Главная / Гуногун / Дастархони идонаи Тоҷикӣ

Дастархони идонаи Тоҷикӣ

Роҳ дур асту хаёлам парешон. Мехостам мошин болу пар барораду ба парвоз ояд. Ҳарчанд, ки ронанда ҳаддалимкон суръатро меафзуд. Гоҳо чунин мешавад, ки дар як он зиндагӣ маънии дигар пайдо менамояд. Дирўз ҳамроҳи ҷўраҳоям маҳфил ороста, то поси шаб сўҳбат доштам, ки телеграмма оварданд. Хондаму ҳуш аз сарам парид. «Агар хоҳӣ, ки дидор ба қиёмат намонад, зуд расида биё. Аҳволи бародарат якбора вазнин шуду…». Ҳарчанд ду ҳафта пеш аз ин бо телефон гуфтугў карда будем. Бародарам баъди сари қиблагоҳ мисли падар мо се додару се хоҳарро саробону раҳнамо шуд, ба қатори одамон баровард, хононд, банавбат оиладор кард. Аниқ медонам, онҳо низ огоҳӣ ёфтаанд, шояд ҳоло сари болинаш бошанд. Фақат ман аз ҳама дур – дар пойтахт умр ба сар мебарам.

dastarxonСубҳи барвақт бо умеди раҳораҳ наҳорӣ хўрдан чой, нону тухму мурғи пухта ва ҳасиб тўша гирифта, ману занам ба ҳамин мошини кироя нишастем.

Дере нагузашта аз паси қуллаи кўҳ чеҳраи офтоб тулўъ кард.

Тасаввур мекунам, бечора янгаам Барно дар чӣ ҳол аст. Аз аввал то ба имрўз рўзгори акаамро тозаву басар нигоҳ дошта тавонист. Тамоми хурду калони деҳа ба по хостагистанд. Онҳо мефаҳманд, ки куҳансолтарин муаллима деҳа ин оламро тарк гуфтанист. Охир чандин наслу авлодро дарс додааст.

Хурдсол будем, мо, он замоне, ки падарам фавтиданд. Раҳматӣ дуредгари камназире буданд. Тобистони гузашта, писари кенҷагиаш диплом ҳимоя карду акоям ба Душанбе омад. Куллу аҳли гузарамонро ёд кардем. Овони бачагиро пеши назар овардем. Говпоӣ, алафдаравӣ, ҳезумчинӣ, тамошои хурўсҷанг, сайди кабку бедона, хўшаву лолачинӣ. Хешу табор, аммаву тағо, фарзандони хурдсолашонро, ки маро намешиносанд. Шиносанд ҳам меҳр надоранд. Акаам айби худат гуфт, ба деҳа кам меоӣ, манзили хешу ақрабо эҳтимол аз ёдат рафтааст…

Ҳамсарам побанди мулоҳизаҳои хеш, паи ҳам сигарета чокиданҳоямро дида, «Ин қадар худро азоб надиҳад, бародарат марди ҳаштодсола, тани гарм бедард намешавад, иншооллоҳ шифо меёбанд» – гўён гоҳ–гоҳ тасаллӣ медод.

Барои фиреби андешаҳо ва рафъи гуруснагӣ раҳораҳ субҳона кардем. Ронанда ҳам розиву қаноатманд шуд.

Ба маркази ноҳия расида як сабад нон, қандҳои ҳархела, харбузаву тарбуз харидем.

– Як чил дақиқа, пас ба деҳаатон мерасем, – худ ба худ гуфт ронанда.

Торафт изтиробу ҳаяҷонам меафзуд. Вақте вориди деҳа гардидем, ба чеҳраи одамон чашм медўхтам. Баъзеҳо шинохта даст меафшонданд, дигарон ором салом медоданд.

Яке савори велосипед мерафт, дигаре сархам ҳезумро пушторакунон қадам мезад, саввумӣ гўсфандонашро мечаронд, дар лаби ҷўй мурғони марҷон ҳайрон меистоданд. Зоҳиран деҳа орому осуда нафас мекашид. Осмон соф, гармӣ авҷ мегирифт.

Ҳангоме дарвозаро кушода вориди ҳавлӣ гаштем, хоҳару додаронам, аммаву тағоҳо, ҷиянҳоям моро бо чашмони маҳзун ба оғўш гирифтанд.

– Аҳволи акаам чӣ тавр? – пурсидам.

– Хуб, шуморо мунтазиранд. Янга пою дастонашонро молида нишастаанд.

Нўги шохи дарахт гўсфанди пўсткандае овезону қассоб гўшт майда мекард. Онсўтар оташи таги ду деги калон фурўзонанд. Фикр мекардам, ки ба хона расидан замон дарҳол ба сари болини акаи беморам медавам. Вале…

– Арақ дорӣ, – муроҷиат кардам ба додари хурдӣ.

– Ҳаст, аммо дар ин лаҳза…

– Барои далерӣ, – таскин додам ўро.

Тайи чанд лаҳза бо онҳову шавҳари хоҳаронам ду шишаро холӣ кардем. Онҳо маро мефаҳманд, касе хоҳиши маро то ҳанўз пушти по назадааст.

Баъд назди бародарам даромадам. Вай ором мехобид, осуда нафас мегирифт. Фақат янгаам маро диду худро бой дод, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Оринҷу банди дасти акаамро доштам. Набзаш мўътадил буд.

– Омадӣ, – гуфт ў, – узр овораву сарсон кардам.

– Ҳеҷ гап не, – ва ба қаъри чашмонаш нигаристам.

– Акнун, хотирҷамъ илоҷе карда ришамро тарошам, – гуфт вай.

Акаам бешитоб аз ҷогаҳ бархост ва ҷониби ҳаммом қадам монд.

Хурду калон, авлод, ҳар яке дар ҷои худ карахт монда, ўро бо нигоҳ мегуселониданд. Акаам ба пои худ, бе мадади касе роҳ мерафт.

– Тавба, чӣ мўъҷиза рух дод? – суоли янгаамро шунидем. Як шабу як рўз дилам гуфт, гурдаам гуфт, зонуям гуфту…

Ҳар кас сухане илова кард, аммо дигар чизе гўшам намешунид.

Ман самимона хандидам. Дигарон онро беҷо пиндошта, ба истиҳола афтида, хиҷолат кашиданд.

– Нури чашмони акаам заррае ҳам накоҳидааст. Ба назарам вай ба ин қарибиҳо мурданӣ нест.

Ин лаҳза бо чеҳраи болидаву лабони пуртабассум акаам берун омад. Як–ду маротиба хаму рост шуд, дастонашро ҳалқавор чарх занонд. Сонӣ сўи ҳар нафар нигарист–нигаристу хандид. Хурсандона хандид. Ва гўё маъзаратхоҳона гуфт:

– Бубахшед, ин ягона илоҷи ҳар яки шуморо якҷоя сари як дастархон гирд овардан буд. Чанд сол боз ин гуна рўзро интизор мегаштам. Хушбахтона, иди аҷоиб тўҳфа кардед. Зиёфату гўсфанд ҳам ба ҳамин хотир аст.

Аз ваҷоҳати янгаам аён буд, ки шавҳарашро ҳақорати обдоре доданист, вале дидам, ки забонаш лол аст.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …