Главная / Илм / ДИАБЕТИ БЕҚАНД

ДИАБЕТИ БЕҚАНД

diabeti-bekandДИАБЕТИ БЕҚАНД (Diabetes insipidus), серпешобии беқанд, бемориест, ки ҳангоми он мариз бисёр ташна монда, аз ҳад зиёд пешоб мекунад. Дар хун коҳиш ёфтани миқдори гормони вазопрессин, ки ба ихроҷи барзиёди моеъ аз организм монеъ мешавад, боиси ба вуҷуд омадани Д. б. мегардад. Сабаби Д. б. бемориҳои сироятӣ (грипп махмалак сил, сифилис ва ғ.), осеби мағзу косахонаи сар, омоси гипоталамус ва гипофиз аст. Он метавонад бемории ирсӣ низ бошад. Бемори гирифтори Д. б. ба миқдори зиёд об нӯшида, дар як шаборӯз аз 4 то 12 л, баъзе шахсон то 30 – 40 л пешоб хориҷ мекунанд. Бар хилофи диабети қандӣ пешоби беморони Д. б. қанд надорад (вазни хосаш ҳам кам аст). Дар натиҷаи камоб шудани организм ва талафи намак пӯсту луобпардаҳо хушк, бемор лоғар, беқувват мешавад. Маризӣ ҷараёни бардавом мегирад, аммо ба ҳаёти бемор хавф надорад. Д. б.-ро духтур бо доруҳои гормонӣ табобат мекунанд. Агар ба табобат саривақт шурӯъ намоянд, аксари беморон пурра шифо меёбанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …