Главная / Илм / ДАВРАИ КЛИМАКС

ДАВРАИ КЛИМАКС

klimaksДАВРАИ КЛИМАКС (Climax, climacterium), давраи гузариш аз балоғати ҷинсӣ ба пирӣ. Дар Д. к. фаъолияти узвҳои таносул тадриҷан суст мегардад. Д. к. дар занон бештар дар 45 – 50-солагӣ, дар мардон дар 50 – 55-солагӣ оғоз меёбад. Д. к.-и занон шадиду зуд (дар 3 – 5 сол), Д. к.-и мардон бошад, тӯлонӣ ҷараён мегирад. Зуҳуроти климакс ба ихтилоли муваққатии фаъолияти организм (аз сабаби суст шудани функсияи ғадудҳои ҷинсӣ) вобаста аст.
Дар хояи мардҳо адади ҳуҷайраҳое, ки гормонҳои ҷинсӣ ҳосил мекунанд, кам мешавад. Дар натиҷа миқдори гормонҳои ҷинсӣ дар хун кам шуда, фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ халал меёбад. Бештар кори дилу рагҳо вайрон мешавад: тез задани дил, чарх задани сар, ҳисси набазон дар сар, сарчархзанӣ, баланд шудани фишори хун, суст гаштани ҳофиза ва қобилияти корӣ ва ғ. Чунин мардҳо фарбеҳ гашта, мумкин аст дар онҳо бемориҳои диабети қандӣ ва ниқрис ба вуҷуд оянд. Яке аз аломатҳои Д. к. дар мардҳо сусткамарӣ аст.
Духтурон, одатан, баъд аз муоинаи мард ба хулосаи аниқ меоянд. Бо мақсади табобат аз доруҳои рӯҳнавоз ва таскинбахш, витаминҳо, транквилизаторҳо ва ғ. истифода мекунанд. Ихтилоли вазифавӣ дар мардон муваққатӣ буда, баъди муолиҷа рафъ мешаванд.
Инкишофи климакси занҳо ба тағйироти вазифавии гипоталамус, гипофиз ва тухмдон (ниг. Давраи ҳайз) вобаста буда, бо таназзули тадриҷии фаъолияти ҳайз зоҳир мегардад. Фосилаи рӯзҳои байни ҳайз зиёд ва ҳайз тадриҷан қатъ мешавад. Тафсири ин ҳолат чунин аст: дар 45 – 50-солагӣ дар гипоталамус тағйироти синнусолӣ, аз ҷумла қатъи ихроҷи даврии нейрогормонҳое, ки ангезандаи кори гипофизанд (гормонҳои гипофиз дар навбати худ ба узвҳои таносул таъсир мерасонанд) ба амал меоянд. Дар натиҷа ҷараёни пухта расидани тухмҳуҷайра қатъ гардида, луобпардаи бачадон тунук, интиқоли импулси асаб аз он ба тухмдон ва гипоталамус суст мешавад. Чунин тағйироти организм бо ихтилоли кори рагҳою силсилаи асаб (дамидани рагҳои хун, дарди сар, тундмиҷозӣ, бесомонии хоб, сустии қобилияти корӣ, баланд гаштани фишори хун ва ғ.) ҷараён мегирад, ки онҳо низ ба дигаргуниҳои синнусолии гипоталамус (аз ҷумла марказҳое, ки кори дил, рагҳои хун, шуш ва диг. узвҳои дохилиро танзим мекунанд) вобастаанд. Чунин ҳолат 1 – 2 сол давом карда, минбаъд тадриҷан барҳам мехӯрад. Тағйири синнусолӣ бо менопауза (қатъи ҳайз) ба охир расида, дар организм мувозанат барқарор ва саломатии зан беҳтар мешавад. Аломатҳои климакс дар синни ҷавонӣ (ба истилоҳ климакси бармаҳал) ҳам мушоҳида мешаванд. Ангина, грипп, тонзиллити музмин, гайморит ба пайдоиши климакси бармаҳал мусоидат мекунанд. Дар натиҷа ихроҷи нейрогормонҳое, ки фаъолияти гипофиз ва кори узвҳои таносулро танзим мекунанд, вайрон мешавад. Климакси бармаҳали бонувони ҷавон худ аз худ намегузарад (баръакс, бо мурури вақт он метавонад авҷ гирад). Агар табобатро сари вақт сар кунанд, мувозанати гормонҳо барқарор хоҳад шуд.
Дараҷаи ин ё он ноҷӯрие, ки дар Д. к. пайдо мешавад, ба ҳолати организм вобаста аст. Д. к.-и шахсони асабашон ноустувор ё гирифтори ягон беморӣ метавонад оризаҳои гуногун ба бор орад: дар ин айём бемории кӯҳна авҷ гирифта, бемориҳои нав пайдо мешаванд. Дар Д. к. ихтилоли кори ғадуди сипаршакл (дилзанӣ, ларзидани даст), мубодилаи моддаҳо (фарбеҳӣ ё харобӣ), диабет, ғалаёни хун (гипертония) мушоҳида мешавад. Аксаран ихтилоли асабию рӯҳӣ рӯй медиҳад, ки бо ҳаяҷонпазирӣ, зуд мутаассир гаштан (хашмгинӣ, гирёнчакӣ), бехобӣ ва ғ. зоҳир мешавад. Баъзан ихтилоли эҳсос рух менамояд: дар заминаи кайфияти бад (ғаму ғусса, норизогӣ, тундмизоҷӣ) хурсандӣ ба амал омада, сипас ба тарсу ваҳм иваз мешавад; ипохондрия (нисбат ба саломатии худ аз ҳад зиёд нобовар будан) ва невроз авҷ мегирад. Баъзан психози инволютсионӣ (ниг. Бемориҳои рӯҳӣ) рӯй медиҳад. Ба ин ҳолати ногувор тайёр будан лозим. Ба саломатии худ муносибати оқилона мебояд. Худдорӣ накардан, назорат карда натавонистани кайфияти худ, беқарории изтиробангез ва худмуолиҷаи бесару сомон метавонанд боиси он шаванд, ки ихтилоли муваққатӣ ба бемории ҳақиқӣ табдил ёбад. Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои климакс ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Барои барқарор кардани мувозанати эҳсосӣ доруҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар ин давра занҳо бояд барои муоинаи профилактикӣ (дар 6 моҳ 1 маротиба) ба духтури гинеколог муроҷиат кунанд (дар ин давра бемориҳои гуногуни гинекологӣ инкишоф меёбанд). Риояи қоидаҳои гигиена барои нигаҳдории саломатӣ дар Д. к. аҳамияти калон дорад

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …