Главная / Илм / ДАСТУРУ-Т-ТИБ

ДАСТУРУ-Т-ТИБ

asar«ДАСТУРУ-Т-ТИБ», асари Муҳаммад Закариёи Розӣ. Таърихи таълиф номаълум, аммо тахмин намудан мумкин аст, ки он с-ҳои 915 – 920 навишта шудааст. Китоб хулосаи назариёти тибби Розист, ки ба бемориҳои гуногун ва усулу воситаҳои муолиҷаи онҳо бахшида шудааст. Рисоларо то а. 19 Муҳаммад Ҳусайн ибни Карам Алии Исфаҳонӣ аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Асар аз 75 боб иборат буда, ҳар яке роҷеъ ба шинохтани бемориҳо, мизоҷ, тарзи муолиҷа ва ғ. баҳс мекунад. Баъд аз шарҳи бобҳои асар, муаллиф дар охири китоб оид ба гиёҳҳои доруӣ, меваҷот, тарзи тайёр намудани маъҷунҳо (қиёмҳо) таваққуф менамояд. Дар қатори бемориҳои гуногун оид ба саратон ва пешгирии ҳамл, беҳдошту муносибатҳои зану шӯй ба таври алоҳида маълумот медиҳад.
Рисола аз 209 варақ иборат аст. Як нусхаи он дар китобхонаи Париж ва як нусхаи дигар таҳти рақами 1605 дар Захираи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ маҳфуз мебошад.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …