Яке аз бузургон порсоеро гуфт: «Чӣ гўӣ дар ҳаққи фалон обид, ки дигарон дар вай ба таъна суханҳо гуфтанд».
Гуфт:
– Дар зоҳираш айб намебинам ва дар ботинаш ғайб намедонам.
Ҳар киро ҷома порсо бинӣ,
Порсо дону некмард ангор.
В-ар надонӣ, ки дард ниҳонаш чист,
Мухтасибро даруни хона чӣ кор?