннати анбиёъи мотақаддам, ба хусус Ҳазрати Муқаммад (с) аз ҷаҳон рафт, ки миллионҳо нафар пайравони роҳи худ, яъне, роҳи «Имоми Аъзам»-ро дорад… Оре, месазад соатҳо ва ҳар субҳу шом гирист, баҳри фарде, ки воқеан банда ва дӯсту дӯстдори ҳақиқии Худованд ва Расули гиромии Ӯ-Ҳазрати Муҳаммад (с) буду «Чароғи уммат». Ва тарғиботчии дини мубини Ислому интишордиҳандаи «Каломи Шариф»-у риоякунандаи суннати Ҳазрати Паёмбар (с) яъне, амалкунанда ба аҳодиси набавӣ ва эътирофкунандаву дӯстдорандаи чаҳор ёри босафову азизу авлиёъ, анбиёъи мотақадим ва пуштибони фақирону аҳли бенаво, дӯстдорандаи инсонҳои ҳақиқиву бунёдгаро, на инки найрангбозу бидъаткор ва риёкору рибоъхӯр ва динфурӯшу мазҳабфурӯш…

Баъди гузашти солҳо он донаҳои пурмағзу мардумгиёҳҳои ҷовидонсабзи ҳикмат ва фитрате, ки ҳазрати қутбулфуқаҳо Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ (р) дар мазраи бекаронаву сабздирафши дини Муҳаммадия (с) кошта буд, ҳар ҷо сар зад, яъне, бируст ва дар нашъу нумӯъ аст, ки басо самарҳо бахшидаву мебахшад, к-аз шаҳди меваҳои шаккарини ҳикмату маърифати ҳар дарахташ, коми аҳли дил мудом ширин аст. Яъне, он заҳамоте, ки Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) дар роҳи дини мубини Ислом кашида буданд, бар ройгон нарафт. Маҳз таълимоти мактаби ҳанафия, яъне, роҳи имомиаъзамия буду нури пурзиёи он шамъи тобон «Чароғи уммат», ки даҳҳо ва садҳо парвонаҳойи ошиқӯ шайдо ва басо дилдодаро ба мисли Имом Молик, қозиюлқуззоти Ислом фақеҳи ҳанафӣ Абӯюсуфи Яъқуб ибни Иброҳим Ал-Кӯфӣ ал-Ансорӣ, Иброҳими Адҳам, Абдуллоҳи Муборак (р), Имом Муҳаммади Шайбонӣ, Имом Зуфар, Имом Исмоил ибни Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (р), асосгузори мазҳаби шофеъия Абдуллоҳ ибни Идриси Шофеъӣ (ӯ гуфта: «-Кулли уламои олам дар фиқҳ аёли Абӯҳанифаанд», яъне ба дараҷаи Абӯҳанифа (р) нестанд) Абӯҳафси Кабири фақеҳи Бухорӣ (аҳди Сомониён), Абӯҳафси Сағир Шайх Алии Ҳаҷвирӣ (Доноганҷбахш) муаллифи «Кашф-ул-маҳҷуб», Муҳаммад ибни Исмоили Тирмизӣ (Имом-ал-Тирмизӣ), Бурҳониддини Марғиёнии фақеҳ, Шайх Абулқосими Гургонӣ, Абдулқодири Ғиждувонӣ, Абӯисҳоқ ибни Имом Муҳаммади Бухорӣ (Хоҷаи Ҷуйбор), Шайх Низомулмулк, Имом Муҳаммад Ғаззолии Шофеъӣ (ба ин маънӣ, ки Ғаззолӣ, шефтаи афкори Абӯҳанифа буд), Аҳмади Ғаззолӣ, Айнулқуззоти Ҳамадонӣ, Амири Кулол, Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд, Наср ибни Муҳаммади Хатлонии фақеҳ, Бадеуддини Нурӣ мулаққаб бо Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ, Имом Аскарӣ, Амир Сайид ибни Халифа Ҳасани Бухории Яғнобӣ (Ҳазрати Мулло), Шайх Саъдӣ (пири ахлоқ), Хоҷа Ҳофиз (пири ошиқони шайдо), Абдулмаъонӣ Бедил, Мавлавии Балхии Румӣ (пири тариқаи мавлавия), Шамсулҳақи Табрезӣ, Ҳазрати Шайх Аттори Валӣ, Хоҷа Камол, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Хоҷа Исҳоқи Валӣ, Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин, Бобо Соиб, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Мавлоно Аҳмади Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Сайид Ашрафи Ҷаҳонгир, Аллома Сулаймон ибни Хоҷа Калони Ҳанафии Қундузии Балхӣ, Сайид Яҳё Амири Девонаи Кирмонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Мавлоно Юсуфи Чархӣ, Эшони Халифа Ҳасани Панҷекатӣ, Мавлоно Масъуд ибни Маҳмуди Самарқандӣ, Мавлавӣ Ҷунӯнӣ Сӯфӣ Қаландаршоҳи Валӣ, Мавлавӣ Сайид Мирзобаҳодурхоҷаи Танӯрии (Ошиқи Танӯрӣ)-и Бухорӣ, Аҳмад Махдуми Дониш, Ҳазрати Махдуми Аъзам – Хоҷа Аҳмади Косонӣ Ад-Даҳбедӣ (р), Муҳаммад Иқбол, Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, Мавлавӣ Шайх Мулло Абдуррасули Питепӣ (Яғнобӣ), Ҳазрати Шайх Қозихон, Аллоҳёр ибни Аллоҳқул, Мавлавӣ Халифакӯчаки Яғнобӣ, Шарофиддини Бухорӣ, Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ, Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавии Ҳанафӣ (Шайхулҳинд-муассиси анҷумани «Нӯъмония»-и Ҳайдаробод ва муфассири Қуръон), Мулло Ҳусайн ибни Искандари Ҳанафӣ, Мавлавӣ Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Мавлавӣ Шайх Сайид Маллахоҷаи Валӣ, Мавлавӣ Сӯфӣ Абдулкарими Пичефӣ (Даштишӯрӣ), Имом Раббонӣ (р), Мир Сайид Ошиқи Бухорӣ (р) Қорӣ Муҳаммадҷони Қуқандӣ – мулаққаб ва маъруф бо Ҳазрати Алломаи Ҳиндустонӣ (р) ва садҳо зумраи эшонро ба сӯи худ, ба роҳи Худову Расули Худо (с) ва ёрону асҳобашон кашиду роҳи ҳақиқати Қуръон, яъне, шариати ғурройи исломӣ, суннати Муҳаммадӣ (с) ва мазҳаби ҳанафия, яъне, фирқаи Расули гиромӣ (с), асҳоб ва ёронашро бар эшон мунаввар сохт (Ва боиси қайд аст ки дар Тоҷикистон, метавон гуфт наваду нӯҳ фиссади мардуми мусалмон, аҳли суннат ва ҷамоъат буда, ҳанафимазҳабанд). Таи солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми садаи равон (асри XX) бошад, пас аз ҳафтод соли хомӯшӣ, тавассути заҳамоти чандинсола ва кӯшишҳои пурсамари уламову фуқаҳойи барҷастаи миллат (алалхусус бо заҳамоти собиқ Қозиюлқуззоти мусалмонони Тоҷикистон мӯҳтарам Аллома Мавлавӣ Доктор Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода) ва аз ҷониби баъзе аз масъулони донишманду бедормағзи Ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус Ҷаноби олӣ Раисиҷумҳур ва амиалмӯъминин мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мадорису (донишкадаи давлатии Исломии Тоҷикистон) масоҷиди аҳли суннат ва ҷамоъат барпо ва ҳамчунин идораи қозиёт (ҳоло муфтиёт) эҳё ва пойдор гардид (баҳри ҳифзи ҳуқуқи мусалмонон).

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …