Главная / Гуногун / Дар биёбони хушку реги равон

Дар биёбони хушку реги равон

Аъробиро дидам дар халқаи ҷавҳариён Басра. Ҳикоят ҳаме кард, ки вақте дар биёбоне роҳ гум карда будам ва аз озод чизе  бо ман намонда ва дил бар ҳалок ниҳода, ногоҳ қисае ёфтам пури  марворид. Ҳаргиз он завқу  шодӣ фаромўш накунам, ки пиндоштам, гандумбирён аст. Боз он  талхию навмедӣ, ки бидонистам, марворид аст:

Дар биёбони хушку  реги равон
Ташнаро  дар даҳон чи  дур (р) чи садаф.
Марди бетўша, к-ўфтод аз пой,
Бар камарбанди ў чи зар, чи хазаф.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …