Главная / Гуногун / ДАБИСТОН (Шеър)

ДАБИСТОН (Шеър)

Ба мисли тифлакони аҳли модар,
Ба мисли ахтарони як шабистон,
Ҳамеша дар барат будем дилшод,
Аё эй маскани дониш, дабистон!

Ба мисли меваи нимхом будем,
К-аз обу офтобат мо пазидем,
Миёни ҷумлаи илму ҳунарҳо
Ба роҳи мақсади худ то расидем.

Дабистон

Ту будӣ қуввати дил, зӯри бозу,
Бипарвардӣ, ту моро бо муҳаббат
Ту будӣ такягоҳи қисмати мо,
Дабистон будаӣ худ, ё муҳаббат?

Расид имрӯз ҳангоми ҷудоӣ,
Ҳама ҳар сӯ равона шоду ношод,
Бимонад дар дилу дар дида аммо
Ҳамеша меҳри мактаб, меҳри устод!

Шеър дар бораи Дабистон)

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …