Главная / Илм / ДЕНГЕ

ДЕНГЕ

dengeДЕНГЕ (Dengue), як навъ бемории сироятӣ. Дар ду шакл ҷараён мегирад: табларзаи муқаррарӣ ва табларзаи хунрез. Д. дар баъзе мамлакатҳои Америка, Африка, Осиёи Ҷан. ва Ҷан. Шарқӣ, Юнон. Испания ва ғ. дучор меояд. Ангезандаи беморӣ вирус аст. Онро дар хуни мариз дар ох. давраи ниҳонӣ ва 3 – 5 рӯзи баъди падид омадани аломатҳои аввалини беморӣ ошкор мекунанд. Манбаи ангезандаҳо одами бемор ва маймунҳо мебошанд. Ангезандаҳои Д.-ро хомӯшакҳои ҷинси Aëdes интиқол медиҳанд.
Давраи ниҳонии Д.-и муқаррарӣ 3 – 15 рӯз аст. Беморӣ якбора оғоз меёбад: табларза, ҳарор. баланд (то 41°), дарди сар ва мушакҳои тахтапушту рон, сутунмӯҳраю бандҳо; ҳаракат халалдор мешавад. Баъди 3 – 4 рӯз тасф паст гашта, бемор арақи бисёр мекунад. Пас аз 1 – 4 рӯз ҳарор. боз баланд мешавад, дар пӯст доначаҳо медаманд.
Ҳангоми табларзаи хунрези Д. давраи ниҳонӣ 4 – 10 рӯз идома меёбад. Беморӣ ногаҳон бо табу тасф, қай, дарди шикам пайдо шуда, аз бинӣ, шуш ва меъдаю рӯда хун меравад, дар пӯст ҳасба медамад. Бисёр вақт рӯзи 3 – 7-уми маризӣ шок рух менамояд.
Д.-ро дар беморхона табобат мекунанд. Фарҷоми маризӣ хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …