Ҷавоне сахт бемор мешавад. Ягон табиб ўро сиҳат карда наметавонад. Абўалиро меоранд. Ў мефармояд, ки:
– Мардеро биёред, ки номи ҳамаи деҳаҳои гирду атрофро донад.
Он мардро меоранд. Абўалӣ набзи беморро медораду ба он мард мефармояд, ки номи ҳамаи деҳаҳоро якто – якто номбар кунад.
Мард деҳаҳоро якто – якто номбар мекунад ва дар вақти ном бурдани яке аз деҳаҳо набзи бемор аз муқаррариаш тезтар мезанад.
Абўалӣ мегўяд, ки:
– Акнун шахсеро биёред, ки тамоми хонаҳои он деҳ ва соҳибонашро якто-якто номбар кунад.
Чунин шахсеро ҳам меоранд ва Абўалӣ боз набзи ҷавонро дошта, он мардро мефармояд, ки соҳибони хонаҳои он деҳро номбар кардан гирад. Ҳини номбар кардани яке аз хонаҳои деҳ бемор беҳуш мешавад.
Абўалӣ мегўяд:
-Соҳиби он ҳавлӣ духтаре дорад. Он духтарро ин ҷавон дўст медорад, онҳоро зуд никоҳ бандед.
Онҳоро никоҳ мебанданд. Ҳамин тавр он ҷавон аз марг наҷот меёбад.