Главная / Гуногун / ДЎКОНИ МУҲОБОТ

ДЎКОНИ МУҲОБОТ

Дар чунон тараққосзанон кушода шуд, ки гўё касе онро бо лагад барқасд кўфт. Мо як қад парида, сўи дар дида дўхтем. Аввал шиками калон, баъд худи соҳиби шикам – марди ханҷарбуруте намоён гашт. Вай ҷунбида-ҷунбида чанд қадам пеш омад. Мо аз вазъияти «озод бош!» ба вазъияти «тайёр бош!» гузаштем. Мард тез кабинетро бо нигоҳи норозиёна аз назар гузаронду бе ягон салому алек, дўғ заду, пурсид:

– Канӣ?

Мо аз ин сухани ў ҳайрон шуда, ба якдигар нигаристем.

– Чӣ хўса барин шах шуда мондед?! – чашм ало карда, боз дўғ зад ў. – Канӣ?!

Ман ҷуръат пайдо карда, пурсидам:

– Чӣ?

– Чӣ, чӣ?! Чӣ не, кӣ!

– Хайр, кӣ?

– Ҷияни ман! – бо ҳамон оҳанг гуфт мард.

– Кӣ ҷиянатон?

– Каҷакӣ!

– Каҷакӣ? – лаб ба табассум ёзондам ман. – Ҳа-а, ман тағои Каҷакӣ гўед.

– Корат чӣ?! – бонг зад ў. – Канӣ ў?!

– Он кас аз мо рафт.

Худоё, бубахш маро, ки дурўғ гуфтам. Ўро пеш карда буданд.

– Рафт?! – бо шитоб пурсид ў. – Ба деҳа?!

– Не, аз кор, тамоман рафт.

– Тамоман рафт?! – бо шитобтар пурсид ў. – Куҷо рафт?!

– Он кас ҳоло дар дўкон кор мекунад.

– Боз чӣ хел дўкон?!

– Дўкони шишақабулкунӣ.

– Чӣ-ӣ?! Чӣ хел шиша?!

– Шишаи холӣ.

– Ҳа…, – гуфт марди ханҷарбурут. – Фаҳмо.

Тағои Каҷакӣ дигар чизе напурсида, ақиб гашту шикамашро мисли думбаи гўсфанди ҳисорӣ лаппиш дода, баромада рафт.

Аз афташ, пурсиданиед сурати анҷоми воқеаро… Саросема нашавед. Ҳозир ҳамаашро батафсил нақл мекунам.

Ҳа, Каҷакӣ пеш бо мо ҳамкор буд. Ҳатто якҷоя ана дар ҳамин ҳуҷра менишастем. Ў марде буд назарногир. Қадпаст. Тарбузсар. Вале ба қавли худаш, чор кас медидагӣ. Худашро калон мегирифт, аз савлаташ оби хуми Намангон ях мебаст. Боз як одати бади дигар дошт. Шўхиҳои ноҷову хунуку булаҷаб мекард. Борҳо ба ў гуфтем, ки ин корат хуб нест. Аммо насиҳатҳои мо аз як гўшаш медаромаду аз гўши дигараш баромада мерафт. Боре котибаи сардор ба коргоҳамон омад. «Илҳом»-и Каҷакӣ ҷўш зад.

– Оҳ мадори ҷонам! – башаст хест ў. – Ту, то имрўз дар куҷо будӣ, сайёди дили ман?!

– Дар сари қаврат! – якбора алав гирифта, гуфт котиба.

– Бовар кунед, ба шумо нозу истиғно мезебад, – сурху сафед шуда, алави котибаро хост хомўш гардонад Каҷакӣ.

– Даҳонат на кўтал дораду на нишеб! Ба он нўхта задан даркор! – бо қаҳр гуфт котиба ва баромада рафт.

– Ёддошт бигир, – гуфтам ба Ғофилӣ. – Ягон рўз Каҷакӣ ба балои азиме мепечад.

Ким-кадом фариштае омин карда будааст. Пас аз ду рўз балои азиме ба сари ў омад. Ҳамон рўз ман аз танаффуси нимрўзӣ барвақттар омадам, зеро кори таъҷилие доштам. Каҷакӣ андак дертар омад. Вале аз Ғофилӣ дарак набуд.

– Уфф, бо ту танҳо монӣ, мекафӣ, – баланд гуфт Каҷакӣ. Баъд аз ҷой бархоста, шоҳмотро гирифт. – Биё, як пешонӣ молидаву пушти сар хорида гир!

– Халал нарасон, кори таъҷили дорам, – норозиёна гуфтам ба ў. – Тоқат кун, Ғофилӣ биёяд, бо ў мебозӣ.

– Э, стобой кашу не свариш, – даст афшонда, ранҷишомез гуфт ў. Ва лаб газида, лаҳзае хомўш истод. Баъд рафта ба ҷояш нишаст. Пас аз чанде Ғофилӣ бо табъи болида баргашт. Ва бо хушҳолӣ вориди кабинет гашт, ғайри одат ба ҷои «салом!» дасташро чун фрицҳо боло бардошта «привет!» гуфт. Каҷакӣ ба ҷои алек «иъ!» гуфта, аз ҷояш осемасар хест. Ва рафта дар рў ба рўи Ғофилӣ қарор гирифт. Ба рўяш дида дўхт. Ва гўё дар ҳамин ҳолат шах шуд.

– Ҳа, дар рўи ман моҳ дидӣ? – бо табассум пурсид Ғофилӣ.

– Моҳ не! – ҷиддӣ гуфт Каҷакӣ. – Доғ!

– Чӣ? Ҳа, моҳ бе доғ не, – гуфт ў ва қоҳ-қоҳ хандид.

Вале Каҷакӣ ваҷоҳату вазияташро тағйир надод.

– Ҳой, туро чӣ бало зад? – ҳайрон шуда, пурсид Ғофилӣ.

– Бало маро не, туро задааст-ку?! – хеле ҷиддӣ нидо намуд Каҷакӣ.

– Чӣ-ӣ?! Чӣ шудааст? Чӣ хел бало? – ҳеҷ чизро нафаҳмида, пурсид Ғофилӣ.

– Ба рўят нигар, ким-чӣ баромадааст, – асроромез гуфт Каҷакӣ.

– Чӣ?! Баромадааст?! Рост?! – гуфт Ғофилӣ ва аз ҷояш хеста, алиф барин рост шуд. Сипас ин сў – он сў нигариста, чашмаш ба оинаи барқад афтоду давон ба назди он рафт.

– Ту ҷудо воҳимачӣ-дия, – рўяшро дар оина дида гуфт Ғофилӣ. – Ҳа, баромадааст. Лекин ин ҳеҷ гап не, ин аллергия.

– Аллергия? – ҳайрон шуд Каҷакӣ. – Чӣ хел аллергия?

– Як шиша коняки «Наполеон» муфт ба даст омад. Пок-покиза задем. Нафорид аз афташ.

– Зўр буд?

– Ҳа, зўри зўр! Чунон зўр, ки ба мард меарзидагӣ. Як кас-ним кас дида, сўхта мурд.

– Сўхта мурд? Барои чӣ?

– О, бефаҳме! О, онҳо обе намеёбанд нўшанду ман «Наполеон» мезанам. Фаҳмидӣ?

– Медонӣ барои чӣ аллергия дамид ба рўят? – ба сўҳбат ҳамроҳ шуда, гуфтам ман.

– Барои чӣ? – сўи ман гашт Ғофилӣ.

– Барои он ки тоқа нушидӣ. Ҳа, агар хасисӣ накарда, бо мо менўшидӣ, аллергия намешудӣ.

– О, агар бо мо менушид, боз як дард зам мешуд-дия, – гуфт Каҷакӣ.

– Ҳа?! Чӣ хел дард? – пурсид Ғофилӣ.

– Дарди дил, – ҷавоб дод Каҷакӣ ва ба пешонаи Ғофилӣ туқ-туқ зада, гуфт: – Каду ту, каду!

– Чӣ?!

– Ҳа, ин аллергия не. Ин касали ганда, биё ба духтур барамат, ки боз мурда намонӣ. Тез ба дармонгоҳ рафтӣ – бурдӣ, дер кардӣ – мурдӣ!

– Э, не-е?! – ба дили Ғофилӣ алов афтод. – Муҳобот накун?

– Ҳа-а. Ҳа, ба «Наполеон» ягон чӣ андохтагӣ барин, – алови дили Ғофилиро пуф кард ў. – Э, дар ин замона чӣ бисёр, гўрсўхта, нотавонбин, сволич!

– Э, не-е? – табассум аз лабони Ғофилӣ парид. – Биё мон, шўхӣ накун?

– Ин шўхӣ не, – гуфт Каҷакӣ ва ба алови дили Ғофилӣ як сатил бензин рехт: – Ёд дорӣ, соли нав аз шампон чӣ қадар одам мурд? Зиёда аз бист кас мурд. Духтури шиносам гуфт, ки дар рўи ҳамаашон доғҳои сиёҳ буд. Аз хотират рафт, Бўрак аз арақ заҳролуд шуд. Пас аз нўшидани арақ дар рўяш холҳои сиёҳ дамид. Бечора се соат ҳам назист. Доғҳои рўи ту ҳам сиёҳ.

Ғофилӣ ҳамаи ин ҳодисаҳоро ёд дорад. Ин буд, ки якбора ҷиддӣ шуд. Боз ба назди оина рафт.

– Рост, – бо оҳанге гуфт Ғофилӣ, ки гўё аз таги калтаккўб халос шуда бошад. – Аллергия не, доғҳои сиёҳ.

Каҷакӣ аз шўхии беҷои худ, ки бо он қасди тарсонидани Ғофилиро дошт, хурсанд шуда, боз ба алови дили ў бензин рехт.

– Валлоҳ, аз сад ҷонат як ҷонат намераҳад.

Авзои Ғофилӣ беҷо шуд. Ранги рўяш канд.

– Мм-м…

– Ҳа, чӣ шуд?

– Са-рам… ча-ш-мам…

Каҷакӣ ҳиққосзанон хандиду қафо рафт.

– Э, э, ба ту чӣ шуд? – саросема худро ба назди Ғофилӣ гирифта, гуфтам ман. – Хун дар рўят намонд-а?

Ғофилӣ ҷавоб надод. Монанди халтаи арзан аз болои курсӣ овезон шуд.

– О-ҳо-ҳо! Тир ба нишон расид! – хурсандона нидо кард Каҷакӣ.

– Чӣ хел тир?

Каҷакӣ қоҳ-қоҳ хандид.

– Як шўхӣ кардем-да. О, ту ҳам аз хоби зимистона бедор шав, охир. Дар байни коғазтўдаҳо пўсида рафтӣ-ку! Заб боб кардам-а? Сағираҳоя ҷеғ занам, чорта ханданд, – сўи дар рафт Каҷакӣ.

– Буза ғами ҷону қассоба ғами чарбў. Гард. О, Ғофилӣ аз ҳуш рафт.

– Аз ҳуш рафт? Наход? – қафо гашт ў.

– Ҳа, тамоман беҳуш.

– Не-й-е! Боз муғамбирӣ накунад. Маъзур дор, эй шайхи покдоман, – гуфт ў ва ба назди Ғофилӣ омад. – Хайр шуд, бардор сарата, кушо чашмата, шўхӣ кардам.

– Одам нашудӣ, ки нашудӣ-да!

Бе дарди саре нишаста будем,

Аз ҳазли ту дарди сар харидем.

Тозон об оварда, ба рўи Ғофилӣ пошидам. Ягон рагаш наҷунбид. Бинам, аҳволаш тамоман бад.

– Ҳеъ, бар падари шўхиҳоят лаънат! О, ту нархар чӣ кор кардӣ-а?

– Чӣ кор кардам?!

– Куштӣ-ку ўро. Тез, духтур ҷеғ зан.

Ҳўш аз сари Каҷакӣ парид. Алахчааш карахт шуд. Ранг дар рўяш намонд.

– Духтур!.. Ёрии таъҷилӣ!..

«Ёрии таъҷилӣ» – таъҷилӣ! – пас аз як соат омад.

– Чӣ шуд ба ў? – пурсид духтур.

– Як шўхӣ кардам, тарсида аз ҳуш рафт, – бо овози ларзон гуфт Каҷакӣ.

Духтур ба муоинаи Ғофилӣ пардохт.

– Кош шўхӣ намекардам, – бо таассуф гуфт Каҷакӣ.

– Ҳа, аз ҳўш рафтааст, – бо таассуф гуфт духтур. – Абадӣ!

– Чӣ хел абадӣ?

– Абадӣ боз чӣ хел мешавад? Яъне, ки…

– Чӣ-ӣ?! Яъне, ки мурд?

– Ҳа, одати бад – балои ҷон! – ба рўи Каҷакӣ теғ кашида, нигарист духтур.

Ҷон аз дасту пои Каҷакӣ набаромад. Ҳангу мангаш наканд. Баракс ба духтур рўй оварду гуфт:

– Исто, пат-пат накун. Ҳоло Ғофилӣ мурд гўед!

– Набошад чӣ?!

– Гапат дурўғ! – дод зад Қаҷакӣ.

– Чӣ хел дурўғ? Чӣ, ман аз шумо сари тарс дорам ва ё моламон тақсим нокарда аст, ки дурўғ мегўям?

– Ку қасам хўр, ки мурд.

– Чӣ қасам хўрам? – ҳайрон шуд духтур.

– Дурўғгў – рўсиёҳ, гўй.

Духтур сахт ба ғазаб омад.

– Чӣ?! Ҳеъ, лаънат бар ту, муттаҳам! Мардака куштӣ, боз ман қасам хўрам, будааст?! Ҳеъ, одам нашуда, мурӣ ту, муттаҳам!..

Нафас дар гулўи духтур дармонд. Нафасашро раҳо намуда, бо қаҳр гуфт:

– Зеби мурдан ту доштаӣ!

Рўзи дигар Ғофилиро гўру чуб кардем. Ҳамон рўз ба назди мо муфаттиш омад. Ў як одами тирарў буд ва аз андомаш маълум буд, ки дар дилаш мегўяд: «Очаи зоратонро дар чашматон нишон медиҳам!» Зиёда аз се соат чуну чаро намуда, пурсиш кард, ҳамаашро навишта гирифт. Тамоми ин муддат симояш ҷиддӣ, абрўвонаш гиреҳ зада буд. Каҷакӣ дам ба дам оҳ мекашид.

– Хў-ўш, – гўён, муфаттиш коғазҳояшро ба дипломаташ андохта, онро пўшид ва ба Каҷакӣ рўй оварда гуфт:

– Бе иҷозати ман аз шаҳр набаро.

– Майлаш, – розӣ шуд Каҷакӣ. – А… вале… чаро?

– Чаро, чаро?! – ғазабид муфаттиш. – Чунки ту ҷинояткор!

Каҷакӣ аз ин гап занбари таппа – тайёр шуд. Сукунат ҳукмфармо гашт. Ва як вазъияти ногуворе ба миён омад.

– Наход ки Каҷакиро суд кунанд? – яхи хомўширо шикаста, пурсидам, дилам сўхт.

– Ками камаш се сол мегирад, – ҷавоб дод муфаттиш.

– Се сол? Не-е! – ба даҳшат афтодам ман. – Ҷабр намешавад-мӣ?

Каҷакӣ башаст аз ҷояш хест. Ба чашмони ў дандонҳои тези муфаттиш намоён шуданд. Каҷакӣ пасисархорон дар ҷояш нишаст.

– Ба занаш ҷабр нашуд?! – гуфт муфаттиш ва баромада рафт.

Рўзи дигар ҷабрдида – зани Ғофилӣ Мағалмо омад. Вале мағал накард.

– Зан дорӣ? – оҳиста пурсид ў аз Каҷакӣ.

– Не, ҳа… доштам, ҷудо шудем, – ғуррунгос зад Каҷакӣ.

Ҳа, ў зан дошт. Дар хонаи як зан иҷоранишин буд. Зан на пир буду на ҷавон. На нағз буду на бад. Миёна буд зан. Лекин хушрўй буд. Ҳусну таровати хосае дошт. Ба қавли худи Каҷакӣ: чор кас медидагӣ. Каҷакӣ пул наёфт, ки иҷорапулӣ диҳад. Як сол қарздор шуд. Ва маҷбур ўро ба зани гирифт. Доим якҷоя мегаштанд. Боз дасти ба даст. Боре як шиносаш ба Каҷакӣ мегўяд:

– Шарм намедорӣ?!

Каҷакӣ чизе нафаҳмида, ҳайрон мемонад.

– О, ба ҳар тори мўи каҷат сад духтар овезон мешавад. Вале ёфтагии туро бин-а?! Ин ғаркампирро ба сарат мезанӣ! Ҳа-а-а?!

«Ғаркампир» гуфтани шиносаш хуни ўро ба ҷўш меорад. Ва ў ба суд ариза медиҳад. Ба суоли судя «Чаро ҷудо мешавӣ?», «Характерамон рост наомад»-гўён, ҷавоб медиҳад. Ҳа, ў ҷудо шуд. Вале ягон духтар ба тори мўи каҷаш овезон нашуд. Ва ў то имрўз шарики ҳаётӣ наёфта буд.

– Бо шўи ман шўхӣ кардӣ-а?

– Ҳа.

– Шўхӣ соҳиби занат мекунад.

– Чӣ хел?

– Маро рафиқ мегирӣ.

– Чӣ хел рафиқ?

– Рафиқи ҳаётӣ.

– Чӣ хел ҳаётӣ?

– Яъне ба занӣ.

Каҷакӣ аз шунидани ин сухан якбора тўб барин аз ҷояш хест. Ва гўё қаламфури басо тез хўрда бошад, даргирифт. Қариб аррос занад, ки ту ҳуш дорӣ ё не. Аз ин ҳол деги ғазаби Мағалмо ҳам ба ҷўш омад.

– Шин! – амр кард ў ба Каҷакӣ.

Каҷакӣ оҳиста нишаст.

– Интихоб кун.

– Чиро?

– Роҳро.

– Кадом роҳро?

– Боз ту чанд роҳ дорӣ?! – ғазабид Мағалмо. – Ту ҳамагӣ ду роҳ дорӣ. Ё маро мегирӣ ё ба маҳбас меравӣ.

Каҷакӣ қилу қол гуфта натавонист. Вуҷудаш санги осиё барин вазнин буд. Базўр арақҳои пешониашро пок кард…

Ман ўро нихта кардаму гуфтам:

– Табрик, Каҷакӣ!

– А?.. Ҳа… Чӣ гуфтӣ?

– Табрик! Соҳиби паризод гаштӣ. Лабаш – гул, даҳанаш – гул, баданаш…

Ранги рўи Каҷакӣ пахта барин сап-сафед канд. Мехост ҳарфе гўяд. Аммо сухан дар гулўяш дармонд. Тарсидам. Боз ў ҳам мурда намонад. Не-е, беор мурдан надорад.

Ҳа, Каҷакӣ боз муфт соҳиби зан шуд. Вале аз кор маҳрум гашт.

Бо лабу лунҷи овезон, сархам меистод Каҷакӣ.

– Ана, акнун барои шўхӣ майдони васеъ фароҳам омад, – гуфт сардор ба ў ва ба фармон имзо гузошт.

– Бубахшед…, – оби дида резонд Каҷакӣ.

– Гум шав!

Каҷакӣ бо сари хам, чашми гирёну дили бирён коргоҳи сардорро тарк гуфт.

Ду моҳ пас бо Каҷакӣ рў ба рў задам. Хароб, пусту устухон. Чеҳрааш заб-зард. Сару либосаш кўҳна. Роҳравон худ ба худ гап мезад. Бо ҳайронӣ барои салом даст додам. Як қад парид. Мутаҳайирона ба рўям нигарист. Гўё маро намешинохта бошад. Базўр салом карду сухане нагуфта, шитобон рафт.

– Қариб ба гадоӣ задааст, ноасл, – чанд вақт пас бо нафрату адоват гуфт як ҳамкорамон.

Ана, акнун дар дўкони шишақабулкунӣ кор мекунад.

Шиша қабул мекунад.

Ҳа, шишаи холӣ!

24 январи соли 1999

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …