Главная / Илм / ДИАТЕРМИЯ

ДИАТЕРМИЯ

ДИАТЕРМИЯ (юн. diathermáino – гарм мекунам), эндотермия, яке аз усулҳои физиотерапия, ки ҳангоми он бофтаю узвҳо бо ҷараёни баландбасомади электр гарм карда мешаванд. Д. – ро с. 1905 духтури чех Р. Сейнек дар амалияи тиб ҷорӣ намуд. Онро ҳангоми бемориҳои илтиҳобии музмин, бемориҳои шадиди илтиҳобии узву системаҳо, ихтилоли тағзия, илтиҳоби асаб, невралгия, дарди мушаку бандҳо ва ғ. истифода мебаранд. Таъсири Д. бо реаксияҳои физиологӣ зоҳир мегардад. Бо таъсири Д. мушакҳои бадан ва узвҳои дарунӣ суст шуда, ҳаяҷони асабҳои ҳис меафзояд. Д. дар ҷарроҳӣ, дерматология ва ғ. барои сӯзонидан ва буридани бофта аҳамият дорад, чунки хунравиро қатъ, дард, хавфи сабзиши ҳуҷайра ва паҳн гаштани сироятро кам мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …