Главная / Илм / ДЕЗОДОРАНТҲО

ДЕЗОДОРАНТҲО

dezodorantiДЕЗОДОРАНТҲО, моддаҳоеро гӯянд, ки барои кам ё нест кардани бӯи бад истифода мешаванд. Д. аз моддаҳои рафъи бӯй, хушбӯй (одорантҳо), бактериякуш ва ғ. иборат мебошанд.
Барои равондани бӯи ташноб, ҳоҷатхона, матбах ва ғ. моддаҳои аэрозолии «Ветерок», «Гвоздика», «Озодон», «Поляна» ва ғ. истеҳсол мешаванд. Дезодорантҳои «Букет», «Сиреневый» хосияти зиддимикробӣ доранд; дезодорантҳои «Тойлекс» барои ҳоҷатхона ва ташноб, «Кок» барои матбах ва «Эал» барои нест кардани бӯи тамоку истифода мегарданд.
Д. нисбат ба моддаҳои аэрозолӣ ҳаворо чандон тару тоза накунанд ҳам, таъсирашон муддати дароз мемонад. «Хвоинка» обакӣ буда, бӯи рутубат, мағор, тамоку, ҳайвоноти хонагиро меравонад, хонаро бо бӯи дарахти ҷалғӯза муаттар месозад. Дезодорантҳои обакии «Лесной» ва «Травка» барои равондани бӯи ҳоҷатхонаю ташноб истифода шуда, хосияти бактерисидӣ (нобуд кардани бактерия) доранд. Барои шкафҳои либосмонӣ истифодаи «Дезантим», ки дар шакли қурсҳои 20 – 30 г истеҳсол мешавад, мувофиқ аст. Вай бӯи нофорами арақи бадан, тамоку ва мағорро равонда, либосҳоро аз зарари куя муҳофизат мекунад.
Барои равондани бӯи яхдон Д.-ҳои «Рута», «Поглотител запахов» ва «Запахопоглотител»-ро кор мефармоняд. Онҳоро бо қуттичаашон дар яхдон мегузоранд; муддати истифодаашон 6 моҳ аст.
Бо моддаи аэрозолии махсус бӯи бади поруқуттиро бартараф кардан мумкин.
Дезодорантҳои шахсӣ барои рафъи бӯи арақи бадан пешбинӣ шудаанд. Онҳо баръакси антиперспирантҳо (модаҳое, ки ихроҷи арақро кам менамоянд) ихроҷи арақро кам намекунанд. Д.-ҳои аэрозолӣ бӯи гуногун дошта, либосро доғ намезанонанд. «Одорин», «Флеорол», «Флеорол-экстра», «Элфин» (чанд хел бӯй дорад) низ Д.-ҳои шахсӣ мебошанд. Барои равондани бӯи аъзои ниҳонии бадан препарати аэрозолии «Интимний» пешниҳод шудааст.
Барои рафъи бӯи арақ препаратҳои махсус, мас., «Гигея», «Илва» ва ғ. истифода мешаванд. Барои бартараф кардани серарақии пой препарати аэрозолии «Тюлпан» муфид аст. Бо «Футон» нафақат бӯи пойро меравонанд, балки бемориҳои занбӯруғиро низ пешгирӣ ва муолиҷа мекунанд.
Барои равондани бӯи пойафзор, пешгирии арақи пойҳо ва бемориҳои занбӯруғӣ низ Д.-ҳои махсус вуҷуд доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …