Главная / Гуногун / ДАР ТАҚРИРИ¹ РИҚҚАТИ² ҲОЛИ БУЛБУЛОНИ ЧАМАНИ ИШҚУ МУҲАББАТ ВА ҲИРҚАТИ³ БОЛИ ПАРВОНАГОНИ АНҶУМАНИ ШАВҚИ МУВАДДАТ4

ДАР ТАҚРИРИ¹ РИҚҚАТИ² ҲОЛИ БУЛБУЛОНИ ЧАМАНИ ИШҚУ МУҲАББАТ ВА ҲИРҚАТИ³ БОЛИ ПАРВОНАГОНИ АНҶУМАНИ ШАВҚИ МУВАДДАТ4

Аз муқтабисоти машкути нубувват аст ин ҳадис, ки: «Ман ашақа ва аффа ва катама фамота мота шаҳидан», яъне ҳар кӣ дар ҷозибаи ишқ овезад ва бо латоифи ишқ овезад ва дар он тариқаи иффат ва китмон пеш гирад чун бимирад шаҳид мирад. Ва шарти иффат ва китмон аз барои он аст, ки чун ба майли табъ ва ҳавои нафс олуда бошад ва дар вусул бо он васоити тавассул ҷўяд ва изҳор кунанд аз қабили шаҳвоти нафси ҳайвонӣ аст, на аз фазоили рўҳи инсонӣ.

lubov

Қ и т ъ а
Он ишқ, ки мунқабати хоси одам аст,
Ҳар ҷо ҳаст иффату сатр аз лавозим аст.
Ишқе, ки ҳаст шаҳвати табъу ҳавои нафс
Хосияти табоъи сабоъи баҳоим аст.

Ҳ и к о я т

Миёни ду хирадманд сухани ишқ мерафт.
Яке гуфт:
— Хосияти ишқ ҳама балову ранҷ аст ва ошиқ ҳама вақт меҳнаткашу балосанҷ.
Дигаре гуфт:
— Хомўш бош! Ҳамоно, ки ту ҳаргиз оштии пас аз ҷанг надидайӣ ва чошнийи5 висоли баъд аз фироқ начашидайӣ! Ҳеҷ кас дар олам аз софдилони ишқпеша латифтар нест ва аз гаронҷонони дур аз ин андеша касифтар6 не.

Қ и т ъ а
Партави шоҳиди ишқ аст ҷамоли дили мард,
Кай кунад майли ҷамол он кӣ ба дил нест ҷамил?
Гар аз ин қоида ҳуҷҷат талабад нодоне,
Ҳуҷҷатам бас бувад: «Алҷинсу илал ҷинса ямил7».

Ҳ и к о я т

Вақте Сиддиқи Акбар9, разияллоҳу анҳу, дар айёми хилофати худ дар канори кўчаҳои Мадина мегашту бар дари хона-хона мегузашт, ногоҳ бар дари хонае расид ва аз он овози гиряе шунид, ки зане байте мехонду аз дида сиришки гарм меронд. Мазмуни байт он, ки:

Р у б о ӣ
Ай талъати ту ба хубӣ аз Моҳ фузун,
Пеши маҳи талъати ту Хуршед забун.

З-он пеш, ки доя бар лабам шир ниҳад,
Бар ёди лаби лаъли ту мехўрдам хун.

Самоъи10 ин байт дар дили Сиддиқ асар кард. Дар бикўфт. Соҳиби байт берун омад. Аз вай пурсид, ки:
— Озодӣ ё банда?
Гуфт:
— Банда.
Фармуд, ки:
— Ин байт дар ҳавои кӣ мехондӣ ва ин ашк аз барои кӣ мерезондӣ?
Гуфт:
— Ай халифа, ба равзаи пайғамбар, ки аз ман бигузар.
Фармуд, ки:
— Аз ин мақом гом барнадорам, то сирри дили туро бар сар наёрам!
Канизак оҳи сард бароварду яке аз ҷавонони бани Ҳошимро зикр кард. Сиддиқ ба масҷид рафту хоҷаи канизакро талабид. Вайро бихариду баҳои вай тамом бидод ва пеши маъшуқаш фиристод.

Қ и т ъ а
Дило, ба шоҳиди комат кӣ ҷуфт донад 11 сохт,
Ҷуз он кӣ аз ҳама коми замона фард ояд?
Ба дард кор барояд, ва-гар туро он нест,
Бинол, то дили аҳли диле ба дард ояд!

Ҳ и к о я т

Канизаке муғанния, ки ба ҳусни ғано мавсуф буду ба лутфи наво маъруф, ҷамоле бебадал дошту ҳусне- бехалал, рўзе дар манзари 12 хоҷаи худ созе менавохту ғазале мепардохт. Навҷавоне, ки дар дил ҳавои ў дошту дар сар савдои ў, дар зери манзар истода буд ва гўш бар овоз ниҳода ва дар вақти ашъори вай тааммуле мекарду аз лаззати илҳони вай тамоюле менамуд.

Б а й т
Хуррам он дплдодаи маҳрум аз дидори дўст,
К-аз паси девори ҳирмон13 гўш бар гуфтори ўст.

Ногоҳ хоҷа сар аз манзар фурў кард, ҷавонро дид. Наздики худаш хонд ва бо худ бар як моида нишонд. Аз ҳар ҷо бо вай хабаре мегуфт ва ҳар лаҳза дар ҳунаре бо вай гуҳаре месуфт. Ҷавон бо хотири фориғ аз ҳама чиз гўш бо хоҷа дошту чашм бар канизақ Ҳар чӣ он ба ғамаза суол мекард, ин ба абрў ҷавоб медод ва ҳар чӣ он ба турра гиреҳ мебаст, ин ба шакарханда мекушод.

М а с н а в ӣ
Чӣ хуштар аз висоли он ду ошиқ,
Ба рағми14 душманон бо ҳам мувофиқ.
Ба ҳам аз чашму абрў дар фасона
Канору бўсро ҷўён баҳона.

Чун сўҳбат мутамодӣ15 шуд, хоҷа, чунон ки донӣ, ба зарурати баъзе ҳоҷоти инсонӣ қадам бардошт ва он ҳар ду орзуманди муштоқро ба ҳам бигузошт. Маҷлис холӣ гашт ва даввоии 16 мувосалат 17 аз ҷонибайн18 мутаволӣ19, канизак забон бикушоду дар мухотабаи ў ин нидо дардод, ки:

Ба Худое, ки ошкору ниҳон
Бандаи ўст одамию парӣ,
Ки аз ҳар кас, ки дар ҷаҳон бинам,
Пеши ман аз ҳама азизтарӣ!

Чун ҷавон ин нуктаро гўш кард, фарёд баровард, ки:

Р у б о ӣ
Ай он, ки маро дадаву дил манзили туст,
Ҳусни ҳама хубони чаҳон ҳосили туст.
Гар ҳаст дилам моили ту, нест аҷаб,
Санг аст, на дил, диле, ки не моили туст.

Бори дигар канизак гуфт, ки:
— Дар ҷаҳон ҳамин орзу дорам, ки даст дар миёни якдигар кунем ва аз лабу даҳони якдигар шакар хўрем.
Ҷавон гуфт:
— Ман низ ҳамин орзу дорам, аммо чӣ кунам?.. Намехоҳам, ки фардо бинои муҳаббати мо халал гираду дўстии мо ба душманӣ бадал гардад. Ва ин бигуфту домани сўҳбат бигузошт ва бад-ин тарона раҳи рафтан бардошт:

Р у б о ӣ
Ин ишқи дурўзаро, дило, бозгузор,
К-аз ишқи дурўза барнамеояд кор.
З-он сон ишқе гузин, ки дар рўзи шумор
Бо он гирӣ қарор дар дори қарор20.

Ҳ и к о я т

Ҷавоне Салил ном аз сулолаи киром 21 дор қабоили22 араб ба ҷамолу адаб машҳур буд ва дар бешаи шерону маъракаи далерон аз заъфу сустӣ дур, дар дил аз духтари ам ҳавое дошт ва дар сар аз васвасаи ишқи ў савдое. Умрҳо ранҷи талаб бурд, то ба матлуб расид ва зарбати ишқ хўрд, то ҷамоли маъшуқ бидид. Ҳанўз дар базми висол ҷой гарм накарда буд ва аз ҷоми висол ҷуръае беш нахўрда, азимати онаш хост, ки аз он манзил дар ҷойи дигар мақом кунад ва дар муваттани 23 тозатар ором гирад. Он моҳро дар иморӣ 24 нишонду имориро бад-он роҳ, ки дилаш мехост, биронд. Чун як марҳала бибуриду 25 ба ҷойи х(ва}ш ва манзили дилкаш расид, нузул26 карду имориро фурўд овард. Ногоҳ дид, ки аз як ҷониб сӣ савор ошкоро шуданд. Бархосту силоҳ баст ва дар хонаи зин нишаст. Чун наздик омаданд, донист, ки душманони ваянд ва қасди ў доранд. Ба муқобала 27 ва муқоталаи 28 эшон машғул гашт ва бештари эшонро кушт, аммо захмҳои корӣ хўрд. Ба пеши духтари ам бозгашту гуфт:

Р у б о ӣ
Омад зи адў ба куштани ман хабаре,
Биншин, ки бибинамат ба ҳасрат назаре,
Резам хунат, ки то чу хунам резанд,
То ки зи лабат ком нагирад дигаре.

Духтар гуфт:
— Валлоҳ, агар ту хунӣ ман нарезӣ, ман хуни худ худ хоҳам рехт ва бо хуни ту хоҳам омехт. Аммо он беҳ, ки ту пешдастӣ намоӣ ва ин уқдаро аз дили худ бикушойӣ.
Салил бархосту ин тарона оғоз кард:

Аз куштии 29 нодурусти ин чархи дурушт,
Бингар, ки маро чӣ сон ба хок омад пушт?
Он, к-аз ваям ин нақди ҳаёт аст ба мушт,
Имрўз ба дасти худ ҳаме бояд кушт.

Пас бар гулўе, ки бар он аз зеҳи гиребон рашк мебурд ва аз ғайрати иқди 30 ҳамоил ашк мерехт, як теғ биронду он шамъи ҷаҳонафрўзро ба як дам бинишонд ва рўйи хоколуди худро дар хуни ў молид ва ба он сурхрўйӣи бори дигар рў дар он сияҳрўзон оварду чанд тани дигарро сар бардошт ва охир сар биниҳод. Ва чун қавми Салил аз ин воқеа хабар ёфтанд, ҷомадарону мўякунон 31 бишитофтанду он ҳар ду куштаро ба мақобири 32 қабила бурданду дар як қабр ба хок супурданд.

Қ и т ъ а
Ҳар дуро зери замин аз сари иззат бурданд,
То на дар рўзи ҷазо хору дижам бархезанд.
Дар таҳи хок ба як бистарашон ҷо карданд,
То ба ҳам шод бихуспанду ба ҳам бархезанд.

Ҳ и к о я т

Ҷавоне бо камоли адаб ба Аштар мулаққаб бар духтаре ҷамила аз меҳтарони қабила Ҷидо ном ошиқ шуд ва робитаи видоду 33 қоидаи иттиҳод миёни эшон маҳкам гашт. Ин розро аз наздику дур мепўшиданду дар ихфои 34 он ҳасбалмақдур з5 мекўшиданд. Аммо ба ҳукми он, ки гуфтаанд:

Б а й т
Ишқ сиррест, ки гуфтан натавон,
Ба дусад парда нуҳуфтан натавон,-

оқибат рози эшон бар рўйи рўз афтоду сирри эшон аз нишемани камун ба анҷумани бурун омад. Миёни ду қавми эшон ҷангҳо ангехта шуду хунҳо рехта гашт. Қавми Ҷидо хаймаи таваттун аз он диёр барканданду бори иқомат дар диёри дигар афганданд. Чун шадоиди З6 фироқ мутамодӣ шуд ва давоии иштиёқ мутақозӣ гашт, рўзе Аштар бо яке аз дўстони худ гуфт:
— Ҳеҷ тавонӣ, ки бо ман биёӣ ва маро дар зиёрати Ҷидо мададгорӣ намойӣ, ки ҷони ман дар орзуи ў ба лаб расида ва рўзи ман дар муфорақати ў ба шаб анҷомида.
Гуфт:
— Самъан ва тоатан!37 Ҳар чӣ гўйӣ, бандаам ва ҳар чӣ фармойӣ, ба он шитобанда.
Ҳар ду бархостанду роҳилаҳо биёростанд. Як рўзу як шаб ва як рўзи дигар то ба шаб роҳ буриданд, то ба он диёр расиданд. Дар шаъби 38 кўҳе наздик ба он қавм фурўд омаданду роҳилаҳоро бихобониданд. Аштар он дўстро гуфт:
— Бархезу он уштури гумшударо суроғкунон ба он қабила бигузар ва бо ҳеҷ кас номи ман мабар, магар бо канизаке фулона ном, ки роийи 39 гўсфандон ва маҳрами розҳои пинҳони вай аст. Саломи ман ба ў бирасону аз вай хабари Ҷидо бипурс ва мавзеи фурўд омадани мо ўро нишон деҳ!
Он дўст гўяд: Ман хостаму ба он қабила даромадам. Аввал касе, ки маро пеш омад, он канизак буд. Саломи Аштар расонидаму ҳоли Ҷидо пурсидам.
Гуфт:
— Шавҳари вай бар вай танг гирифтааст ва дар муҳофазати вай эҳтиёте менамояд, аммо мавъиди40 шумо он дарахтон аст, ки дар ақиби фулон пушта аст. Бояд, ки вақти намози хуфтан он ҷо бошед.
Ман зуд баргаштаму оҳиста роҳилаҳоро мекашидем, то вақти мавъудро ба мавъиди маъҳуд 41 расидем.

Р у б о ӣ
Будем дар интизор бо гиряву оҳ,
Биншаста ба роҳи ёр, к-аз раҳ ногоҳ
Овози ҳалию бонги халхол омад,
Яъне хезад, к-омад он чорда (ҳ) моҳ.

Аштар аз ҷой бархосту истиқбол кард ва салом гуфту даст бўсид. Ман рўй аз эшон бартофтам ва ба ҷониби дигар шитофтам. Маро овоз доданд, ки биё, ҳеҷ ношоисте дар миён нест ва ҷуз гуфтугўй ба сари забон не. Ман боз омадам. Ҳар ду бинишастанду бо ҳам суханон аз гузаштаву оянда дарпайвастанд. Дар охир Аштар гуфт, ки:
—Имшаб чашми оня дорам, ки бо ман бошӣ ва чеҳраи умеди маро ба нохуни муфорақат нахарошӣ.
Ҷидо гуфт:
— Ло, валлоҳ, ин ба ҳеҷ гуна муяссар нест ва коре бар ман аз ин душвортар не. Мехоҳӣ, ки боз он воқеаҳои пешин пеш ояду гардиши айём ба тозагӣ абвоби шадоиду олом 42 бар ман бикушояд?
Аштар гуфт:
— Валлоҳ, ки туро намегузорам ва даст аз доманат намедорам. Мисраъ «Ҳар кӣ ояд, гў биёву ҳар чӣ хоҳад, гў: «-Бишав!».
Ҷидо гуфт:
— Ин дўсти ту тоқати он дорад, ки ҳар чӣ ман гўям, ба ҷо орад?
Ман бархостаму гуфтам :
— Ҳар чӣ ту гўйӣ, чунон кунам ва ҳазор миннат ба ҷони худ ниҳам ва агарчӣ ҷони ман дар сари он равад.
Ва ҷомаҳои худро берун карду гуфт:
— Инро бипўшу ҷомаҳои худро ба ман деҳ.
Пас гуфт:
— Бархезу ба хаймаи ман дарою дар паси парда бинишин. Шавҳари ман хоҳад омад ва қадаҳи шир хоҳад овард ва хоҳад гуфт: «Ин шоми туст, биситон». Ту дар гирифтани он таъҷил макун ва андак тааллуле43 пеш гир. Онро ба дасти ту хоҳад дод ё бар замин хоҳад ниҳоду рафт. То бомдод дигар нахоҳад омад.
Ҳар чӣ гуфт, чунон кардам. Чун шавҳари вай қадаҳи шир овард, ман нози дароз пеш гирифтам. Вай хост, ки бар замин ниҳад ва ман хостам, ки аз дасти вай биситонам. Дасти ман бар қадаҳ омаду сарнагун шуд ва ширҳо бирехт. Дар ғазаб шуду гуфт:
— Ин бо ман ситеза мекунад?
Ва даст дароз карду аз он хона тозиёнае аз чарми гови гавазн аз пасин гардан то дум бурида ва ба сарпанҷаи шиддату ҷалодат 44 дар ҳам печида,

Қ и т ъ а
Дар ситабрӣ45 намунаи афъӣ,
Дар дарозӣ қаринаи суъбон46.
Буд тасвири мор санъати ў,
Лавҳи тасвири ў тани урён,—

бардошт ва пушти маро чун шиками табл бараҳна сохт ва чун табболи 47 рўзи ҷанг ба заработи мутаоқиб ва нақароти мутаволӣ бинавохт. На маро заҳраи фарёд, ки метарсидем, ки овози маро бидонад ва на тоқати сабр, меапдешидам, ки пўст бар ман бидаронад. Бар он шудам, ки бархезаму ба ханҷар ҳанҷари 48 ўро бибураму хуни ў бирезам. Боз гуфтам, ки фитна ба пой хоҳад шуд, ки нишондани он аз дасти ҳеҷ кас наёяд. Сабр кардам. Модару хоҳари вай огоҳ шуданду маро аз дасти ў кашиданд. Вайро берун бурданд. Соате барнаёмад, ки модари Ҷидо даромад бар гумони он, ки Ҷидоам. Ман ба гиря даромадаму нола бардоштам ва ҷома дар сар кашидаму пушт бар вай кардам.
Гуфт;
— Ай духтар, аз Худо битарс ва коре, ки хилофи табъи шавҳар аст, пеш магир, ки як мўй аз шавҳари ту хуштар аз ҳазор Аштар! Аштар худ кист, ки ту аз барои вай меҳнат кашию ин шарбат чашӣ?
Пас, бархосту гуфт:
— Хоҳаратро хоҳам фиристод, ки имшаб дамсозу ҳамрози ту бошад,— ва бирафт.
Баъд аз соате хоҳари Ҷидо омаду гиря баргирифт ва бар занандаи ман дуъои бад кард. Бо вай сухан нагуфтам. Дар паҳлуи ман бихуфт. Чун қарор гирифт, даст дароз кардаму даҳони вайро сахт гирифтам ва гуфтам:
— Хоҳари ту бо Аштар аст ва ман ба ҷойи вай ин ҳама меҳнат кашидам. Ин роз пўшида дор, вагарна ҳам шумо фазиҳат 49 мешаведу ҳам ман.
Аввал ваҳшати тамом бар вай роҳ ёфт ва охир он ваҳшат ба мувонасат50 бадал шуд ва то субҳ он қиссаро мегуфт ва механдид. Чун субҳ бидамид, Ҷидо даромад. Чун моро бо ҳам бидид, битарсиду гуфт:
— Ин кист дар паҳлуи ту?
Гуфтам:
— Хоҳари туст ва ин нек хоҳарест мар туро.
Пас гуфт:
— Вай ин ҷо чун афтод?
Гуфтам:
— Инро аз вай пурс, ки фурсат танг аст.
Ҷомаи худ бар гирифтаму ба Аштар пайвастам ва ҳар ду савор шудему дар роҳ даромадем. Дар аснон роҳ ин қиссаро бо вай гуфтам. Пушти маро бикушоду ҷароҳатҳои тозиёнаро бидид, узрхоҳии бисёр карду гуфт:
— Ҳукамо гуфтаанд: Ёр аз барои рўзи меҳнат бояд, вагарна дар рўзи роҳат ёр кам наёяд.

Қ и т ъ а
Дило, гар оядат рўзе ғаме пеш,
Чу ёре бошадат ғамхор, ғам нест.
Барои рўзи меҳнат ёр бояд,
Вагарна рўзи роҳат ёр кам нест.

Ҳ и к о я т

Вақте Рашид51 ба Кўфа расид, вазири вай ба наххосӣ52 даромад. Ғуломе бар вай арз карданд, ки чун оҳанги ғино52 кардӣ, мурғро аз ҳаво даровардӣ. Хабари ўро ба Рашид расониданд. Бифармуд, то ўро бихариданд.
Чун ба Кўфа азми реҳлат карданд, шуниданд, ки дар рўзи аввал мегиристу ҳудокунон54 мегуфт:

Қ и т ъ а
Он кӣ резад бе гунаҳ хунам ба теғи ҳаҷри ёр,
Беҳ, ки аз хуни чу ман шўридаҳоле бигзарад.
Ман, ки аз якрўза ҳиҷрон инчунин рафтам зи даст,
Войи ҷони ман, агар моҳею соле бигзарад!

Ин хабар ба Рашид расид. Вайро эҳзор 55 фармуд ва аз ҳоли вай истифсор56 намуд. Донист, ки дар Кўфа ба ишқи касе гирифтор аст. Тараҳҳум карду вайро озод сохт.
Вазир гуфт:
-— Ҳайф бошад, ки чунин хушовозеро озод кунанд.
Рашид гуфт:
— Дареғ бошад, ки чунин баландпарвозеро банда гиранд.

Р у б о ӣ
Ай он, ки туро давлати шоҳӣ ҳавас аст,
В-озодии бандагон туро дастрас аст,
Озод кун ўро, ки бувад бандаи ишқ,
К-он дилшударо бандагии ишқ бас аст.

Ҳ и к о я т

Хубрўеро, ки ҳазор доно аз савдои ў шайдо буд ва ҳар лаҳза бар сари кўяш аз омадшуди савдоиён ҳазор ғавғо, навбати хубӣ сар омаду накбати 57 зиштӣ аз дару бом даромад. Ошиқон бисоти инбисот58 бозчиданд ва пойи ихтилот58 даркашиданд.
Бо яке аз эшон гуфтам:
— Ин ҳамон ёр аст, ки пор буд? Ҳамон чашму абрў ба ҷост ва ҳамон лабу даҳон барқарор; қомат аз он баландтар асту тан аз он нирўмандтар. Ин чӣ вақоҳату60 бешармист ва бевафоию беозармӣ61, ки домани сўҳбат аз ў дарчидӣ ва пойи иродат аз ў даркашидӣ?
Гуфт:
— Ҳайҳот, чӣ мегўйӣ! Он чӣ дил мебурду ҳуш мерабуд, рўҳе буд дар қолаби таносуби аъзову нуумати62 бадан, латофати ҷилду мулоимати овоз дамида. Чун он рўҳ аз ин қолаб муфорақат63 кард, бо қолаби мурда чӣ ишқ бозам ва бар гули пажмурда чӣ нағма оғозам?!

Р у б о ӣ
Гул рафт зи бор, хору хасро чӣ кунам?
Шаҳ нест ба шаҳр — дар, асасро чӣ кунам?
Хубон қафасанду ҳусни хубӣ — тўтӣ,
Тўтӣ чу парид, ман қафасро чӣ кунам?!

Ҳ и к о я т

Дарвеше ба ишқи ҷафокеше гирифтор шуд. Ба сари роҳе медавид ва ашке мерехт ва оҳе мекашид ва аз вай ба чашми марҳамат ҳаргиз нигоҳе намедид.
Ба ў гуфтанд:
— Маъшуқи ту ҳамвора ҳамхонаи мастон аст ва ҳамхобаи майпарастон, бо дарвешон ёр нест ва бо мўътақидон ҷуз бар сари инкор не. Толиби ў ҳамчу ў мебояд ва мусоҳиби ў ҳамчу ў мешояд. Ҳеҷ аз он беҳтар нест, ки доман аз ў дарчинӣ ва пайи кори худ нишинӣ.
Дарвеш чун ин насиҳат бишунид, бихандиду гуфт:

Қ и т ъ а
Дарди ишқ аст маро баҳра зи ҷонон, нахўрам
Ғусса, гар з-ў дигаре ҳусни таҷаммул64 бинад.
Ў гулистони ҷамол аст, аҷаб нест, к-аз ў
Хоркаш хор барад, толиби гул гул чинад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …