Главная / Илм / ДАВРАҲОИ СИННУ СОЛИ КӯДАКОН

ДАВРАҲОИ СИННУ СОЛИ КӯДАКОН

davrahoi-sinnu-soli-kudakonДАВРАҲОИ СИННУ СОЛИ КӯДАКОН, давраҳои сабзишу инкишофи ҳамл ва кӯдак буда, дар рафти онҳо узву системаҳои организм тадриҷан ташаккул ёфта, ба организми болиғ мубаддал мешаванд. Инкишофи организми кӯдак аз ду давраи асосӣ иборат аст: батнӣ ва хориҷибатнӣ. Давраи батнӣ муддатест аз лаҳзаи бордор шудан то таваллуди кӯдак; давомоти он 9 моҳ (40 ҳафта) аст. Он ба зинаи инкишофи ҷанинӣ (то моҳи 3 – юми ҳомилагӣ) ва зинаи инкишофи машимавӣ (аз моҳи 3-юм то 9-уми ҳомилагӣ) ҷудо мешавад. Марҳалаи хориҷибатнӣ, ки аз лаҳзаи таваллуди кӯдак оғоз меёбад, ба 6 давра ҷудо мешавад. Ба ҳар кадоми ин давраҳо дараҷаи мувофиқи инкишофи организми кӯдак, сина маконидан, ғизо додан ва нигоҳубин хос аст: 1) давраи навзодӣ – аз лаҳзаи таваллуд то афтидани бақияи ноф ва шифои захми он, 3 – 4 ҳафта давом мекунад (ниг. Кӯдаки ширмак); 2) давраи синамакӣ – аз ҳафтаи 4-ум то 1-солагӣ; 3) давраи пеш аз томактабӣ – аз 1 то 3-солагӣ (ниг. Синни яслӣ); 4) давраи томактабӣ – аз 3 то 7-солагӣ (ниг. Синни томактабӣ); 5) синни хурди мактабӣ – аз 7 то 12-солагӣ (ниг. Синни мактабӣ); 6) синни калони мактабӣ ё синни наврасӣ, давраи балоғати ҷинсӣ – аз 12 то 18-солагӣ.
Бо мурури замон таносуби тани кӯдак дигаргун мешавад. Қисмҳои ҷудогонаи организми ӯ як хел тараққӣ намекунанд, бинобар ин таносуби байни узвҳо тағйир меёбад. Мас., дар тамоми муддати инкишоф дарозии пой тақрибан 5 маротиба, дарозии даст 4 маротиба, тан 3 маротиба, баландии сар бошад, фақат 2 маротиба зиёд мешавад.
Ҳар давра хусусияти муайяни анатомию физиологӣ (барои ҳамон синну сол мувофиқ) ва мутобиқат ба шароити муҳити зистро дорад. Донистани ин хусусиятҳо барои нигоҳубин, ғизо додан ва тарбияи кӯдак лозим мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …