Главная / Ҷуғрофия / ДАРЁ ВА ҚИСМҲОИ ОН

ДАРЁ ВА ҚИСМҲОИ ОН

Руд бо ду зарб (навъ) аст, яке табиат ва дигар саноӣ. А,ммо рӯди саноӣ нест, ки рӯдкадаҳои у бикандаанд аз баҳри ободонии шаҳреро ё кишт ва барзи ноҳиятеро.
… рӯди табиӣ on аст, ки обҳое бувад бузург, ки аз гудози барф ва чатмаҳое, ки аз кӯҳ ва рӯи Замин бикшояд ва биравад ва хештанро роҳ биканад… то ба дарё (баҳр) pacад ё ба батиҳа.
“Худуд-ул-олам ”

1. Дарё ва қисмҳои он. Дарё оби равонест, ки ба маҷрои муайян ҷорй мешавад ва ба ягон бахҳр, кӯл ва дарёи дигар меразад. Баъзе дарсҳо ба ягон баҳр ва кӯл намерезанд (Мисол оред)- Миқдори дарёҳо ниҳоят зиёд аст. Ҳамаи онҳо бо кӯлҳо шабакаи обии (гидрографии) материкҳоро ташкил медиҳанд. Қисми зиёди онҳо дарёҳои хурд мсбошанд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон аз 500 дарё ва шохоб 4 дарё зиёда аз 500 километр ва 15 дарё аз 100 то 500 киломегр дарозӣ доранд. Дарозии дарёҳои боқимонда аз 10 километр бештар мебошад. Ҳар як дарё аз ҷое cap мешавад. Ҷои саршавии дарёро саргаҳ, сари об меноманд.

daryo

Саргаҳ чунин ҷоест, ки аз он дарс оғоз меёбад. Дарёҳои ҳамворӣ аз ботлоқ, чашма ва кӯлҳо, дарёҳои кӯҳӣ асосан аз пиряхҳо cap мешаванд. Аз ҷумла дарёҳои калони Тоҷикистон аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Ҳангоми чорӣ шудан онҳо вобаста ба релефи маҳал (ҳамворӣ, теппа, адир, кӯҳ) печу тоб хӯрда, садҳо километр масофаро тай менамоянд. Дар рафти ҳаракати дарё ба он боз дарёчаҳо хамроҳ мешаванд, ки онҳоро шохоб мегӯянд ва тамоми онҳо якҷоя шабакаи дарёро ташкил медиҳанд. Дар дарёҳои сероб агар монеаҳои зериобй набошанд, киштиҳо шино мекунанд. Агар шумо бо киштӣ ба Рафти ҷараёни дарё шино кунед, тарафи рости кишти соҳили рост, тарафи чапи он соҳили чап мсшевад. Соҳил аз ибтидо (саршавй) то интиҳои дарё давом мекунад. Хамие, ки мувозӣ ба соҳил тӯл кашидааст. водии дарё номида мешавад. Қисми Чуқуртари ЙОДЙ ки дар байми ду соҳил воқеъ гардидаасту аз он ҷорӣ мешавад. Маҷрои дарё ном дорад. Вай аз саршавй то Резишгоҳи дарё давом мекунад. Он ҷое, ки дарё ба ҳалиҷ, кӯл, ва дарёи асосӣ рафта мерезад, резишгоҳ, ном дорад. Дарёи Вахщ ба Амударё, дарёи Сир ба Баҳри Арал мерезад.

2. Ҳавзаи дарё ва обтақсимкунак. Ҳар як дарё бо шохобҳои аз масоҳати муайяни сатҳи Замин об ҷамъ мекунад. Ин об
аз ҳисоби обшавии пирях, барф, боридани борон ва обҳои
зеризаминӣ ҳосил шуда, аз масохати васеъ ба дарёи асоси ва шохобҳои он мерезад. Масалан, масоҳате, ки Амударё бо шохобҳояш аз он об мегирад, қариб 470 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Дарёи пуробтарини рӯи Замий Амазонка бошад, аз масоҳаги 7 миллион километри мурабба об мегирад. Масоҳати хушкие, ки аз он тамоми оби ҷоришаванда ба дарёи асосӣ ва шохобҳои он мсрсзад, ҳавзаа дарё ном дорад. Ҳавзаи дарёи асосй дар як вақт хавзаи шохобҳои он ҳисоб мешавад.
Дар рӯи За.мин ҳавзаҳои дарёҳои хурду калон ниҳоят зиёданд ва бо ҳам наздик ҷойгир шудаанд. Онҳоро аз якдигар теғаи кӯҳҳо, адиру теппаҳо ва қисми баланди ҳамвориҳо ҷудо мекунанд. Ҳале, ки ҳавзаи дарёҳоро аз якдигар ҷудо мекуна обтақсимкунак ном дорад.

3. Boсита ва хусусияти ҷараёни дарёҳо ба релеф, Ба назар чунин менамояд, ки бояд анбӯҳи об (сели об) аз саргаҳ то резишгох рост ҷорӣ шавад.
Аммо, тавре ки мушоҳида мекунем, ягон дарё дар рӯи Замик ҷрост чорӣ намешавад. Барои чй? Барон он ки реяефи рӯи Замин як хел нест. Аз ҳамин сабаб релефи маҳале, ки аз он дарё ҷори на фақат ба самт, инчунин ба суръати ҷараёни оби дарё мерасонад. Масалан, дарёи Панҷ то ба дарёи Вахш ҳамроҳ, шудан чандин маротиба ба кӯҳҳо бархӯрда, самти ҷараёни худро дигар мекунад (Аз харита он кӯҳҳоро нишон диҳед).
Суръати ҷараёни оби дарё ҳам ба релеф вобаста мебошад. Ҳар қадар нишебии маҷрои дарё зиёд бошад, ҳамон кадар оби дарё босуръат ҷорӣ мешавад. Ин хусусият ба қисми болооби дарёҳои кӯҳӣ хос аст. Дарёҳои Тоҷикистон, ки кӯҳй мебошанд, нишебии онҳо дар масофаи як километр даҳҳо километрро ташкил мекунад. Аз ҳамин сабаб оби онҳо дар болооб нуртуғён, ҷараёнашон тез буда, қаъри водиро бештар чуқур мекунанд. Бинобар ин дар болооби он дарёҳо водиҳо танг ва чуқур мебошанд. Нишебии дарёҳои ҳамворӣ он қадар зиёд нест.
Дарёҳои хамворй аз дарёҳои кӯҳй инчунин бо хусусияги қаъри водй фарқ мекунанд. Қаъри водии дарёҳои ҳамворй аз ҷинсҳои кӯҳии сохташон гуногун иборат аст. Ҷинсҳои кӯҳии нармро ҷараёни оби дарё ба осонӣ, ҷинсҳои кӯҳии сахтро ба душворӣ шуста мебарад. Дар натиҷа дар баъзе китъаҳои қаъри водии дарё чинсхои кӯхии сахт (санги хоро оҳаксанг, варақсанг) остонаҳоро ҳосил мекунанд. Баъзан остонаҳоро сангтӯдаҳои зериобӣ ба вуҷуд меоранд.

Ҳангоми аз остонаҳо гузаштани дарё оби он тугён карда, садо бароварда ҳар тараф пош мехӯрад. Ин ба ҷараёни дарёҳои кӯҳӣ шабоҳат дорад. Остонаҳо дар дарёҳои кӯҳӣ ҳам ниҳоят зиёданд. Онҳо ба киштигардӣ халал мерасонанд. Аз ҳамии сабаб аксари дарёҳои Тоҷикистон киштигард нестанд, фақат масофаи начандон калони дарёҳои Аму ва Панҷ киштигард мебошанд (40-45 километри он ба қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон тааллуқ дорад).

Дар минтақаи кӯҳҳо оби дарё аз зинаи ростфаромада ҷорӣ шуда. шаршара ҳосил мекунад (расми 58). Шаршара на фақат дар минтақаи кӯҳҳо, инчунин хангоми мавзеи теппаноки гузаштани дарё низ ҳосил мешавад. Дар Тоҷикистон шаршараи аз ҳама баланд дар саргаҳи Искандардарё воқеъ гардидааст. Ин шаршара баробари аз Искандаркӯл ҷорй шудани дарё ҳосил шудааст. Дар назди шаршара стансияи электрикӣ сохтан мумкии аст. Шаршараи Искандардарё ҳамагй якчанд метр баландӣ дорад. Аммо дар дарёҳои олам шаршараҳое мавҷуданд, ки ниҳоят баланданд.

Шаршараи Виктория дар дарёи Замбезии Африкаи Ҷанубӣ воқеъ гардида, баландии он 120 метр, бараш 1800 метр аст. Харҷи об қариб 1400 метри мукааб дар як сония мебошаД. Дар он ислтоҳи барқии начандон калон сохта шудааст. Дар Америкаи Ҷанубӣ дар ҳавзаи дарёи Ориноко шаршараи Ангел воқеъ гардидааст. Баландии он 1054 метрро ташкил медиҳад.

Шаршара ҳам бо мурури замон шуста ва вайрон мешавад. Шаршараи Ниагара, ки дар Америкаи Шимолӣ дар дарёи Хином воқсъ гардидааст (баландии он 51 метр), солсто 1 метр шуста шуда, ба ақиб меравад. Ҳисоб кардаанд, ки агар шусташавп бо хамин суръат идома ёбад. шаршара дар муддати нисбатан кутох аз байн меравад.
Остонаҳо қисмҳои камобӣ сангӣ ё харсангй дар маҷрои дарё мебошанд, ки ҷинсҳои сахти кӯҳӣ ҳосил мекунанд . Аксар вақт дар назди остонаҳо истгоҳҳои барқӣ бунёд карда мешаванд. Масалан, истгоҳи барқии Норак дар дарёи Вахш, Днепрогэс дар дарёи Днепр, истгоҳи барқии Братск дар дарси Ангара ва ғайра.

Савол ва супориш

  1. Чӣ гуна обро дарё мегӯянд?
  2. Шабакаи дарё чист?
  3.  Қисмхои дарёро номбар карда, аз харита нишон диҳед.
  4. Чй гуна ҷойро хавзаи даре меноманд?
  5. Обтақсимкунак чист?
  6. Самт ва суръати ҷараёни оби дарё ба чй вобаста аст?
  7. Дарёҳои ҳамворй аз дарёҳои кӯҳӣ бо кадом хусусиятхояшон фарқ мекунанд?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …