Главная / Илм / ДАРД

ДАРД

dardДАРД (Dolor, algos), эҳсоси ногувор, баъзан тоқатфарсоест, ки аксаран ҳангоми таъсири ниҳоят шадид ё табоҳкор ба организм пайдо мешавад. Д. ифодаи фардии иллати организм ё ихтилоли баъзе вазифаҳои он мебошад. Д. дар ҷараёни таҳаввулоти олами органикӣ ба огоҳсозандаи хавфи беморӣ табдил ёфта, омили муҳими биологие гардид, ки мавҷудияти ҳаётро таъмин мекунад. Мувофиқи гуфти И. П. Павлов дард дар ҳифзи сохти томи организм ҳамаи он чиро, ки ба ҷараёни ҳаёт халал расонда мутобиқати организмро бо муҳит халалдор менамояд, рафъ месозад. Пайдоиши Д. нерӯи муҳофизи организмро баҳри рафъи ангезаҳои дардовар ва барқарор гардидани фаъолияти мӯътадили узвҳо ва системаҳои физиологӣ сафарбар мекунад. Дар баробари ин Д. инсонро дар азоби сахт монда, ӯро аз оромӣ ва қобилияти корӣ маҳрум месозад, дар баъзе мавридҳо боиси инкишофи ҳолати ба ҳаёт хавфнок – шок мегардад.
Одатан, чӣ қадаре, ки иллати пӯст, луобпарда ва устухонпарда вазнинтар (яъне шиддати ангезандаҳо ҳар қадар бештар) бошад, Д. ҳамоно қавитар мешавад. Ҳангоми халал ёфтани фаъолияти узвҳои дарун эҳсоси Д. ҳамеша ба он мувофиқат намекунад. Мас., аз андак халал ёфтани кори рӯдаҳо дарди сахт пайдо мешавад, ҳол он ки иллати ҷиддии мағзи сар, хун ва гурда метавонад бедард гузарад. Организм ба ангезиши Д. бо тағйироти гуногун ҷавоб мегардонад (мас., рагҳои хунгузар танг, фишори хун баланд, дараҷаи лахтабандӣ ва миқдори қанди хун меафзояд). Азбаски тарзу хусусияти эҳсоси Д. ниҳоят гуногун аст, онро ба шадид, суст, халамонанд, сахт, фишоровар, сӯзишнок, сим-сим ва ғ. ҷудо мекунанд. Бемор Д.-ро бевосита дар ҷои осебдидаи бадан, наздик ва ё дуртар аз он (мас., ҳангоми амрози дил дар даст ё шонаи чап) эҳсос менамояд. Д. аз манбаи пайдоиш ба ҷойҳои муайяни организм паҳн мешавад. Д.-и аз ҷиҳати хусусият ва тадбирҳои пешгирӣ мушобеҳ баъзан якҷоя бо бемориҳои гуногун, аз ҷумла бо чунин касалиҳое зуҳур меёбад, ки онҳо ёрии тиббии фавриро талаб хоҳанд кард. Аксар вақт Д.-и дил, шикам ва сардард боиси ҳолатҳои барои ҳаёт хавфнок мешаванд.
Дарди дил нимаи чапи қафаси сина ё сари синаро фаро мегирад. Он сихзананда, сим-сим ё фишоровар буда, якбора пайдо мешавад ё тадриҷан авҷ гирифта, кӯтоҳмуддат ё бардавом аст; боиси иллат ёфтани нафақат худи дил, балки узвҳои диг. низ мегардад. Д.-ҳои ногаҳонию тазйиқовар ва шадиди сари сина, ки ба дасти чапу шона паҳн шуда, ҳангоми ҳаракати ҷисмонӣ ё оромӣ пайдо мешаванд, хоси бемории зиқи дил буда, кӯмаки тиббии фавриро талаб мекунанд. Ҳисси Д. дар қисми чапи сандуқи сина дар натиҷаи иллати узвҳои ба дил наздик – пардаи шуш, хирной, решачаҳои асаб, худи дил (миокардит, нуқси дил) ва бемориҳои диг. (мас., камхунӣ) пайдо мешавад. Аксар вақт Д.-и атрофи дил ба берабтии кори асаби дил ҳангоми невроз, ихтилоли узвҳои эндокринӣ, заҳролудӣ (мас., дар тамокукашҳо ва ашхоси майзада) вобаста аст. Муолиҷаи Д.-и дил ба сабабҳое, ки боиси пайдоиши Д. гардидааст, алоқаманд буда, онро фақат духтур муайян карда метавонад. Дар мавриди сахт ба дард омадани дил фавран хоб кардан ё нишастан лозим; ба зери забон нитроглитсерин ва агар он набошад, валидол мегузоранд. Агар баъди 30 дақ. Д. намонад, ба сари дил хардалкоғаз гузошта, духтурро даъват мекунанд.
Дарди шикам низ дар аснои бемориҳои бисёр, аз ҷумла амрозе, ки муолиҷа бо ҷарроҳиро талаб мекунанд, пайдо мешавад. Ба чунин бемориҳо аппендитсити шадид, шикоф шудани танаи меъда ё рӯда (бештар ҳангоми захми меъда), печиши рӯдаҳо, хунравии зиёд ба батн (бештар дар мавриди ҳамли хориҷи бачадонӣ), панкреатити шадид ва ғ. мансубанд. Д.-и ногаҳони шикам ба бемориҳои зикршуда хос аст. Д. аз ибтидо метавонад чун зарбаи ханҷар падид ояд, хусусан Д.-и захми шикофшудаи девораи меъда ё рӯдаи дувоздаҳангушта. Д. ҳангоми аппендитсит соат ба соат авҷ мегирад.
Ҳангоми печидани рӯдаҳо Д. ҳар замон шиддат ёфта, байни фосилаҳои хурӯҷи он андаке суст мешавад. Кафидани тухмгузар (найча)-и бачадон дар аснои ҳомилагии хориҷи бачадон он боиси Д.-и шадид мегардад (дард андак суст мешавад). Вале пайдоиши чунин хусусиятҳои Д. чандон шарт нест, зеро онҳо барои дуруст фарқ кардани аппендитсити шадид аз ҳомилагии хориҷи бачадон ё аз шикоф шудани захми танаи меъда имкон намедиҳанд. Д.-и сахттарини шикам ҳама вақт ҷарроҳии фаврии узвҳои дохили шикамро тақозо намекунад. Мас., аз Д.-и гурда низ бемор ниҳоят бесаранҷом шуда, худро ба чор тараф мезанад, аз кати хоб ба фарш мефарояд; дар аснои газаки шуш низ шиками кӯдак сахт дард мекунад ва ғ.
Ба дарди шикам, ки табобати фавриро мехоҳад, ихтилоли вазъи умумии организм – садама, ҳолати табларза ва беҳушӣ (аз хунравии дарунӣ) хосанд. Вале чунин иллатҳо ҳангоми бемориҳои дигар низ рӯй дода, фақат аз вазнинии ҳолати бемор дарак медиҳанд.
Духтур аломатҳои гуногуни Д.-и шикамро муқоиса карда, сабаби пайдоиши онро муайян ва усули муолиҷаро интихоб менамояд. Агар худи бемор ё атрофиёни ӯ барои фаҳмидани сабаби Д. ва табобати он кӯшиш намоянд, аксар вақт ҳолати беморро вазнинтар мегардонанд ё зарурати ҷарроҳиро ба таъхир меандозанд. Ин пеш аз ҳама ба бемориҳои кӯдакон дахл дорад, зеро ба волидон одат шудааст, ки Д.-и шикаму қай кардани кӯдаконро аксаран «гирифти меъда» мепиндоранд. Дар ин маврид аз васоити дастрас, мас., давоҳои исҳоловар, имола, доруҳои рафъи дард ё гармкунак (грелка) истифода мебаранд. Кӯшиши тоза кардани рӯдаҳо дар аснои ҳар кадом бемории шадиди узвҳои дарун, ки ҷарроҳиро талаб мекунад, бағоят хавфнок аст. Доруҳои мусҳил ва имола таҳрика (ҳаракати мавҷвор)-и рӯдаҳоро ангехта, ба илтиҳоқ (ба ҳам часпидани)-и рӯдаҳо монеъ мешаванд, ки оқибат ба рехтани фасод ё мӯҳтавои меъдаю рӯда ба ҷавфи шикам оварда мерасонад.
Ҳангоми печидани рӯдаҳо васоити мазкур иллати рӯдаҳоро бадтар карда, зимни хунравӣ аз батн ба бастани рагҳои хунрав халал мерасонанд.
Доруҳои рафъи Д. муваққатан сабукӣ оранд ҳам, айни замон зуҳуроти бемориро мураккаб, ташхиси дурусти онро мушкил мекунанд; ғайр аз он, одатан дар чунин маврид даъвати духтур мавқуф гузошта мешавад. Истифодаи гармкунак ба шидат гирифтани ҷараёни илтиҳоб ё хунравӣ мусоидат мекунад.
Дар хотир доред: ҳангоми аппендитсити шадид, сӯрох шудани девораи меъда, баста шудани рӯдаҳо ва ҳомилагии хориҷи бачадон ҳатто чанд соат ба таъхир мондани ҷарроҳӣ боиси оқибати ниҳоят бад мегардад. Дар ҳар мавриди Д.-и шадиди шикам ба тахмину худмуолиҷа вақт сарф накарда, ҳамоно духтурро даъват кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …