Главная / Илм / ДИФИЛЛОБОТРИОЗ

ДИФИЛЛОБОТРИОЗ

difillobotriozДИФИЛЛОБОТРИОЗ (Diphyllobothriasis), бемориҳое, ки тасмакирмҳо ва диг. киҷҷаю кирмҳои рӯдаи одам ва баъзе ҳайвонот ба вуҷуд меоранд. Дарозии тасмакирм 7 – 10 м буда, аз банд (буғум)-чаҳои сершумор иборат аст. Сараш ду сӯрохии чуқур дорад, ки тавассути он кирм ба девораи рӯда часпида мегирад. Тухм ва бештар бандҳои кирмҳо бо наҷосати одамони бемор ва ҳайвонот (гурба, саг ва ғ.) хориҷ мешаванд. Ҳангоми ба оби кӯлу ҳавзҳо афтодани тухмҳо баъди 3 – 5 ҳафта аз онҳо ҷанин мебарояд. Аз ҷанин харчангчаҳои белпо (сиклопҳо) ва аз онҳо моҳиҳо ( сиклопҳоро мехӯранд) сироят меёбанд. Одам аз Д. дар аснои истеъмол кардани моҳии нағз нопухта, инчунин аз тухми бенамаки моҳиҳои шӯртан ва налим сироят меёбад. Дар мавриди он дилбеҳузурӣ, қай, баъзан дарди шикам ва камхунии вазнин пайдо мешавад. Д.-ро бо роҳи аз наҷосати бемор ёфтани тухм ё бандҳои кирм ташхис мекунанд.
Бемор дар касалхона табобат меёбад. Одатан доруҳои қиҷҷарон ва рафъи камхунӣ таъин карда мешавад. Барои пешгирии Д. ҷӯй ва кӯлу дарёҳоро аз ифлосӣ (бо наҷосати одаму ҳайвонот) эҳтиёт кардан зарур аст; танҳо моҳии нағз пухта, бирёншуда, дудхӯрда ё намакхӯрдаро бояд истеъмол кард. Моҳӣ баъди 2 – 7 рӯзи намак кардан, безарар мегардад. Агар ба тухми шӯртан 10% намак (нисбат ба вазни тухми моҳӣ) илова карда шавад, кирминаи тасмакирмҳо баъди 30 дақ., аз 5% намак – баъди 6 соат ва аз 3% – фақат баъди 2 шаборӯз маҳв мегарданд. Мавриди дар 18ºС ях кунондани моҳии вазнаш то 2500 г кирминаи тасмакирмҳо баъди 2 – 4 рӯз, дар 6ºС – баъди 6 – 7 рӯз нобуд мешаванд. Ниг. низ Гелминтозҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …