Главная / Илм / ДИЕТОЛОГИЯ

ДИЕТОЛОГИЯ

Doctor nutritionist in office with healthy fruits diet conceptДИЕТОЛОГИЯ (аз диета ва …логия), диетика,илм дар бораи ғизои беморон. Хӯроки одамони сиҳатро гигиенаи хӯрок меомӯзад. Д. ба парҳезшифоӣ (масъалаҳои истифодаи моддаҳои хӯрокиро ҳангоми бемориҳо меомӯзад) ва кулинарияи парҳезӣ (хусусиятҳои коркади кулинарии маҳсулотро ҳангоми бемориҳо меомӯзад) ҷудо мешавад. Д. усулҳои навтарини тиб, биохимия, физиология, морфология ва ғ.-ро истифода мебарад. Қонуниятҳои Д. дар муассисаҳои гуногун васеъ истифода мешаванд; дар санатория ва муассисаҳои табобатӣ касбҳои духтур-диетолог ва ҳамшираи шафқат оид ба нигоҳубини беморони парҳезӣ дохил карда шудааст.
Ад.: Лечебное питание, М., 1971.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …